АЗ ОСТОНИ «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ»…
– Ман, ҳарчанд фаъолияти эҷодии худро дар Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз бахшида бошам ҳам, дар фазои эҷодгарӣ худро шогирди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», имрӯза «Ҷумҳурият», меҳисобам, аз ҳамин идора болу пари эҷодиам неру гирифт, омодаи парвоз ба дуриҳо шудам, – гуфт устод Раҷабалӣ Аҳмад, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, муаллифи асарҳои «Саманди зебо», «Қиссаи аланга», «Бӯи шир», «Манзили меҳри шумо», «Қиссаҳои дили пуртуғён», «Қаламкаш» (дар ду ҷилд), «Роғун – кафолати зиндагии шоиста», «Дурдонаҳои диёри нурафшон».
Воқеан, роҳи эҷодии устод Раҷабалӣ Аҳмад чун кафи даст ҳамвор набуд. Дар нашриёти «Ирфон» кор мекард, муддате омӯзгори мактаб ҳам буд, вале мехост худро дар идораи ягон рӯзнома бисанҷад. Ба худ исбот намояд, ки эҷодкор аст, мақсаду маромаш бо қалам хизмат кардан ба халқу Меҳан аст. Ба қабулгоҳи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҷавоне омад, ки Ашӯр Ҳалим сармуҳаррир буд. Баъди суҳбати кӯтоҳе Ашӯр Ҳалим, марди хоксору ҷавонмард, одамшинос, меҳрубону сарпарасти беғарази эҷодкорони навқалам, аз дасти Раҷабалӣ гирифта, ӯро ба ҳуҷрае бурд.
– Юлдош Зиёевич, ин кас Раҷабалӣ Аҳмад, аз Обигарм, аз ҳамин рӯз ходими адабии шуъбаи Шумо. Бароятон муваффақият мехоҳам.
Баъди рафтани роҳбари идора, мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ Юлдош Зиёев ба Раҷабалӣ он қадар рӯи хуш надод. Дар бари хабарнигор Равшан Ёрмуҳаммад курсие меистод. Зиёев гуфт:
– Ҷойи кориат ҳамин курсӣ, дар бари ягон миз бишину мана ин мактубҳоро хонда, таҳрир карда, ба ман супор.
Раҷабалӣ Аҳмад аз муносибати мудир наранҷид. Медонист, ки навомада зуд ба ҳама хуш намеояд. Худро бо кор нишон бояд дод, то писанди ҳамкорон гардӣ. Вай мактубҳоро ба мулоҳиза хонд, ба гурӯҳҳо ҷудо намуд, маъқулашонро таҳрир намуда, барои чоп ба ҳуҷраи мошиннависҳо бурд. Рӯзи дигар Зиёев супориш дод, ки аз сохтмони меҳмонхонаи «Душанбе» маводе омода созад, устод санҷидан мехост, ки Раҷабалӣ аз уҳдаи кор мебарояд ё на. Ба вай маъқул набуд, ки сармуҳаррир бе маслиҳати пешакӣ ё розигии ӯро нагирифта, шогирдеро ба шуъбааш вобаста намудааст. Мехост бо ин роҳ шогирди ноуҳдабаро будани Раҷабалиро исбот намуда, сармуҳаррирро мулзам созад. Вале навшогирд тавонист бо эҷоди мақолаҳо шахси дар матбуот тасодуфӣ набуданашро собит созад. Вай аз мактаби Ғоиб Сафарзода, ки навиштаҳояшро аз назар мегузаронду сахт таҳрир мекард, сабақ гирифт. Ҳамчунин, Мамадвафо Мамадризоев, Равшан Ёрмуҳаммад дар паҳлуяш буданд, мадад мерасонданд. Як моҳ пас муносибати Зиёев батамом тағйир ёфт, меҳрубон шуд, матлабҳои Раҷабалӣ Аҳмадро бо завқ мехонду таъриф мекард.
Баъди соле мудири шуъбаи маданият Турсун Маҳмадаминов барои пурқувват кардани ҳайати эҷодӣ хоҳиш намуд, ки Раҷабалӣ Аҳмадро ҳамчун мутахассиси пешбар ба шуъбааш гузаронанд. Вай акнун дар бораи клубҳо, китобхонаҳо, қасрҳои маданияти шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, аз ҳаёти ҷамоатҳо менавишт. На танҳо мақолаву гузоришу лавҳа, балки очеркҳояш низ ба нашр мерасиданд. Сипас, дар шуъбаҳои ҳаёти ҳизбӣ, тарғиботу ташвиқот, маорифи «Тоҷикистони советӣ» заҳмат кашид. Вақте ки собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Юлдош Зиёев мудири шуъбаи иттилоот таъин гашт, гуфт ки дар бараш Раҷабалӣ Аҳмад бошад, розӣ мешавад, зеро бо ӯ метавонад фаъолияти шуъбаро осон ба роҳ монад. Ана ҳамин тавр, бо дониши хуб, ҷаҳонбинии васеъ, одамгарӣ, оромӣ, хоксорӣ, заҳматписандӣ, манманиву ҳавобаландиву пештозӣ накарданҳо, ҳар корро дар вақташ ба иҷро расондан барин хислатҳои ҳамида дар байни ҳамкорон соҳиби эҳтиром гардид.
Вақте ки дар ноҳияи Файзобод нашрияи маҳаллӣ бо номи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳоло «Набзи Файзобод») таъсис ёфт, Раҷабалӣ Аҳмадро сармуҳаррир таъин карданд. Вай пеш аз ба Файзобод рафтан ба устодонаш, ба ҳамкорони «Тоҷикистони советӣ»-аш аз сидқи дил миннатдорӣ баён намуда гуфт:
– Ман худро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ёфтам. Аз таҷрибаи роҳбариву нависандагии Ашӯр Ҳалимов, Мутеулло Наҷмиддинов, Карим Мамадов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сабақ гирифтам. Мақолаҳо, очеркҳо, ҳикояву қиссаҳоям дар ҳамин маъвои дили садҳо эҷодгарони имрӯз шинохта рӯи коғаз омаданд. Дар ҳамин ҷо одамият омӯхтам, дӯстиро дидам, садоқат ба касбро дарёфтам. Дар ин ҷо аз гили хом кӯзаи ҷилодор месозанд, яъне аз шогирд мутахассис тарбия менамоянд. Ман аз ҳисоби рӯзнома соҳиби хона шудам, ки умре ба ёд хоҳам дошт.
Солҳое, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид, Раҷабалӣ Аҳмад риштаи эҷодиёташро бо он сахт пайваст, муттасил аз рафти он гузоришҳо омода мекард, ҷавононро ба кор ва касбомӯзӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Боре ба деҳаи Роғон ҳам рафт. Олимони рус, ки солҳои пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ин ҷо омада буданд, Роғонро «Рагун» талаффуз намудаву дар харита сабт карданд. Ҷойи сохтмони неругоҳи ояндаро деҳаи Роғон интихоб намуданд. Ҳамин тавр, номи неругоҳ бо талаффузи русӣ Роғун шуд. Деҳа дар соҳили рости дарёи Вахш ҷойгир аст, агар аз тарафи Файзобод ба Нуробод биравӣ. «Ба воситаи пули ларзон аз болои дарё гузаштем. Мардуми деҳа хушҳоланд, ки номи деҳаашон ҷаҳонӣ шудааст, ба шарофати Неругоҳи азими барқи обии «Роғун», – мегӯяд устод Раҷабалӣ Аҳмад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60