ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФРАНСИС РИШАР – ДИЛБАСТАИ ТОҶИКОН АЗ ФАРОНСА

ФРАНСИС РИШАР – ДИЛБАСТАИ ТОҶИКОН АЗ ФАРОНСА

09 апрел 2024, Сешанбе
25
0


Пажӯҳишгари озода, дастхатшинос, дӯстдори адабиёти тоҷикӣ дар Фаронса Франсис Ришар на танҳо пайи омӯзиши дастхатҳои бостонии мост, балки ҳар соле як маротиба ба Тоҷикистон меояд. Дар ҳамоишу анҷуманҳои сатҳи баланд, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, иштирок ва суханронӣ мекунад. Ин пирамарди нуронӣ  аз ҳар маводу матлаби ба фарҳанги тоҷикон тааллуқдошта ба мо паём мерасонад. Сафари охиринаш ба Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (5.12.2023) рост гирифта буд.

ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Франсис Ришар 3-юми декабри соли 1948 ба дунё омадааст. Падараш Жан Ришар яке аз таърихнигорони барҷастаи асри ХХ мебошад, ки таърихи ҷангҳои салибӣ ва муносибатҳои Шарқу Ғарбро дар асрҳои миёна мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Модараш санъатшинос Моник Ривуар-Ришар, духтари рассом, машғули омӯзиши ёдгориҳои олиҷаноби меъмории динии Вексин (вилояте дар Фаронса) буд. Аз кӯдакӣ дар муҳити илму санъат бузург шуд ва аз ҷавонӣ волаву шайдои дастхатҳои қадимӣ буд. Аз ин хотир, дар ин ҷода камол ёфт ва ҳоло ӯро чун дастхатшиноси номвар дар тамоми Фаронса ва фаротар аз он мешиносанд.
Ришар дар вазифаҳои мудири нусхаҳои хаттии порсии Китобхонаи миллии Фаронса (1974-2003), директори шуъбаи санъати исломии осорхонаи Лувр (2006-2014), директори илмии Китобхонаи Донишгоҳи забонҳо ва тамаддун (2006-2014), директори Пажӯҳишгоҳи фаронсавии омӯзиши Осиёи Марказӣ (2010-2013) фаъолият намуда, дар фароҳамсозии феҳрасти нусхаҳои хаттӣ, китобҳову осори гаронарзиши шарқӣ шуҳрат дорад. 

ДОНАНДАИ КОДЕКСИ ХАТҲО
Ҳампешагонаш аз Тоҷикистон Ришарро донандаи унсурҳои кодекологӣ дар дастхатшиносӣ медонанд. Кодекология илми нав ва ёрирасон дар шинохти хатҳо, бавижа хатҳои роиҷ дар Осиёи Марказӣ, мебошад. 
Лола Додхудоева Ришарро ҳамчун идомадиҳандаи босадоқати анъанаҳои мактаби машҳури шарқшиносии Фаронса ва насли намояндаи нави эроншиносони Аврупо муаррифӣ карда, аз ҷумла, менависад: “Ҳанӯз дар давоми дарси аввал соли 1970 Жилбер Лазар ҳангоми шарҳи забонҳои эронӣ ба ӯ гуфта буд, ки тоҷикон бо забони тозаи классикӣ ҳарф мезананд. Аз ҳамон лаҳза Франсис Ришар орзуи ташриф ба Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро, аз худ дур намекард”.

НАХУСТИН САФАР БА ТОҶИКИСТОН
Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ, ки роҳбарии онро қаҳрамони мо бар дӯш дошт, дафтари намояндагии худро дар шаҳри Бишкек боз кард. Ин ба Ришар имкон дод, ки тирамоҳи соли 2012 орзуи худро амалӣ намояд ва сафари аввалини худро ҳамчун директор ба Осиёи Марказӣ анҷом диҳад.  Ӯ тавонист ба Тоҷикистон– кишваре, ки таъриху фарҳанги онро тамоми умр меомӯхт, биёяд ва ду курси «Мактаби зимистонаи кодикологи ҷавон»-ро (солҳои 2012 ва 2013) дар доираи лоиҳаи шарқшинос Лола Додхудоева гузаронад. Курсҳои мазкур дар байни донишҷӯён, аспирантҳо ва хаттотони ҷавони Тоҷикистон маъруф буданд. Соли 2015 аввалин DVD-диски таълимии «Мактаби кодикологи ҷавон – 2012» дар ҷумҳурӣ омода гардид. Ришар соли 2014 бо истифода аз таҷрибаи дар шаҳри Душанбе андӯхта дар шаҳрҳои Алмаато, Берлин, Кобул чунин курсҳои махсусро гузаронд. 19-уми сентябри соли 2012 Франсис Ришар узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Гузоришҳои ӯ дар конфронсҳо бахшида ба Абдурраҳмони Ҷомӣ, А. А. Семёнов, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Тирмизӣ, солгарди Ҳисор истиқболи гарм ёфт. 
Ришар вақте ба гиромидошти А. А. Семёнов ба Тоҷикистон даъват шуд, гуфта буд: “Интихоби истилоҳи «тоҷик» барои забони порсии Осиёи Марказӣ хеле муҳим ва қобили қабул буд, ки онро устод Садриддин Айнӣ бо чанде аз дӯстонаш, мисли Семёнов ба илм дохил карданд”.
Бино ба гуфтаи доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло, Ришар ончунон ошиқи дилбастаи тоҷикон аст, ки ҳар бори омадан аз Фаронса чандин дастхатҳои аз олимони мо дархостшударо нусхабардорӣ карда меорад. Бо вуҷуди 75-сола будан, ҳар боре аз Тоҷикистон даъватнома гирад, бо хушнудӣ мепазирад. 

ОРДЕН АЗ ЖАК ШИРАК ВА “ҶОИЗАИ ФОРОБӢ” АЗ ЭРОН
Моҳи декабри соли 2014 Франсис Ришар ба нафақа баромад. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам тамоми қувва ва дониши худро ҳамчун узви кумитаҳои таҳририи «Намои баҳористон», «Паёми ниёгон», «Studia Iranica», «Cahiers d’Asie central» равона месозад. Ӯ узви Ҷамъияти осиёии Фаронса (Париж) ва кумитаҳои хариди осорхонаи Гиме ва филиали осорхонаи Лувр дар Абу-Забӣ мебошад. 
Солҳои 1970-71 Франсис таҷрибаомӯзи Донишгоҳи Теҳрон мешавад. Ӯро супориш медиҳанд, ки бар ивази шакли куҳнашудаи тасвири Эдгар Блоше каталоги дастхатҳои порсии Китобхонаи милли Фаронсаро дар асоси қоидаҳои нав бисозад. Ҳосили заҳматҳои чандинсола чопи каталоги дуҷилдаи “Иловаҳо ба каталоги дастхатҳои форсии Китобхонаи миллии Фаронса” шуд. 
Соли 2004 ӯ барои саҳмгузорӣ дар таъсиси шуъбаи ҳаштуми Лувр аз ҷониби Президенти вақти Фаронса Жак Ширак бо Ордени легиони ифтихорӣ қадр гардид. Феврали соли 2005 бошад, ӯро ба унвони «Олими сол»-и Эрон лоиқ донистанд. Соли 2005 бо Эраҷи Афшор ду ҷилди феҳристи дастхатҳои порсиро нашр карда, ба «Ҷоизаи Форобӣ» (Эрон) сазовор шуд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив