ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД

23 апрел 2024, Сешанбе
5
0
КӢ МУЗДИ МЕҲНАТИ 69 КОРМАНДИ ҚАЛБАКИРО БА КИССАИ ХУД ЗАД?
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ошкор шудани як ҳолати тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби музди меҳнати кормандон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни гузарондани санҷиши молиявӣ-хоҷагидорӣ дар фаъолияти МДТ “Литсейи касбии техникӣ” дар ноҳияи Шаҳритус муайян гардидааст, ки Ёқуби Л. ҳамчун директори муассиса (солҳои 2014 - 2023) аз моҳи январи соли 2021 то моҳи майи соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули муассиса ба ному насаби 69 нафар собиқ кормандон ва шахсони бегона парвандаҳои шахсӣ тайёр карда, ҳуҷҷатҳои муҳосибиро пурра бо роҳи сохтакорӣ омода намуданд. Сипас, дар асоси ҳамин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба номи 69 нафар ғайриқонунӣ кортҳои бонкӣ кушода, ҳар моҳ ба ному насабашон ҳамчун музди маош пул гузарондаанд, ки дар маҷмуъ, 470583 сомониро ташкил медиҳад. Дар идома, Ёқуби Л. ва шариконашон маблағҳоро тавассути банкоматҳо гирифта, бо ин кирдори худ ба буҷети давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонданд.
Вобаста ба ин ҳолат, алайҳи Ёқуби Л. ва шарикони ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
 
 
 
ПОРА КАПИТАНИ МИЛИТСИЯРО  БА ТОЛОРИ СУД БУРД
Таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб капитани милитсия Ф. Раҳимзода бо ҷурми гирифтани пора ба даст афтода, ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин бора хабар дод, ки капитани милитсия барои рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолати садамаи нақлиётӣ аз шаҳрванд С.Т. ба сифати пора 20 000 сомонӣ талаб кардааст. Дар ҳамин ҳол, 12-уми феврали соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ дар дафтари кориаш аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шуд.
Дар робита ба ин кирдор, нисбат ба Ф. Раҳимзода бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ менамояд. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив