ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАР. АЗ БОБИ ЗАРУ ЗАРГАР 

ҲУНАР. АЗ БОБИ ЗАРУ ЗАРГАР 

11 апрел 2024, Панҷшанбе
31
0


Имрӯзҳо дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи ҳунармандӣ, бахусус ҳунарҳои мардумӣ, дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари давлат  қарор дорад. Ҷиҳати пешрафт дар ин самт дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар шароит муҳайё гардида истодааст, то ҳунарҳои бостонӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд. 
Занон, ки аз ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, заргариву бофандагӣ, пухтупазу дӯзандагӣ ва амсоли онҳо воқиф буданд, ҷиҳати дубора эҳёи ҳунари дастӣ ва омӯзиши он ба насли ҷавон шуруъ карданд.


АЗ ҚАЗОҚИСТОН ТО ТОҶИКИСТОН
Дасти одамизод гул аст. Гоҳ аз як ашёи назарногир чизе меофаранд, ки барои садсолаҳо мемонад. Қаҳрамони мо занест қавиирода ва дилбохтаи ҳунари тоҷикӣ. Раиса Соловёваи 66-сола, русдухтарест, ки соли 1977 риштаи тақдир ӯро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон овард ва ӯ имрӯз ба омӯхтани ҳунарҳои тоҷикӣ машғул аст.
- Гарчанде падару модарам аҳли Россия буданд, вале мо дар Қазоқистон зиндагӣ мекардем. 47 сол қабл, тоҷикписареро, ки барои адои хизмати ҳарбӣ рафта буд, дӯст дошта, ба ин ҷо, ба ноҳияи Қубодиён омадам. Аз рӯзҳои аввал бо вуҷуди мушкилиҳо, ба урфу одати мардуми тоҷик унс гирифтам. Ҳар кореро, ки оилаи навам мекард, ман такрор менамудам. Аз хушдоманам хоҳиш мекардам, ки ба ман ҳунарҳои тоҷикиро омӯзад. Дар аввал бароям хеле душвор буд, вале бо гузашти вақт ҳамаашро аз бар намудам. Ман забони тоҷикиро намедонистаму онҳо забони русиву қазоқиро. Бо имову ишора якдигарро мефаҳмидем. Вақте майлу хоҳиш ҳаст, чизе садди роҳ шуда наметавонад. Баъдан, тасмим гирифтам, ки бояд комилан тоҷикдухтар шавам. Либосҳои миллӣ пӯшидаму забони тоҷикиро ба пуррагӣ омӯхтам. Дар ин радиф якчанд ҳунари қадимаи миллиро низ аз бар кардам, - мегӯяд Р. Соловёва.

ҲУНАР ЗАР АСТ 
Яқин аст, ки барои аз худ кардани дилхоҳ касб, кас ба омӯзиш ниёз дорад. Раисахола низ, аз синни ҷавонӣ, аз аҳли хонаводаи шавҳараш ҳунарҳои чакандӯзиву  қуроғдӯзӣ, шерозбофиву пилларесиро аз бар кард. 
"Аз 19-солагӣ ба ҳунаромӯзӣ оғоз кардам. Албатта, барои эҳёи ҳунарҳое, ки таърихи ҳазорсола доранд, раванди омӯзиш зарур аст. Ҳунарманд бояд аз тамоми нозукиҳои ҳунараш бохабар бошад, таърихашро донад, то фардо кори дастиаш муштарӣ пайдо кунад. 
Қаблан муштариёнам танҳо сокинони деҳу рустоҳои атроф буданд, ҳоло бошад, баъди рушду эҳёи ҳунарҳои қадимӣ сафи харидорон зиёд гардидааст. Дар баробари шерозу гулдӯзӣ таваҷҷуҳи харидорон ба болишту кӯрпачаҳои гулбуришуда  зиёдтар аст. Кӯшиш мекунам, фармоишҳоро бо сифати олӣ иҷро намоям. Тавассути ин ҳунарҳо каме ҳам бошад, ба иқтисоди оилаам ёрӣ мерасонам. 
Дарвоқеъ, ҳоло заҳмати дасти мо қадр шуда, имрӯз ҷавонони зиёде барои азхудкунии ҳунарҳо ба мо муроҷиат мекунанд. Ҳаминашро фаҳмидам, ки ҳунарманд дар ягон давру замон хор намешавад." 

МАН ТОҶИКАМ ВА ТОҶИКИСТОНРО ДӮСТ МЕДОРАМ
- Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат, дар баробари расондани ёрӣ ба занони деҳот ҷиҳати таъмини ҷойи корӣ ва беҳтар кардани зиндагӣ, инчунин, барои ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафтани ҳунарҳои аҷдодӣ, фоли неке буду ҳаст. Дастгириву қадршиносии навбатии Сарвари давлат барои аҳли ҳунар – грантҳо барои ҳунармандон туҳфае буд, беҳамто. Дар ин баробар, роҳбарони вилоятҳо низ грантҳо таъсис доданд. Боиси хушнудист, ки бо гирифтани даҳ ҳазор сомонӣ гранти бебозгашти раиси вилоят баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ сазовор шудам. Имрӯзҳо дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар мардум, бахусус занони хонашин, масъулият эҳсос мекунанду кӯшиш менамоянд, ки барои насли ҷавон чизе ба мерос гузоранд. Ман дигар на русаму на қазоқ, тоҷикам ва Тоҷикистонро дӯст медорам. Ба ин хотир, иқдом гирифтам, ки дар маркази ноҳия як гӯшаи омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сохта, ба насли ҷавон ҳунарҳои бостониро омӯзонам, то онҳо аз таърихи миллат огоҳ шаванд, - иброз намуд ӯ. 
 
С. ГУЛНИСО, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив