ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ВОҚЕАНИГОРӢ  БА ТАҲЛИЛГАРӢ

АЗ ВОҚЕАНИГОРӢ  БА ТАҲЛИЛГАРӢ

10 март 2023, Ҷумъа
34
0

 
Матбуоти даврӣ дар таъмини ҷомеа бо иттилооти муҳим, ташаккули афкори иҷтимоии давру замон, тарбияи ғоявию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангиву эстетикии мардум нақши бориз мегузорад. Матбуот, ҳамчун воситаи ахбори омма, дар нимаи дуюми солҳои бистум ва аввали солҳои сиюми қарни гузашта, ба сифати низоми муайян шакл гирифта, тадриҷан дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи назаррасро касб намуд ва дар фазои иттилоотиву маърифатии ҷомеа пешгом буд. Ин мавқеъ, пеш аз ҳама, бо инъикоси холисона ва касбии раванди ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, тарғибу ташвиқи руҳияи ободкориву созандагӣ, эҳсоси одаму одамгарӣ, завқи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва, албатта, имконияти чоп ва дастрасии камхарҷ ба хонанда намудор гардида, ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти иҷтимоиву маънавии мардум шинохта мешуд.  

Албатта, дар ин фазо воситаҳои электронии ахбори омма низ нақш доранд, аммо ба назари ин ҷониб дар барангехтани фикр, таҳаммулпазирии андеша, амиқияти гуфтор, истеҳкоми хотир матбуоти даврӣ афзалият дорад. Бо инкишофи технологияи фановарӣ, оммавӣ гардидани интернет, имкони бештар пайдо кардани мардум барои дастрасӣ ба иттилооту навгониҳои сатҳи гуногун мавқеи матбуоти даврӣ дар фазои иттилоотии кишвар андаке коҳиш ёфта бошад ҳам, рисолати он аз байн нарафт. Имрӯз доманаи он васеътар гардида, рисолаташ вусъат пайдо кардааст, аммо дар шакл ва таъиноти дигар.
Аслан, рушди технологияи фановарӣ ва густурда гардидани доманаи интернет ба пешрафти матбуоти даврӣ халали ҷиддиеро ворид насохтааст, балки, ин раванд аз як тараф, усули кори онро то андозае сабуку замонавӣ гардонд, аз ҷониби дигар, барои рӯзноманигорони матбуот минбари сухани видеоиро низ фароҳам овард. Дар баробари ин имконияти чопи нашрияҳои даврӣ зиёд, фосилаи интишорашон наздик ва сифаташон нисбатан беҳтар шуд. Бо истифода аз имконоти техникӣ, ҳамчунин интернет, типҳои гуногуни матбуоти даврӣ: ҳукумативу ғайриҳукуматӣ, соҳавию иттиҳодиявӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, хусусиву тиҷоратӣ, маънавию фароғатӣ, ҳизбиву ҷамъиятӣ ва амсоли ин робитаашонро бо хонандагон нисбатан қавӣ намуда, мазмуну мундариҷаашонро ба майлу рағбати онҳо наздик месозанд.  Ба гунаи мисол рубрикаҳои саҳифаи “Шоми шанбе” ва “Дар меҳмонии “Ҷумҳурият”-и ҳамин нашрия. Ин саҳифаҳо хусусияти расмӣ надоранд, балки онҳо бо омӯзиши майли хонандагон ва тақозои рӯз таъсис дода шудаанд. Ба ин маънӣ, матбуоти даврӣ аз ҷиҳати теъдод ва тип нисбатан ғанӣ гардида, дар муқоиса ба васоити электронӣ ахбори омма имконияти бо диди мухталиф ва шаклу шеваи гуногун инъикос намудани воқеияту рӯйдодҳои рӯзро дорад.  
Бо вуҷуди ин, нашрияҳои даврӣ ҳам дар муҳити худӣ ва ҳам дар фазои  низоми воситаҳои электронии ахбори оммаи кишвар дар ҳолати рақобат қарор доранд. Рақобат омили рушд аст, аммо омили рақобатпазириро танҳо ба теъдоди нашри рӯзномаву маҷалла нисбат додан дуруст нест. Мазмуну маром ва рисолати касбиву иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дорад. Бахусус, дар замони имрӯз, ки ВЭАО дар пахши сареи иттилоот имконоти бештар доранд, барои нашрияҳои даврӣ чунин имкон камтар аст. Табиист, ки нашрияҳои даврӣ дар ин ҷода бо воситаҳои электронии ахбори омма рақобат карда наметавонанд, аммо онҳо метавонанд таъиноти худро тағйир диҳанд. Ин таъинот аз хабарнигорӣ ба таҳлилгароӣ майл кардан аст. Дар ин ҳолат барои матбуот маънидод кардан, фаҳмонидан, пасманзараи воқеаҳоро нишон додан, ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат намудан, дараҷаи маърифати иҷтимоии мардумро боло бурдан ва маънавиёту фарҳанги ҷомеаро ғанӣ гардондан мақсади асосӣ мешавад.
Вазъи минтақаву ҷаҳон тақозо менамояд, ки моҳияти воқеаҳои сиёсӣ, мақсаду мароми ҳизбу ҳаракатҳои экстеримистӣ, гурӯҳҳои ихтилофангез ва монанди ин ба мардум дуруст фаҳмонда шавад, то онҳо дар ҳаёти иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат варзанд, ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллиашонро баланд бардоранд. Дар татбиқи ин мақсад имкон ва неруи нашрияҳои даврӣ зиёдтар аст, аммо на ҳама аз он самаранок истифода мекунанд. Баъзе аз нашрияҳои даврӣ хабарҳои дар ВЭАО ва сомонаҳои интернетӣ пахшшударо такроран, бидуни таҳрир ба табъ мерасонанд. Имрӯз ҳудуди нашрияҳои даврӣ, воситаҳои электронии ахбори омма (бахусус барномаҳои ахборӣ) ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз байн рафтааст. Шояд ин бад набошад, аммо он сухани иртиботиро ба суҳбати касбӣ омезиш медиҳад. Минбари матбуот баландтар аст ва он ба ҳамкории коршиносони шинохтаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ниёз дорад. 
Чун аксарияти нашрияҳои даврӣ ҳафтае як маротиба интишор мешаванд, имкон намедиҳад, ки муҳимтарин рӯйдод ва ҳаводиси рӯз дар гармогармиаш инъикос шавад. Аз ин рӯ, ағлаби нашрияҳои даврӣ кӯшиш мекунанд, ки ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии кишвар равшанӣ андозанд. Дар шароити сареияти бештар пайдо кардани радиову телевизион, ҳамчунин интернет (асосан дар шаҳрҳо), матбуоти даврӣ вазифаи иттилоотии худро коҳиш дода, ба минбари суҳбат, афкор, мубодила ва музокира бадал мегардад ва мухотабонаш, асосан ашхоси маънаван ғанӣ қарор мегиранд. Ҷойи муносибати сатҳиву эҳсосиро муносибати ақливу ратсионалӣ мегирад. Дар ин ҳолат, арзиш ва мақоми матбуоти даврӣ (дар шакли электронӣ ҳам бошад) дар ҷомеа боло рафта, нуфузаш бештар мегардад, зеро муштариёни онро нафарони соҳибназару соҳибаандеша ташкил медиҳанд. Бахусус дар замони муосир, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ба буҳрони шадид қарор гирифта, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни моҷароҷӯву исёнгар қувват мегиранд, таҳоҷуми иттилооти бегона бештар гардида, ҳифзи арзишҳои миллӣ зарурати бештар пайдо мекунад, нақши матбуоти даврӣ (маводи чопӣ) боз ҳам муҳимтару равшантар мегардад. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Фардо воқеан нек аст, аммо мардумро ба он бовар кунондан, маслаку мароми худро барои фардои дурахшон равона сохтан ҳам заҳмати фикрӣ ва ҳам ҷисмонӣ мехоҳад.
Матбуоти даврӣ дар муқоиса бо ВАО-и дигар дар таҳлилу баррасии воқеии ин гуна равияҳо, таҳоҷумҳо, бегонапарастиҳо ва гирифтани пеши роҳи онҳо имкони зиёдтар дорад. Метавон онро ба  минбар ва фазои боз ҳам мувофиқу муносибе табдил дод, ки доир ба моҳияти аслии ҳаводиси рӯз афкори солимро ба вуҷуд орад ва ба ин васила дар дарку маърифати иҷтимоию сиёсии шаҳрвандон нақш гузорад.
Масъалаи дигаре, ки ба кам гардидани хонандагони анъанавии нашрияҳои даврӣ боис шудааст, дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии онҳост. Дар шароити ташаккули ҷомеаи электронӣ таъсиси сомонаи интернетӣ барои ҳар як нашрияи даврӣ зарур аст, аммо тарз ва усули ҷой додани маводи шакли чопии нашрияҳои даврӣ дар сомонаҳои интернетӣ ба манфиати онҳо буда наметавонад. Ба назари мо дар сомона якбора дар шакли пурра ҷой додани маводи шумораи нашрия зарурат надорад. Дар аввал метавонем хулосаи маводи шумораро ҷой диҳем. Агар хонанда таваҷҷуҳ пайдо кард, ӯ аз паси дарёфти матни асосӣ мешавад. Дар ин ҳолат рӯзномаро пайдо мекунад. Ҳамчунин, гурӯҳбандӣ намудани маводи нашрияҳои даврӣ дар сомонаҳои интернетӣ ҳам ороширо ҷолиб мегардонаду ҳам кори хонандаро осон.
Ҳамин тавр, рушди васоити электронии ахбори омма ва нуфузи бештар пайдо кардани интернет дар фазои иттилоотии кишвар боис гардида, ки баъзе аз коршиносон андешаи ба охир расидани давраи матбуоти даврии чопиро талқин мекунанд. Ин андеша баҳсталаб бошад ҳам, дастандаркорони нашрияҳои давриро ҳушдор медиҳад, ки ба он бепарво набошанд. Ҳолати имрӯзаи ВАО-и кишвар ва фазои иттилоотии он тақозо менамояд, ки рисолати матбуоти даврӣ тадриҷан тағйир ёбад. Нашрияҳои давриро мебояд ба чопи маводи хабарии такрор, обшуста камтар таваҷҷуҳ намуда, ба таҳлилу баррасии воқеиятҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои мубрами сатҳи кишвариву ҷаҳонӣ бештар аҳамият диҳанд. Нашрияҳои даврӣ чунин салоҳият ва неру доранд. Агар чунин неру ва салоҳият истифода шавад, матбуоти даврӣ ба минбари боз ҳам баланди сухани коргар табдил меёбад.

Мурод МУРОДӢ, доктори илмҳои филология, профессор

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив