БМТ. МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ SBFN ВА IFC
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”) ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) роҷеъ ба ҳадаф ва интизориҳо аз узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN мулоқот намуд.
Фирдавс Толибзода зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти экологӣ, кам намудани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисодиёти сабз” рӯз ба рӯз аҳамияти бештар пайдо менамояд ва тағйирёбии иқлим метавонад ба иқтисодиёт ва бонкҳо хатари ҷиддӣ эҷод бикунад. Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми декабри соли 2015 ба Созишномаи Париж, ки ба вокуниши глобалӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ нигаронда шудааст, ҳамроҳ шуда, “Стратегияи миллии рушди “иқтисодиёти сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037”- ро тасдиқ намуд.
Бонки миллии Тоҷикистон низ дар навбати худ ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва суғурта Нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳадафи он таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин, таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
Мо медонем, ки аъзои SBFN барои беҳтар кардани идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративии (ESG) муассисаҳои молиявӣ ҳаракат мекунанд. Дар ин замина, Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои ҷорӣ намудани принсипҳои ESG ва идоракунии хавфҳои иқлим дар ташкилотҳои молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории сабзро ба назар гирифтааст, – зикр намуд Фирдавс Толибзода.
Ҳамоҳангсози ҷаҳонии SBFN - хонум Чжан Ронг узвияти Бонки миллии Тоҷикистонро ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор қадами муҳим барои пешбурди самти мазкур арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин шарикии стратегӣ уҳдадории Бонки миллии Тоҷикистонро дар ҳамгироии масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар фаъолияти бахши молиявии Тоҷикистон бештар менамояд.
Ҳамоҳангсози SBFN изҳор намуд, ки кишварҳои узви SBFN, бахусус муассисаҳои молиявиро зарур аст, ҷиҳати беҳтар кардани масъалаҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ гардиши сармояро ба фаъолиятҳои таъсири мусбати экологӣ ва иҷтимоидошта, афзун намоянд.
Роҳбари намояндагии IFC дар Тоҷикистон – Фарух Султонов тазаккур дод, ки ҳамроҳ шудан ба платформаи ҷаҳонӣ барои танзимгарони бахши молиявӣ, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон, барои ҷорӣ намудани ташаббусҳои муосир, аз ҷумла маблағгузории устувор дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 фаъолона иштирок менамояд ва кӯшишҳои худро бо ҳадафҳои Созишномаи Париж мутобиқ намуда, дар ноил шудан ба ҳадафҳои декарбонизатсияи кишвар саҳм мегузорад.
Дар рафти мулоқоти корӣ аз ҷониби коршиносони SBFN оид ба фаъолият, сохтор, гурӯҳҳои кории Шабакаи мазкур ва имкониятҳои ба аъзои он пешниҳодшаванда ба иштирокдорони мулоқот рӯнамо манзур гардид.
Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори бовар намуданд, ки узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба SBFN метавонад дар роҳи пешрафти маблағгузории устувори низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути омӯхтани таҷрибаи хуби байналмилалӣ ва пешбурди ҳадафҳои муштарак мусоидат намояд.
PS: Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои БМТ ва низоми бонкӣ масъалаи раванди узвият дар SBFN ва тартиби ба узвият ворид шуданро омӯхта, дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост ба SBFN муроҷиат кард ва 8-уми декабри соли 2023 тасдиқномаи SBFN-ро дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба Шабака дастрас намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»