ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ...  Ё ЧАРО БЕНИЗОМӢ ДАР НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР БАРТАРАФ НАМЕШАВАД?

АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ...  Ё ЧАРО БЕНИЗОМӢ ДАР НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР БАРТАРАФ НАМЕШАВАД?

09 апрел 2024, Сешанбе
22
0

 
Танзими нақлиёти ҷамъиятӣ аз мушкили умдаи аксар кишварҳо, аз ҷумла ҷомеаи мост, ки бо вуҷуди борҳо гуфтану навиштан, ҳеҷ роҳи ҳалли худро намеёбад. Ва, мутаассифона, ҳамарӯза бенизомӣ дар нақлиёти мусофирбар моро нороҳату асабонӣ мекунад. Ба ин ҳолат, ҳатто, ронандаҳову пулчинакҳо низ гирифтор мешаванд. Дар чунин ранг гирифтани кор, ҷурми кист? Масъулин ё мусофирон? 

Пӯшида нест, ки мутасаддиён барои ба низом даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонда истодаанд. Ҳоло қариб дар ҳамаи хатсайрҳо автобусу троллейбусҳои нав ба муштариён хидмат мерасонанд, ки барҳавову роҳатанд. Ширкатҳое чун "Рахш – таксӣ", "Олуча – таксӣ", "Як – таксӣ", “Сомон – такси” хидматрасонии беҳтарро ба муштариён пешкаш мекунанд. Вале ин ҷо сухан сари микроавтобусҳо меравад ва ба андешаи инҷониб ба ин бенизомӣ дар он мо - мусофирон низ айбдорем. Барои мисол, бепарвоии моро дида ронандаҳо "навгонӣ" ҷорӣ кардаанд: то роҳрави холии салони мошин лабрези одам нашавад, ки аз ин аксаран мусофирон шиква карда, "мо халтаи картошка нестем", – мегӯянд, дар курсиҳои назди ронанда касеро намегиранд. Пулчинакҳо бошанд, ҳарчи одамонро ба қафои мошин фиристоданро медонанд, то мусофирони бо нишон додани мошини холӣ, мусофирони навро аз даст надиҳанд. Билохир, ки қафои мошин низ пур шуду ба қавле ҷойи сӯзанзанӣ намонд, дар нишастгоҳҳои назди ронанда мусофир мегиранд. Аҷаб ин аст, ки мо низ ин ҳамаро дида, лаб фурӯ мебандем... 

БЕХАТАРИРО КӢ  ТАЪМИН МЕКУНАД? 
Дигар ин, ки ронандаҳо махсус курсиҳои салонро мегиранд, то дар ҷойи ду нафари нишаста, 6 кас “роҳат” рост истода равад. Инчунин, баъзе ронандаҳо то охири хатсайр намераванд ё мусофиронашонро дар байни роҳ ба мошини дигар интиқол медиҳанд. Дигаре то ними хатсайр мусофир мегирад ва мегӯяд то охири хатсайр намеравам, аммо мусофиронро фароварда боз давоми хатсайрро бо мусофирони нав меравад. Мисолашро дар хатсайри 19 дида метавонед. Ин найрангҳо ба хотири одами бештар савор кардан ва маблағи зиёд ба даст овардан аст. 
Ғайр аз ин, мошинҳои мусофирбар дар истогоҳҳо агар лозим шавад то ним соат низ истодаву ду қатори роҳро банд мекунанд, ки хилофи қоида аст. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки троллейбусу автобусҳо наметавонанд ба истгоҳ ворид шаванд ва маҷбур дар қатори дуюми роҳ мусофир мефароранду савор мекунанд. Дар чунин ҳолат кӣ бехатарии моро таъмин мекунад? Агар бовар надоред, пас як бор аз истгоҳҳои бозори "Корвон"-у шаҳраки “Шифобахш”, маҳаллаи 46-ум ва Иттиҳодияи нассоҷии тоҷик дидан кунед. Айнан чунин манзараро мушоҳида мекунед. Дар бораи истгоҳҳои гирду атрофи маркази савдои “Садбарг”, ки аз кӯчаҳои марказии шаҳр аст, ҳоҷати гап нест... 

ТОҶИК АЗ  ҚАДИМ ШАҲРНИШИН БУД
Илова бар ин, ҳарчанд дар нақлиёти мусофирбар самти роҳ нишон дода шудааст, пулчинакҳо бо тамоми овоз ва ба дарозо одамонро даъват мекунанд, ки басо гӯшхарошу дилхарош аст. О ҳамон одам бе гуфтаи пулчинак ҳам мошини даркориашро, ки дид, менишинад. Пас, чӣ ҳоҷат ба асаби дигарон расидану шаҳри оромро пурғалоғула сохтан, ки аз рӯи муносибати мо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ моро мешиносанд? 
Чунин мисолҳоро метавон бешумор овард. Аммо сабаби чунин бенизомию беэҳтиромӣ нисбати мо-мусофирон, бешак, худи мо ҳастем. Зеро, бо вуҷуди ҳар рӯз ба чунин ҳолатҳо борҳо рӯ ба рӯ шудан, лаб во намекунем. Агар нафаре ҳам сухане гуфт, зери фишори ронандаву пулчинак қарор мегирад. Ҳарчанд ҳақ будани ҳамсафари худро донем ҳам, боз хомӯширо ихтиёр мекунем. 
Ба андешаи инҷониб то он даме, ки мо фарҳанги дурусти шаҳрнишиниро наомӯзем ва ҳамчун сокини пойтахт шоиста амал накунем, ин масъала бо вуҷуди кӯшишҳои пайдарпайи масъулин роҳи ҳалли худро намеёбад. Пас, биёед барои пешрафти шаҳри азизамон бетараф набошем. 
Имрӯз роҳбари ҷавони шаҳр тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам ободу зебо гардондани Душанбе равона кардааст ва мебинем, ки меҳмонони дохилию хориҷӣ низ рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Маркази кишвар бояд намуна бошад. Зеро онҳо низ моро аз рӯи рафторамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳо хоҳанд дод. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамчун мардумони дорои фарҳанги куҳани шаҳрнишинӣ, шоиста рафтор намудаву нагузорем доғе рӯи он афтад. 
Мо, ки дар ҷомеаи қонунмеҳвар зиндагӣ дорем, месазад ҳама рафторамонро дар тарозуи қонун баркашем, ҳуқуқи худро бишиносему ба ҳуқуқҳои дигарон эҳтиром гузорем.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив