ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАХДУМҚУЛӢ. ПАРЧАМБАРДОРИ НАЗМИ ТУРКМАН

МАХДУМҚУЛӢ. ПАРЧАМБАРДОРИ НАЗМИ ТУРКМАН

01 апрел 2024, Душанбе
36
0
Асосгузори адабиёти классики  туркман, шоири  ширинкалом  Махдумқулӣ, ки бо тахаллуси Фироқӣ машҳур аст, соли 1724 дар деҳаи Ҳоҷиговшанӣ ба дунё омадааст.  Қиблагоҳаш Давлатмамад низ аз аҳли адаб буд ва бо тахаллуси Озодӣ шеър мегуфт. Аз ҷумла, достони ӯ «Вазъи Озод», ки қариб се ҳазор байтро дар бар  гирифта, миёни мардум шуҳрат дошт, то замони мо омада расидааст. Воқеан, Махдумқулӣ падарашро дар эҷоди шеър устоди нахустини худ медонист.
 
Махдумқулӣ мисли падараш таълими ибтидоиро дар деҳа гирифта, баъдан,  дар мадрасаи Шерғозихони  шаҳри  Хива, ки аз марказҳои илму фарҳанги Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт, се сол илмҳои муҳими замонашро аз худ карда, Қуръони каримро хатм  намуда, забонҳои форсиву арабиро аз бар менамояд.
Мувофиқи навиштаҳои таърихнигорон, Махдумқулӣ, бо сабаби фавтидани падару модар ва ду бародараш, зиндагии фақиронаву пурмашаққат дошт. Дар баробари ин, шоир бояд ба духтари холааш Менглӣ хонадор мешуд, вале бо сабаби нодорияш, ӯро ба каси дигар ба шавҳар медиҳанд. Ин барояш охирин зарбаи сангине буд ва тавре шарқшиноси  машҳур Евгений Бертелс менигорад, ҳамин фироқу ҷудоӣ сабаби ба шоирӣ рӯ овардани Махдумқулӣ  ва гирифтани  тахаллуси Фироқӣ мешавад. Дар ҳақиқат,  вақте мо асарҳои ӯро аз назар мегузаронем, дар чанд ҷо ба номи Менглӣ дучор мешавем. Шоир, ки оилаи хушбахт сохта натавонист, тамоми умрашро ба эҷодиёт мебахшад. 
Чуноне зикр мегардад, Махдумқулӣ дар овони ҷавонӣ ба саёҳат баромада, аз соҳили баҳри Хазар (касбӣ) то Амударёро тай кардааст. Дар Бухоро таълим гирифта, баъд ба Афғонистону Ҳиндустон сафар мекунад. Вақти бозгашт,  ба Фарғонаву шаҳри Туркистони Қазоқистон меравад.  Баъд, боз ба ватани худ – водии  дарёи Атрик бармегардад. Пас аз чанде ба саёҳати  Эрон, қисми шарқии Туркия ва Озарбойҷон мебарояд. Дар чанд шеърҳояш орзуи ба ҳаҷҷи муборак рафтанашро изҳор кардааст. Бояд гуфт, ки Махдумқулӣ бо шайхони тариқати кубравия ва пирони силсилаи нақшбандия муносибати наздик дошт. Падараш Давлатмамад низ ба аҳли тасаввуф ва шеърҳои сӯфиёна мароқи беандоза зоҳир менамуд. 
Ба гуфтаи адабиётшиносон, дар эҷоди шеър, аслан, Махдумқулӣ аз Қуръони карим ва тафсирҳои он, ҳадисҳои мубораки Паёмбари ислом (с) адабиёти тасаввуф ва эҷодиёти шифоҳии халқ  баҳра мебарад. Мавзуи Ватан ва халқ меҳвари  назми Махдумқулиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар як қатор шеърҳояш ӯ қабилаҳои парокандаи туркманро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ даъват намудааст.  
Шеърҳои Махдумқулӣ мазмуни баланд дошта, содаву равон таълиф шудаанд.  Дар онҳо мавзуъҳои имону эътиқод, дӯст доштани Ватану миллат, панду насиҳат, ишқу муҳаббат, некиву бадӣ, шафқату зулм ва ҷангу сулҳ ҷойгоҳи махсус доранд. Чун шоири чирадаст мақолу ҳикматҳои мардумро хуб медонист, дар шеърҳояш  онҳоро бо маҳорат истифода мебурд.  Бешубҳа, Махдумқулӣ  бо мавзуъҳои рангоранги худ ва эҷоди шеър дар жанрҳои гуногун адабиёти бисёрасраи туркманро ба зинаи нав бардоштааст. 
Бо ифтихор бояд гуфт, ки имрӯзҳо шеърҳои шоири шаҳирро дар Сурия, Ироқу Туркия, Эрону Афғонистон ва Арабистони Саудӣ қироат мекунанд. Ҳамзамон, сурудаҳои ӯ бо овози  сарояндагони   машҳури  туркману ӯзбек Комилҷон Отаниёзов, Фахриддин Умаров, Ортиқ Отаҷонов, Бобомурод Ҳамдамов, Отаҷон Худойшукуров, Илёс Маллаев  ва амсоли инҳо садо медиҳанд.
Боиси тазаккур аст, ки яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе, инчунин, мактабу хиёбонҳои шаҳру деҳаҳои кишварамон   ба номи Махдумқулӣ гузошта шудаанд. 
 
Сулаймон ЭРМАТОВ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив