ДУШАНБЕ. САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА БИЁ
Ҳамасола дар айёми баҳори нозанин ба пойтахти кишвари азизам - шаҳри Душанбе меоям. Оре, махсус барои дидани лолаҳои рангоранг, ки ҳусну зебоии Душанберо бамаротиб меафзояд. Дар ҳар гӯшаву канори он лолаҳо мавҷ мезананд ва дил аз бинанда мебаранд. Бо дидани онҳо беихтиёр мегӯям:
Душанбе, шаҳри зебоӣ,
Душанбе, шаҳри гулҳоӣ.
Бешак, он ҷое, ки гулҳои шукуфону хандон дорад, башорати амният, сулҳу осоиштагӣ, рушду зебоипарастиро медиҳад. Албатта, медонем ва шукргузор низ ҳастем, ки раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барои ин ҳама саъю кӯшиши махсус ба харҷ медиҳад.
Шаҳр гӯё аз нав ҷавону дилрабо шудааст. Агар ҳам ба солҳои пеш онро муқоиса бикунем, ба хубӣ дармеёбем, ки тафовут аз замин то осмон аст.
Вақте мебинам, ки Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон парафшонӣ мекунаду алвонҷ мехӯрад, ҳазорон бор шукр мегӯям, ки ҳамаи талхиҳои ҷанги шаҳрвандӣ пушти сар шуданд ва бори дигар рӯзгори чун шакар омад.
Вазифаи ҳар кадоми мо - шаҳрвандон аст, ки ба қадри неъмати истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ бирасем ва дар ҳифзашон ҳамеша омода бошем. Инчунин, бо пойтахтамон ифтихор бикунем. Воқеан, ин шаҳр, Душанбеи азизамон диданиву дӯсдоштанӣ аст. Ман дар ҳар куҷое, ки бошам, Душанберо пеши назар меорам ва мегӯям:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
Дар ҳар мавсим метавон ба Душанбе омад, аммо фикр мекунам, ки ҳатман дар айёми баҳори нозпарвар бояд ба ин ҷо ташриф биёрем, зеро лолаҳо бо зебоиву рангорангии худ мегӯянд: Сайри гули лола биё!
Санчагул БУРҲОНОВА,
омӯзгор, ноҳияи Ёвон