ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИФТИХОРИ ТОҶИКОНИ ОЛАМ
Ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯши мардум расиду марду зан як-як ба ҷойи ҷамъомад ҳозир мешуданд. Ҳама интизори он буданд, ки кай Роҳбари тозаинтихобашон ба минбар мебарояд. Аз шодии дидор, ба қавле, дар куртаашон намеғунҷиданд. Пас аз лаҳзае, қарсакҳои осмонкаф якбора оромии толорро рахна кард. Фазо зуд тағйир ёфт. Идона шуд. Зери кафкӯбиҳои пурмавҷ Роҳбари давлат ба минбар мебаромаданду шукӯҳу шаҳомат ва бузургияшон фазову фарози маконро фаро мегирифт. Аз дидани ҷавонмарди босалобат мардум шодмонӣ мекарданд. Ба он хотир, ки Сарвари маҳбубашон бо хости Худованд Ватанро аз вартаи ҷанги хонумонсӯз раҳонданд ва ба мардуми азиятдида сулҳу осоиши деринтизорро ато намуданд.
Баъди дуруду салом, доир ба марому нақшаву тадбирҳои худ, аз шараф, шаъни истиқлоли миллат, талоши халқ барои имрӯзи сазовору фардои мунаввар сухан гуфтанд. Бештар таваҷҷуҳи халқро ба ривоҷу равнақи ин сарзамини файзрез ва биҳиштосо – диёри азизамон Тоҷикистон, ҷалб мекарданд. Аз самими қалб, бо меҳру садоқат дурри маънӣ месуфтанд. Бо шунидани чунин суханҳо пеши чашми ҳозирин ояндаи неки халқу Ватан ҳамчун субҳи саодат медамид ва зиндагии лоиқу арзандаи ҳар ҳамватан, бо ҳазорон ранг, падидор мегашт.
Баъди суханронии Сарвари давлат, як нафар бо ишораи он ки, чизе гуфтан мехоҳад, оҳиста даст боло кард. Чун иҷозат гирифт, бо шеваи зебо чунон ҳарф зад, ки гапаш дар дили мардум нишаст: “Ман хонаю дар, қаср, халтаи симу зар ва моли дигаре надорам. Лек ман Ватан дорам. Бо Ватан чунон ҷисму ҷонам пайванд гаштааст, ки худро хушбахту соҳибдавлат меҳисобам. Обрӯву дороии ман ҳамин Ватан аст, ки соҳибихтиёр мебошад. Аз қисмати худ ифтихор мекунам, ки дар Тоҷикистон зода шудаму ба сар мебарам. Солҳост, ки орзуе дорам. Он ҳам бошад, аз наздик дидани Сарвари тоҷикони ҷаҳон ва фишурдани дасташон. Агар Ҷаноби Олӣ иҷоза диҳанд, баҳри салом наздашон равам...”.
Пас аз шунидани ин ҳарфҳо, Сарвари давлат ӯро ба наздашон хонаданд. Мард аз издиҳом баромада, сӯи минбар бо чигас гом барчид. Вақте Ҷаноби Олӣ диданд, ки он мард бо як пой, аммо бо азми матину ифтихор ва руҳи қавию устувор, сӯяшон меояд, гуфтанд: “Истед, дигар наёед, худам пешатон меравам”.
Инро гуфтанду бо қадамҳои калону устувор пешаш рафта, мардро бо меҳр ба оғӯш гирифтанд. Ин манзара пеши назар ҳамон гунае буд, ки падар фарзанди аз майдони ҷанг, аз набарди зидди душман бо зафар баргаштаи хешро сахт ба бараш мегирад.
Бо дидани ин лаҳза аҳли маҷлис ашки шодӣ мерехтанду ба ин кирдори ҷавонмардона аҳсант мехонданд. Ҳама ба Роҳбари давлат, ба ин меҳру садоқату хоксорӣ, сабру тамкин ва қадрдониву футувваташ, ки аз бузургон ёдгор мондааст, таҳсину офарин мегуфтанд.
Дар тамоми давру замон ками андар кам буданд ва ё ҳастанд шоҳоне, ки барои як тан раият аз минбари роҳбарӣ поин рафта, оғӯшашро барои он во карда бошанд. Агар ҳар куҷое ҳарфе аз адолат гуфта шавад, мо, ҳатман, аз Анӯшервони Одил ёд меоварем. Имрӯзҳо мо метавонем аз раҳму шафқат, лутфу эҳсон ва ҷавонмардии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисолҳои зиёде оварем, ки аз ҳиммату саховатмандии Анӯшервон кам нестанд.
Дар ин вохӯрӣ, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Пешвои миллат ба вуқуъ пайваст, Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ ҳам ширкат доштанд. Ишон дар китоби “Гулхори чида-чида”-ашон зикр мекунанд, ки баъди ин мулоқот аз сари ихлосу меҳри бекарон барои Сарвари маҳбуби давлат шеъре бахшидам, ки онро лоиқи манзури хонанда медонем:
Эй, ки дар чархи адолат ахтарӣ,
Меҳрбахшо бар тамоми кишварӣ.
Одаму одамгариҳоят хуш аст,
Мекунӣ аз сидқ моро раҳбарӣ,
Адлу дод асли ҷавонмардии туст,
Лоиқи тахтию тоҷу минбарӣ.
Ифтихори тоҷикони оламӣ,
Иқтидори мулк дар баҳру барӣ.
Рӯи ту тобанда аз нури Худост,
Аз ҳама ҳамтои худ афзалтарӣ.
Ҳомии Исломи Ҳақ дар анҷуман,
Молики ҳар гуфтаи пайғамбарӣ.
Обрӯи ту гувоҳи равшан аст,
Номдорони ҷаҳонро ту сарӣ.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)