ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАТАНДОРӢ. ПЕШГИРӢ АЗ ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН ПЕШГИРӢ АЗ РУШДИ МИЛЛАТ АСТ!

ВАТАНДОРӢ. ПЕШГИРӢ АЗ ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН ПЕШГИРӢ АЗ РУШДИ МИЛЛАТ АСТ!

01 апрел 2024, Душанбе
47
0
  
Давлату Ҳукумати кишвар барои ба таҳсил фаро гирифтан ва касбу кори нав омӯхтани бонувон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Таъкиди доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бар он аст, ки занону духтарон, хусусан духтарони деҳот, ба таҳсилу касбу кор ҷалб шаванд ва имкониятҳои таъсиси Квотаи президентию фондҳои дастгирии соҳибкорзанон ва амсоли инҳо ба ин мақсаданд. 
 
Аммо дар баъзе мавридҳо занону духтарони мо чунин имкониятҳои фароҳамовардаро сарфи назар карда, аз онҳо кам истифода мебаранд. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ ёфт. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки аз худ кардани илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Махсусан, занону духтарон ба таҳсил ва касбу кори нав фаро гирифта шаванд, зеро ҳанӯз ҳам дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ теъдоди муайяни духтарон аз мактаб дур мондаанд. 
Воқеан, танҳо нафарони кӯтоҳандешу ноогоҳ дар замони муосир муҳимияти таҳсил ва донишандӯзии духтаронро рад мекунанд. Баъзан розӣ ҳам мешавам, ки аз писарон дида, таҳсил ва илму дониш гирифтан ба духтарон афзалтар аст, зеро занону духтарон дар рушди оила, тарбияи фарзандон, пешбурди тарзи ҳаёти онҳо ва насли оянда нақши бештар доранд. Пас, дар ин сурат чӣ гуна метавонем ба таҳсили духтарон монеа эҷод кунем ва нагузорем, то онҳо дониш гиранд?  Худи андешаи он ки зан барои хона аст ва бояд хонанишинӣ кунад, комилан нодуруст аст. Чунки маҳз зан ба фарзандони худ он чизе, ки дар ӯ нуҳуфтааст: дониш, ахлоқ, тарбия ва маърифат меомӯзонад. Зан-модар медонад, ки фарзанди ӯ ба чи ниёз дорад, чи маҳорату истеъдод дорад ва кадом паҳлуи маҳорату дониши ӯро сайқал бояд дод. Барои инро фаҳмидан занону духтарон бояд худашон саводу дониш дошта бошанд, бо тараққиёти замон ҳамвора пеш раванд, то аз уҳдаи тарбияи дурусти фарзанд бароянд, онҳоро ба ҳаёти мустақилона тайёр намоянд. Албатта, аксари ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ки тули солҳои охир зиёд ба мушоҳида мерасад, аз сабаби омода набудани духтарону писарон ба зиндагии мустақилона мебошад. Барои мустақил гардидани оилаҳои ҷавон, хусусан духтарон, боз ҳам таҳсил ва савияи дониш лозим аст, то онҳо тавонанд дар роҳи интихобнамудаашон муваффақ гарданд. Мутаассифона, дар бисёр маврид хонаводаи духтардор бо умеди муваффақ ба шавҳар додани духтар ва оянда пурра аз ҷониби ҳамсар таъмин гардидан, ӯро аз мактаб бозмедоранд. Ҳанӯз ҳам суханони «Ба духтар таҳсил кардан чӣ зарур аст?” дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида мешаванд. Баъди оиладор гардидани духтарон низ аксаран таҳсил ва донишандӯзии онҳо сарфи назар карда мешавад. Дар ҳоле ки асоси пешрафти оила ва ҷомеа аз донишу маърифат ва боварӣ ба якдигар сарчашма мегирад. Аксар одамон таҳсилро беҳуда сарф кардани вақт медонанд. Чунин нафарон дар паси тарбия чизи асосӣ – саодату хушбахтӣ, ки аз дониш бармеояд, намебинанд, ва он ҳикматеро, ки барои ба роҳи рост рафтани шахс мусоидат мекунад, пай намебаранд. «Барои оқилона зиндагӣ кардан бисёр чизро бояд донист», – гуфтааст шоири форсизабон Умари Хайём. 
Хуллас, зан маҷмуи вазифаҳо нест, чуноне ки дар ҷомеаҳои анъанавӣ ӯро чунин дарк мекунанд. Зан, пеш аз ҳама, шахсият аст. Шахсе, ки арзишаш на танҳо бо маҳорату қобилият ва самаранокии ӯ маҳдуд мебошад, балки шахсе, ки аҳамият ва арзишаш барои ҷомеа бечунучаро аст. Ва танҳо бо эҳтироми амиқ нисбат ба ӯ мо метавонем он чизеро, ки ӯ мекунад ва саҳм мегузорад, пурра қадр намоем. Пас, таҳсил барои занону духтарон ин имкони рушди шахсият, рушди маънавӣ ва ғанисозии ахлоқ мебошад. Дар робита ба ин, Расули Худо (с) фармудааст: «Талаби илм фарзи ҳар мусалмон ва ҳар зани мусалмон аст!». Касе, ки ин неъматро рад мекунад ё ба дигарон ҳақ намедиҳад, на танҳо худро аз риояи бахше аз суннат маҳрум месозад, балки барои гумроҳии худ низ кумак мерасонад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив