ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РЕШАИ ҶАҲЛ ДАР КУҶОСТ?

РЕШАИ ҶАҲЛ ДАР КУҶОСТ?

29 март 2024, Ҷумъа
50
0
ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ. ИЛМ ВА МАОРИФ ВА ВАҲШОНИЯТУ ЗУЛМ ВА ЗУЛМ БО ҶАҲЛ ДАР ЯКҶО НАМЕҒУНҶАНД
Устод Садриддин Айнӣ дар оғози «Таърихи инқилоби Бухоро» нигоштааст: «Агар Ҳукумати Бухоро ва уламои Бухоро аз аввал ваҳшӣ, золим, динфурӯш, ҷоҳпараст ва ҷаҳл бошанд, пас сабаб чист, Бухоро аз замонҳо манбаи илму маориф ва маркази маданият шуда тавонист? Ҳол он ки маданият, илм ва маориф бо ваҳшат, зулм бо ҷаҳл ба якҷо намеғунҷанд».
Масъалаи илм ва маориф бо ваҳшат, зулм бо ҷаҳл мавзуи нав ҳам нест, аммо имрӯз дар «шаклҳои нав» дар ҷомеаи мо амал мекунад, ки сарчашмаи зуҳури он ба таври воқеӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст.
Масалан, инҷониб «Мактаби куҳна»-и устод Садриддин Айниро дар даврони мактабхонӣ  мутолаа намуда бошам ҳам, боз дар барномаи дарсии фанни адабиёт бо мазмуну мундариҷаи он шинос гардида будам. Мутаассифона, имрӯз  дар барномаи таълимии фанни адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ ба ин асари пурқимати устод ба таври зарурӣ аҳамият дода  намешавад.
Дигар ин ки, бо Соктаре – зодгоҳи устод, тавассути навиштаҳои худи ӯ шинос гардида будам. Яъне, манзури ман муҳити ҳамонвақтаи таълимоти динӣ аст. Бори дигар ба қудрату азамати устод Садриддин Айнӣ қоил гардидам. Яъне, ҳам мактаби куҳна, ҳам масҷиди Соктаре дар девор ба девори ҳавлии  падарии  устод  Садриддин Айнӣ ҷойгир шудааст. Аммо  устод Садриддин Айнӣ, бо вуҷуди таълими ибтидоии диниро дар мактаби куҳна гирифтан, баъдан дар мадрасаи бонуфузи Бухоро-Кӯкалтош таҳсил кардан аз пайи мударрисӣ ва ё таассуб ва ҷаҳолати динӣ нарафт, балки аз пайи маориф ва илм рафту он ҳамаро маҳкум кард.
Мебинем, аллома Аҳмади Дониш ҳам яке аз ходимони маъруфи динӣ дар замони тираву тори Бухоро буд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ муҳити динӣ ва ё исломии ҳамонвақтаи Бухороро  қабул накард ва илм ва маориф бо ваҳшат, зулм бо ҷаҳл ба якҷо  дар афкори ӯ нағунҷид.
Ниҳоят, сабаб чист, ки имрӯз зиёиён, аҳли маорифу илми кишвар бо таълими ғайрирасмии динӣ, ки сарчашмаи ваҳшат, зулм ва ҷаҳл аст бо таври дастаҷамъӣ мубориза намебаранд ва ё решаҳои таърихии онро бозгӯйӣ ҳам намекунанд? 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали истиқлоли миллӣ то ба имрӯз ба масъалаи таълимоти ғайрирасмии динӣ, оқибатҳои ногувори он ва хурофоти динӣ дар мулоқоту суханрониҳои хеш масъалагузорӣ менамоянд. Аз истиқлоли миллӣ се даҳсола сипарӣ гардидааст. Танҳо профессор С. Ятимов ба ин масъала аз нигоҳи илмӣ дар нигоштаҳои хеш ба таври ҷиддӣ мунтазам масъалагузорӣ намуда истодааст.
Бо ин ҳама иқдомҳо, ҳушдорҳо на танҳо маърифати динии ходимони дин, фаҳмиши динӣ дар ҷомеа боло меравад, балки пеши роҳи таълими ғайрирасмии динӣ дар байни наврасону ҷавонон ба таври зарурӣ гирифта нашуда истодааст.
Дар даврони истиқлоли миллӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам таъсис дода шуд. Инчунин,  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ба қайди давлатӣ гирифта шуданд ва  сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ташкил ва роҳандозӣ гардида истодааст, ки аз иқдомоти бузургу судманд дар ин самт амалигардида мебошанд, аммо боз чаро наврасону ҷавонон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ рӯй меоранд, бархе намояндагони бо номи ходими дин фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом намедиҳанд?
Сабаб чист, ки имрӯз ҷомеа, бахусус аҳли зиё, маориф ва илм, ба деви таассуб ва ҷаҳли динӣ панҷа зада ва ғолиб ҳам баромада наметавонанд?
Ба  ин  ҳама  саволҳо  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин посухи мушаххас гуфтанд.
Масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳои  дар ин самт ҷойдошта муайян намуданд.
Мебинем, устод Садриддин Айнӣ дар оғози асари  «Таърихи  инқилоби  Бухоро» бо  афсус  гуфт: «…миллатҳо ва мамлакатҳои дунё рӯз ба рӯз таназзул не, балки тараққӣ карда омаданд». Ҳамин таъкидро ҳам Пешвои миллат дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, махсусан ба олимон ва ходимони дин низ намуданд: «Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таълими ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст».
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат ҳаст, ки бори дигар ҳушдор доданд: «Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои маҳаллии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонону варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо пешбурди фаъолияти мафкурасозиро дуюмдараҷа мешуморанд ва ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ намедиҳанд». 
Ин ҳам воқеият аст, ки танҳо баъди ошкор гардидани таълими ғайриқонунии динӣ аз тарафи сохторҳои қудратӣ дар ягон маҳал, мо ба таври дастаҷамъӣ пайи ислоҳи он иқдом менамоем. Ҳол он ки пешгирӣ ва ё ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар ин самт, вазифаи аввалиндараҷаи аҳли маориф ва ҷомеа мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки таълими ғайриқонунии динӣ барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Оқибати ногувори онро мо дар солҳои 90-уми асри ХХ дидем ва таъсирашро то ҳол дида истодаем. 
Мебинем, ки ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар сарчашма мегиранд.
Ба масъалаи дигари муҳим, ки имрӯз мо онро то ҷое сарфи назар ё нодида гирифта истодаем, гаравидани ҷавонон дар хориҷи кишвар ба созмонҳои динии ифротгароӣ ва террористӣ мебошад. 
Инҷониб, ин зуҳуроти номатлубро «таълими фосилавии ғайриқонунии динӣ» номгузорӣ менамояд. Зеро ҳазорҳо ҷавонони гумроҳ тавассути шабакаи инстаграм ба таври фосилавӣ тавассути «даъват» маълумоти нодурусти динӣ гирифта, ҳамин маълумоти нокифоя ва нодурусти хешро тавассути алоқаҳои гуногуни мобилӣ ба муҳити хонаводаи худ таҳмил дода, ба ҳамин васила «шарту усул»-и худро дар либоси динӣ роҳандозӣ менамоянд.
Ин афроди ноогоҳ аз маърифати динӣ бовар ба он доранд, ки ахлоқи диниро дар муҳити хонаводаи худ пойбарҷо менамоянд. Масалан, рӯй овардан ба фарҳанги бегона, аз ҷумла либоспӯшии занон, пеш аз ҳама, тавассути мардони хонадон, ки дар хориҷи кишвар, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, на танҳо роҳандозӣ, балки тарғибу ташвиқ ҳам карда мешаванд. Зеро душманони миллати тоҷик аз сустиродагӣ, ноогоҳии ҷавонон аз моҳияти аслии дини мубини ислом суистифода намуда, ба таври хеле одӣ тавассути мавъизаҳои «бидъату ҳаром» ҷавононро мағзшӯйӣ намуда, онҳоро гумроҳ месозанд.
Дар ин маврид Пешвои миллат дар мулоқоташон махсус таъкид намуданд, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Таҳлилҳо  ҳам нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву таълимоти террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими  ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна дур мондаанд. Дар ин маврид  аҳли ҷомеа бояд мавқеи оштинопазирӣ дошта бошанд. Яъне,  ошкор кардани таълими  ғайриқонунии динӣ танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ нест, ин вазифаи дастаҷамъии ҷомеаро тақозо менамояд, аммо ин ҳам ба таври назариявӣ не, балки ба таври амалӣ.
Ҳақ ба ҷониби профессор С. Ятимов ҳаст, ки таъкид доштанд: «Мавқеи олим, шоир, нависанда дар тули таърих, умуман, ва дар давраи ҳассоси давлатсозии имрӯз, хусусан, аз муносибати ӯ ба манфиатҳои воқеан миллӣ – забон, фарҳанг, сарзамин, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, дар ин асос тамоюл ва иродаи дар замири наврасону ҷавонон бедор кардани эҳсос ва ифтихори ватандӯстӣ зоҳир мегардад. Бидуни такя ба илм ва далелҳои таърихӣ чунин кӯшиш аз таассубу хурофот чизе бештар нест. 
Боиси таассуф аст, ки баъзе аз намояндагони соҳаи илм, бошуурона (ё шояд баръакс) зери пӯшиши гносеологияи схоластикии  «фарогирии дониш бидуни ниёз ба исботу далел» дар осиёби ҷараёнҳои зиддимиллӣ, ҷаҳонбинии мавҳум, ифротгароӣ, ҳаракат ба сӯйи торикиву зулмот об мерезанд ва бо ин амал ба илму маорифи миллӣ «хизмат» карданӣ мешаванд».
Муҳим он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар роҳу равиши пешгирӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои ногувори онро ба истиқлоли миллӣ муайян намуд.
Мо бояд дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошем, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавем, таълими  ғайриқонунии диниро пешгирӣ ва ошкор намоем, истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоем.
 
Қурбоналӣ РАҲИМОВ, корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив