ДАВЛАТДОРӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҒАМХОРӢ БА КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД МАҚОМИ ШОИСТА ДОРАД!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид менамоянд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб меёбад ва ин амалҳоро зимни сафарҳои корӣ ба минтақаҳои кишвар чун анъанаи неки ниёкон анҷом медиҳанд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат ду маротиба ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ (17-уми марти соли 1994 ва 1-уми ноябри соли 2012) ташриф оварда, назди масъулон вазифа гузоштанд, ки сатҳи таълиму тарбияи хонандагонро баланд бардошта, китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва дигар ашёи заруриро таҳия намоянд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории ин қишри ҷомеа корҳои зиёде амалӣ карданд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф маблағгузории зиёд аз сарчашмаҳои гуногун равона гардида, дар ҳама зинаҳои таҳсилот пешрафти илмӣ, техникӣ, технологӣ ва аз ҳама муҳим ташаккули мафкураи нави сиёсӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, меҳаншиносӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидаанд, - иброз намуд директори муассиса Шафқат Одиназода.
Дар Мактаб-интернати мо шумораи хонандагон ба 198 кас мерасад, ки аз ин 100 нафарро писарон ва 98 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳама шароитҳо баҳри таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дарсҳои амалиро мутахассисони соҳибтаҷриба бо имову ишора мегузаранд. Дар баробари ин, омӯзиши забони англисӣ бо ишора ба роҳ монда шудааст.
Дар Мактаб-интернат маҳфилҳои зиёде амал мекунанд - расмкашӣ, шашкаю шоҳмот, забони англисӣ бо имову ишора ва ғайра. Дар озмуни “Расми беҳтарин”, ки аз тарафи раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе эълон гардида буд, кӯдакони ношунаво сазовори ҷои дуюм ва бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар озмуне, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ҳар ҷашну маросим бо туҳфаҳо хушҳол карда мешаванд, ки руҳияи онҳоро баланд мебардорад.
Воқеан ҳам, ғамхории Сарвари давлат нисбат ба ҳама қишри ҷомеа сарҳад надорад. Пешвои миллат ҳамеша бо хислати нодири раиятпарварии хеш дар фикри беҳбуди шароити зиндагии эҳтиёҷмандон, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳ ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа ва соҳибкорон борҳо талаб менамоянд. Аз ҷумла, дар арафаи иду ҷашнҳо барои таълимгирандагони Мактаб-интернат хони идона ороста шуда, ба онҳо сарулибос ва лавозимоти хониш тақдим мегардад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61