ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Пашинян бо Токаев 

Мулоқоти Пашинян бо Токаев 

16 апрел 2024, Сешанбе
6
0


Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бори аввал бо сафари расмӣ вориди Ереван гардид. Роҳбарони ҳар ду кишвар зимни мулоқот тақрибан даҳ созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод,  фарҳанг, варзиш, омӯзиши кайҳон ва технологияҳои олиро ба имзо расонданд. Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Арманистон шарики муҳими Қазоқистон дар Қафқози Ҷанубӣ мебошад. Ин сафар ба 25-умин солгарди имзои Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории  байни кишварҳо рост  омад.
«Ин сафари Президенти Қазоқистон  барои рушди бисёрҷониба аҳамияти хосса дорад. Мо бо ҷаноби Токаев сатҳи сифатан нави ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи махсусро  ба соҳаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ равона месозем ва ба ҳамкории ғайримарказонидашуда манфиатдорем», – изҳор дошт Сарвазири Арманистон Никол Пашинян. 


Макрон аз барномаҳои худ дар бораи дастёбӣ ба «оташбаси олимпӣ» дар Украина ва Ғазза хабар дод
Коммерсантъ. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бар ин назар аст, ки бозиҳои олимпӣ, ки соли 2024 дар Париж баргузор мегарданд, бояд “лаҳзаи сулҳи дипломатӣ” шаванд. Ӯ гуфт, ки, аллакай, дар рӯи нақшаи қатъи ҷангҳо дар Украина ва минтақаи Ғазза дар давоми баргузории бозиҳои олимпӣ кор мекунад. 
Ҷаноби Макрон дар мусоҳиба бо BFMTV гуфт: "Мо дар бораи ба даст овардани оташбаси олимпӣ кор карда истодаем,  ин  як фурсатест, ки ман кӯшиш менамоям бисёре аз шарикони худро ба он ҷалб созам". Ба гуфтаи Президенти Фаронса, ӯ ният дорад ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки пас аз чанд ҳафта вориди Фаронса мешавад, барои ёрӣ дар ин масъала муроҷиат кунад. 


Муноқишаи Исроил бо Эрон ва ҷанги нав дар Ховари Миёна 
ба чӣ оварда мерасонад?
Lenta.ru. Шаби 14-уми апрел Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон ба хоки Исроил ҳамлаи мушакҳои густурда карданд. Ҳамагӣ 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки «замин ба замин» партоб карда шуданд. 
Теҳрон тасмими худро посух ба ҳамла ба консулгарии ин кишвар дар Димишқ, ки 1-уми апрел рух дод, номид. Мақомоти Исроил то кунун аз оғози ҳамла ба қаламрави Эрон худдорӣ кардаанд, аммо ин хатарҳо то ҳол   боқӣ мемонанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҷанг дар Ховари Миёна метавонад ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва, бахусус бозори ҷаҳонии энергетикӣ, хисороти ҷиддӣ расонад.


Қазоқистон омода аст барои музокироти Русия ва Украина замина фароҳам оварад
Lenta.ru. Сафири фавқулода ва мухтори  Қазоқистон дар Испания  Данат Мусоев пешниҳод кард, ки музокирот миёни Русия ва Украина баргузор шавад. Қазоқистон омода аст барои музокироти Русия ва Украина замина фароҳам оварад. Дар ин бора сафир дар мусоҳиба бо рӯзномаи ABC хабар дод.
«Мо тарафдори он ҳастем, ки бояд ҳалли осоиштаи низоъ вуҷуд дошта бошад», – гуфт сафир. Ҳамчунин, афзуд, ки Русия ва Украина кишварҳои наздик ба Қазоқистон ҳастанд. «Мо аз аввал изҳор доштем, ки омодагии худро барои фароҳам овардани платформаи зарурӣ барои ҳар гуна гуфтушуниди ду ҷониб фароҳам созем», – зикр кард Данат Мусоев. 


Мишустин ба таҳкими ҳамгироии иттифоқӣ миёни Русия ва Беларус ишора кард
Известия. Михаил Мишустин, Раиси Ҳукумати Русия,   дар мулоқот бо Сарвазири Беларус Роман Головченко дар Маскав гуфт, ки  Русия ва Беларус, сарфи назар аз фишори таҳримҳои Ғарб, ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.  Мишустин, инчунин, сатҳи бесобиқаи ҳамкории давлатҳоро дар соҳаи технологияҳои олӣ зикр намуд. Ҳамин тариқ, Москва ва Минск созишнома дар бораи истеҳсоли муштараки ҳавопаймоҳои сабуки чандмақсадии «Освей»-ро имзо мекунанд.
«Ин дастовардҳо рамзи сатҳи бесобиқаи ҳамкориҳои Русия ва Беларус дар соҳаи технологияҳои олӣ ва илм аст. Мо  ба тадқиқоти кайҳонӣ фаъолона машғул шуда, онро ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду давлат   дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ менамоем, – таъкид кард Михаил Мишустин.

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив