ХУШВАХТ БАХТИ ХУДРО ДАР «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ» ЁФТ. БА ИФТИХОРИ 100-СОЛАГИИ «ҶУМҲУРИЯТ»
35 сол дар як соҳа заҳмат кашидан ва ба шарофати донишу таҷриба, одобу ахлоқи ҳамида, муносибати неку хайрхоҳона бо ҳамкорон ва, пеш аз ҳама, бо зердастон соҳиби обрӯю эътибор шудану ҳамчун мутахассиси забардаст эътироф гардидан, на ба ҳама даст медиҳад. Хушбахтона, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик», шогирди мактаби бонуфузу шуҳратёри рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») Хушвахт Назаров аз зумраи қаламкашони барӯманду эътирофгаштаест, ки дар ҳаққаш бемуҳобот мегуфтанд: “Нозукиҳои касбашро об карда хӯрдагӣ”.
Аз ин дида барои мутахассис баҳои баландтаре нест. Аз ҷониби журналистон ба чунин ситоиш ноил гаштан, на ба ҳама хабарнигорон муяссар шудааст.
Умуман, шахсе, ки дар матбуот кор кардааст ё аз ин соҳа каме бархӯрдор аст, чӣ гуна сангин будани пешаи хабарнигориро медонад. Ходими адабии рӯзнома вақти кории мушаххас, яъне аз соати 8 то 17 надорад. Вай дар хона, дар дафтари корӣ, дар нақлиёт, ҳатто, ҳангоми рухсатӣ ҳам дар андешаи ҳалли муаммое банд мешавад. Доим дар фикри мавзуест. Яъне, шахсест, ки ором надорад ва Хушвахт Назаров ҳам аз моҳи октябри соли 1973 бо ҳамин гурӯҳи эҷодкорон дар симои “Тоҷикистони советӣ” пайваст. Аввал ӯро ҳамчун мусаҳҳеҳ ба кор гирифтанд. Аз сармусаҳҳеҳон Мусоеву Аминов тарзи корро ёд гирифт. Аз саҳифабанд Фазлиддини тотор тарзи саҳифабандӣ ва чидану фармоиш додани сарлавҳаҳо, аз котиби масъул Наҷмиддин Азизов, назокатҳои тарҳбандиро омӯхт. Баъди ду сол Хушвахт Назаровро муҳаррири техникии «Тоҷикистони советӣ» таъин карданд. Акнун масъулияташ дучанд гардида буд. Он солҳо дар рӯзномаи рақами 1-и давлатӣ дар чунин вазифа кор кардан ҳам ифтихор буду ҳам масъулияти баланд дошт, эҳтиёткориро тақозо менамуд. Афтодан ё зиёд омадан, ё дар ҷояш набудани як ҳарфу аломат боиси аз нав чидани матн мешуд. Аз ин рӯ, ҳар як сарлавҳа, зерсарлавҳа ва рубрикаҳоро гаштаю баргашта, ҳарф ба ҳарф ҳиҷҷа карда мехонд.
Ана ҳамин тарзи муносибат ба вазифа Хушвахт Назаровро обрӯманду соҳибэҳтиром гардонд. Шоир Шоҳму-заффар Ёдгорӣ, ки аввали солҳои 80-уми асри ХХ сардори шуъбаи ахбори «Тоҷикистони советӣ» буд, Х. Назаровро ба шуъбааш гирифт.
– Барои шуъба шахси арзанда, – гуфт ба сармуҳаррир Ғоиб Қаландаров.
Онҳо то даме ки Ш. Ёдгорӣ дар идора буд, бо ҳам кор карданд. Баъд устод Шоҳмузаффар сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии вақти Кӯлоб «Роҳи ленинӣ» таъин гардид. Хушвахт Назаров ба кори котибот гузашт. Акнун ҳафтае се шумораи рӯзномаро тарҳбандӣ мекард. Аз шумораҳои нахустин гирумонаш ба котиби масъул ва сармуҳаррир писанд афтод. Тарҳҳои рехтааш зебо, дилкаш ва чашмрабо буданд. Ҳар як мақола дар гӯшаҳои муайян ҷо шуда, сарлавҳаҳо намоёну диққатҷалбкунанда буданд. Ӯ бо ҳамроҳии Набӣ Каримов, Мусо Мавлавиев, Ашур Ашуров (руҳашон шод бод) бо навбат тарҳи шумораҳои навбатиро мекашид.
Хонданӣ ва ба муштарӣ писанд афтодани рӯзномаҳо, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинӣ, дониши амиқи корманди котибот вобаста аст. Мақолаҳои расмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-оммавиро низ тарзе бояд пешниҳод кард, ки диққати хонандаро ҷалб созанд, рағбаташро бедор намоянд, шавқашро афзун гардонанд. Хушбахтона, Хушвахт Назаров ҳамин рисолати худро то ба нафақа рафтан адо кард.
Нурмуҳаммад Табаров, адиби шинохта, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», гуфта буд:
– Котибот аз омадани Хушвахт Назаров бурд кард, вай шахси басо пуртамкину батоқат ва сабур аст.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, шоир, собиқ сармуҳаррири «Ҷумҳурият» низ, зикр карда буд:
– Дар шуъбаи ахбор аз хабарнигорони фаъолтарин маҳсуб меёфт, пайваста дар ҷустуҷӯ буд, ҳамеша як мавзуи нав меёфт, дар ҳар шумора гӯшаи «Дирӯз хабар доданд» бо имзои Х. Назаров ба чоп мерафт. Ман чун сардори шуъба розӣ набудам, ки ӯ ба котибот гузарад. Вале ба фармони Ғоиб Қаландаров зид баромадан, маънои аз кор рафтанро дошт. Он солҳо котибот шабу рӯз фаъол буд, ба чунин заҳмати тоқатшикан на ҳама тоб меовард. Бар замми тарҳи шумораи навро кашидан, боз тарҷумаи маводи АПН ба зиммаи Х.Назаров буд.
Турдиалӣ Бойбобоев, сармуҳаррири вақти маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», чунин ёддоште дорад:
– Бо Хушвахт Назаров дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» понздаҳ сол ҳамкор будам. Вай дар ҳақиқат фидоии матбуот аст.
Нависандаи маъруф Мутеулло Наҷмиддинов, ки то ба нафақа баромадан, сардори шуъбаҳои илму маориф ва адабиёту санъати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буданд, ҳамеша бо як меҳру самимият ба Хушвахт Назаров муносибат доштанд ва мегуфтанд:
– Комёбӣ ва пешравии Хушвахт аз тамкинию вазниниаш маншаъ мегиранд.
Ба ибораи нависандаи забардасти тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев Хушвахт Назарови мо дар ҳақиқат «писари газета» буд. Вай дар рӯзнома мавқеъ ёфт, соҳиби бахт шуд, фарзандҳоро ба камол расонд, ҳоло соҳиби набераҳову абераҳост ва давлати пирӣ меронад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69