ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРЗАНДИ ФАРЗОНА.  НОГУФТАҲОЕ ДАР БОРАИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ФАРЗАНДИ ФАРЗОНА.  НОГУФТАҲОЕ ДАР БОРАИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

04 апрел 2024, Панҷшанбе
26
0

 
Халқ ба хотири ҳамон фарзандони наҷибаш арҷ мегузорад, ки дар роҳи пешрафти давлат, шукуфоии Ватан ва сарбаландии миллати  худ содиқонаву фидокорона заҳмат кашидаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятию сиёсии Бобоҷон Ғафуров ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон, ташаккули инсони даврони нав, инкишофи илму фарҳанги тоҷик, таърихи ховаршиносии шуравӣ ва ҷаҳонӣ аст. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки ӯ тамоми фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятияшро ба манфиати Тоҷикистон ва халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мардуми тараққипарвари олам бахшидааст.  

ҲИДОЯТГАРИ ФАРДОИ НЕК
Фаъолияти гуногунсоҳа ва доманадори  Бобоҷон Ғафуров, ҳамчун сарвари сиёсӣ, муаррих, созмондеҳи моҳири илм, ба замони таҳаввулот ва дигаргунсозиҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ рост омада, устод дар радифи бузургтарин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик мақоми шоиста доранд. 
Маҳз барои чунин хизматҳои арзанда, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми сентябри соли 1997 ба тасвиб расид, ки дар он омадааст: «Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад».
Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мардум дар руҳияи ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (24.12.2008) аз фаъолияти дурандешонаю оқилона ва таҳқиқоти илмию адабӣ, таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоии аллома ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро бо шинохти решаҳои амиқи  худ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ба нангу номус, зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ ва, дар маҷмуъ, ба иродаи мустаҳкаму иттиҳоди қавӣ ҳидоят намуданд: «Олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва, умуман, аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд ва дар навбати худ кӯшиш намоянд, ки мисли Бобоҷон Ғафуров сарзамини аҷдодии худро дӯст доранд, барои таҳқиқи таъриху фарҳанги он талош карда, асарҳое офаранд, ки ба монанди «Тоҷикон» на фақат китоби азизу хонданӣ ва рӯимизии ҳар як фарди бонангу номуси халқи тоҷик бошанд, балки дар байни хонандагони мамолики дигар низ маҳбубият пайдо намоянд».
Солҳои 90-уми асри гузашта, замоне ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) адои фаъолият доштам, дар заминаи сиёсати фарҳангофаринӣ ва ҳидоятҳои созандаи Сарвари хирадпешаи кишвари азиз ба омӯзиш ва тарғиби зиндагиномаи алломаи бузург шуруъ намудам. Ёдам меояд, соли 1995 баъди баргузории бомуваффақияти иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия раиси вақт Раҳбар Қосимов каминаро ба ҳузурашон даъват намуда, баъди баррасии масъалаҳои корӣ, таъкид доштанд:
– Ҷашни 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров торафт наздик меояд. Ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни ин абармард бояд дар зодгоҳаш осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуровро созмон диҳем. Аввалан, бояд сохтмони бинои нотамом анҷом ёбад. Барои ин сохтмончиён вазифадор гардидаанд. Сониян, масъалаи гирд овардани экспонатҳо, ҷобаҷогузорию ороиши он пеш меояд. Ба ин кор аз ҳоло бояд омодагӣ гирифт. 
Бо мусоидати роҳбарияти вақти вилоят мо як гурӯҳ муаррихону коршиносон ҷиҳати гирд овардану ба зодгоҳаш интиқол додани экспонатҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмию ҷамъиятии аллома Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Москва ба сафари хизматӣ рафтем. Аз лаҳзаҳои нахусти сафар муҳаббати бепоён ва самимияти афзуни аҳли оилаи алломаи  бузург, шогирдон, дӯстон, ҳамкорони  собиқашро ба ин шахсияти воломақом эҳсос намудем. Иқдоми шоиста – таъсиси қадамгоҳи академик Бобоҷон Ғафуров дар зодгоҳаш онҳоро басо шоду мамнун гардонд. Духтари аллома, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия Ненел Ғафурова,  баъди бозгашт аз сафари Ҳиндустон, бо саъю талоши зиёд дар масъалаи гирд овардани экспонатҳо барои осорхонаи қиблагоҳаш кумак намуд. Сарулибос, асарҳо, китобҳои  ба олим ҳадяшуда, ҷиҳози рӯимизии аллома бо самимият аз ҷониби ӯ эҳдо гардид. Ходимони Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ таҳти  сарварии шогирди Бобоҷон Ғафуров, профессор Ростислав Борисович Рибаков низ ҷиҳати дастрас гардидани ҷиҳози зарурӣ ҳамдастии худро дареғ надоштанд. Раёсати Пажӯҳишгоҳ дар ин масъала ба мо муовини директор А. З. Егоринро вобаста намуда, бо ин васила, бисёр муаммоҳои мавҷударо ҳаллу фасл намуд. Сарфи назар аз баъзе душвориҳое, ки дар ҷараёни сафар моро пеш омад, раҳоварди сафари бобарори мо – экспонатҳои фаровон,  асоси таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дар маркази ноҳия гардиданд.    

Дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи осорхонаи навбунёд, ки 30-юми апрели соли 1997 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.  Ҷаноби Олӣ баъди ифтитоҳи расмии осорхона ва боздид аз толорҳои он, ба корҳои дар муҳлати кӯтоҳ анҷомдодашуда баҳои баланд дода, бо назардошти шуҳрати ҷаҳонии  академик Бобоҷон Ғафуров барои бозсозии осорхона ҳидоят доданд. Аз ҷумла,  масъулон аз ҷониби Пешвои миллат барои таҷлили ҷашни 90-солагии аллома (соли 1998) ба осорхонаи сатҳи байналмилалӣ табдил додани қадамгоҳи  Бобоҷон Ғафуров дастур гирифтанд.  Баробари анҷоми дигар корҳои зарурӣ дар бинои осорхона барои боз ҳам ғанитар намудани экспонатҳои  он бояд гурӯҳи олимон таъҷилан ба хориҷи кишвар  ба сафари хизматӣ фиристода мешуданд.
Ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат ин навбат ҳамроҳи яке аз шогирдони вафодори аллома, доктори илмҳои  таърих, профессор, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров Ҳабибулло Холҷӯраев (ёдаш ба хайр) ҷониби шаҳри Маскав роҳ пеш гирифтем.
Имрӯз дар махзани осорхона ва дар лабораторияи илмии он садҳо асар оид ба ҳаёт ва рӯзгори илмию ҷамъиятии Бобоҷон Ғафуров мавҷуданд, ки осорхонаро зеб мебахшанд. Аксари ин маводҳо аз асарҳои бо соядасти муътабартарин фардҳои олам ба Бобоҷон Ғафуров эҳдошуда иборат аст. Ин экспонатҳо ва ҷиҳози осорхона маҳсули ҳамин сафари мост, ки моҳи ноябри соли 1999 хеле пурсамар ҷараён  гирифт. 
Таассуроти хешро аз ин сафар ҷамъбаст намуда, як чизро дар алоҳидагӣ таъкид карданиям:  ба ҳар каси алоқаманд ба шахсияти аллома муроҷиат кунем, бо як ҷаҳон меҳру самимият, ифтихору саодат посухамон мегуфтанду муҳаббати худро ба фарзонамард ифода мекарданд. Дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ низ хотираи неки Бобоҷон Ғафуровро бо самимияти афзун пос медоранд ва бо фахр иброз медоранд, ки давраи сарварии Бобоҷон Ғафуров ба ин муассисаи шуҳратёри илмӣ давраи тиллоӣ ва боло рафтани обрӯю нуфузаш буд. Пажӯҳишгоҳ, ба қавле, рисолати Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС-ро дар кишварҳои Шарқ ба зимма дошт.
Дигар чизе, ки солҳои зиёд аз ёдам нарафтааст, иззату эҳтиром ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳ ҷиҳати гиромидошти Бобоҷон Ғафуров аст. Ин меҳру муҳаббат ва самимияти хоса дар он ифода меёфт, ки акси Бобоҷон Ғафуров дар лавҳаи хотиравии Пажӯҳишгоҳ нисбати акси дигар сарваронаш калонтару бошукӯҳтар насб гардида буд ва ҳама бо як овоз нисбаташ ҳамчун олим, ташкилотчии илм ва инсони некхоҳу некмаҳзар танҳо суханҳои воло мегуфтанд.
Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар (20.03.2013) ба нақши осорхона ба ҳайси ҳалқаи васли наслҳо, асрҳо, халқҳо ва давлатҳо баҳои баланд дода, таъкид карданд: «Осорхона оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад». 
Хеле саодатмандам, ки ҳамчун яке аз муҳаққиқони осори гаронмояи алломаи бузург дар ташкилу ҷиҳозондани қадамгоҳи фарзанди фарзонаи миллат саҳм гирифтаам ва он ба макони дӯстдоштаи мардуми фарҳангпарвари мо табдил ёфтааст. 
Боиси ифтихору саодат аст,  ки бо дастури Пешвои муаззами миллат бо роҳбарии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бинои осорхонаи ӯ дар шаҳраки Ғафуров ба истиқболи ҷашни 115-солагии аллома мавриди навсозӣ қарор гирифта, дар арафаи ба истифода додан аст. Туфайли ин иқдом осорхона ҳусну таровати тоза касб намуда, ҳамдиёрони олими оламшумул ва меҳмонон бо кору пайкори наҷиби фарзонамард беҳтару бештар ошно мегарданд.  

Осим КАРИМЗОДА, 
доктори илмҳои таърих

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив