Ҳиндустон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад
Мир24. Ҳиндустон бо тахминан 1 миллиарду 442 миллион нафар аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол менамояд. Дар ҷойи дуюм Чин аст, ки дар он 1 миллиарду 425 миллион нафар зиндагӣ мекунад, – гуфта мешавад дар гузориши Фонди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA).
Тақрибан 24 дарсади ҳиндуҳо кӯдакони то 14-сола мебошанд, дар ҳоле ки гурӯҳи синну соли аз 15 то 64-сола 68 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, одамони 65-сола ва аз он калон 7 фоизанд. Давомнокии умри мардон 71 ва занон 74 сол мебошад.
Муҳаққиқон пешгӯӣ мекунанд, ки шумораи аҳолии Ҳиндустон дар тули 77 сол метавонад дучанд афзояд, – менависад India TV News.
Ним сол меҳнати маҷбурӣ: ҷазои фолбину ҷодугарҳо дар Тоҷикистон
Sputnik. Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурию ҷиноятиро барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ пурзӯр мекунад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки феҳристи ягонаи афроди машғул ба чунин аъмоли ғайриқонунӣ ташкил дода шудаст.
"Дар ин замина, назорат аз болои шахсони ба сеҳру ҷоду, таълимоти ғайриқонунии динӣ, муллоҳои тумору таштобдиҳанда амалӣ гардида, барои ин гуна шахсон феҳрист ё худ рӯйхати ягонаи бақайдгирӣ ҷорӣ карда шудааст", – омадааст дар иттилоия.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки вобаста ба чунин қонуншиканиҳо дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
"Ба шахсоне, ки бо мардумфиребӣ, аз ҷумла сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъин мегардад", – таъкид намудаст манбаъ.
Баргузории ҷаласаи чоруми гурӯҳи кории иқтисодии Чину Амрико
Синхуа. Бино ба иттилои Вазорати молияи Чин, гурӯҳи кории иқтисодии Чину Амрико рӯзи сешанбе чаҳорумин ҷаласаи худро дар Вашингтон баргузор кард.
Дар изҳороти Вазорат гуфта мешавад, ки ҷаласаро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ляо Мин ва муовини вазири молияи ИМА оид ба корҳои байналмилалӣ Ҷей Шамбо раисӣ намуданд. Бо таваҷҷуҳ ба иҷрои ризоияти муҳими ҳосилшуда, ки ҳамоҳангсозон ба даст оварданд, ҷонибҳо оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва рушди мувозии ду кишвар ва ҷаҳон, инчунин, омодагӣ ба робитаҳои минбаъда табодули афкори амиқи амалӣ ва созанда анҷом доданд. Ҷониби Чин аз маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Амрико алайҳи Чин изҳори нигаронӣ карда, дар масъалаи иқтидори истеҳсолӣ посухҳои иловагӣ дод.
Тарафҳо аҳд карданд, ки робита ва мубодилаи афкорро идома медиҳанд.
Туркманистон масъалаҳои рушди шаҳрҳоро бо СММ баррасӣ кард
SNG.TODAY. Дар Ашхобод мулоқоти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба маҳаллаҳои аҳолинишин Михал Млинар баргузор шуд. Дар мулоқот, аз ҷумла, масъалаҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи ободонии шаҳрҳо муҳокима шуданд.
Сарвари давлати Туркманистон доир ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи қонунгузории шаҳрсозӣ, омӯзиши усулу механизмҳои муосири ҳуқуқӣ, ки ба рушди устувори шаҳр мусоидат мекунанд, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.