ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ МОДАР.  ТАНТАНАИ ИДОНА ДАР БМТ

РӮЗИ МОДАР.  ТАНТАНАИ ИДОНА ДАР БМТ

10 март 2023, Ҷумъа
29
0


Ба ифтихори Рӯзи Модар  дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати раис Ҳоким Холиқзода чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Ҳоким Холиқзода нахуст, бонувонро бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва Рӯзи фархундаи Модар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди расмӣ эълон шудааст, самимона муборакбод гуфта, иброз дошт, ки модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз гирифта, дар ҳамаи давру замон рамзи бақову сарсабзии зиндагии инсон аст. Бинобар ин, дар айёми баҳори сарсабз ва дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз мутобиқ омадани Рӯзи Модар беҳикмат нест ва ин алоқамандиро худи ҳаёт собит менамояд.
Воқеан, маҳз мақоми баланди модар, пиндору рафтору гуфтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб гардиданд, ки аҳли башар дар ҳама давру замон модарро ба сифати бузургтарин ва муқаддастарин мавҷуд  ҳамеша дӯст дорад ва азиз шуморад. Бинобар ин, мо ҳам ҳамеша рӯйи ниёз ба сӯйи модар дорем ва ҳангоми пеш омадани ҳар гуна мушкилот аз модар мадад меҷӯем.
Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки ҷашни расмӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханрониҳояшон ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир сохта, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, созанда, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро, духтарону занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, теъдоди бонувон дар соҳаи маориф ба 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб ба 40 фоиз, баробар шудааст.
Дар робита ба масъалаи модарон таъкид гашт, ки аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Бешубҳа, рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону духтарон дар рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад.
Зикр шуд, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар айни замон, занон 242 нафар ё 29 фоизи кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 38 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд.
– Соли гузашта 104 нафар мутахассиси бонк, аз ҷумла 27 бону, ба вазифаҳои баландтар пешбарӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар оянда низ, ҳангоми  интихобу ҷобаҷогузорӣ ва қабули кормандон ба занону духтарони кордону болаёқат афзалияти бештар дода мешавад, – иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода дар мавзуи “Мақоми зан-модар дар даврони Истиқлоли давлатӣ” сухан ронда, бонувонро бо Рӯзи Модар муборакбод гуфт. 
Дар рӯзгори мо занону духтарони мамлакат дар баробари кор дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, хизмати давлатӣ, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва саноат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ, софдилонаву содиқона фаъолият доранд. Мо имрӯз дар байни бонувони тоҷик занони соҳибунвону соҳибрутба, аз ҷумла генералҳоро низ, мебинем, ки рӯзгоре пештар аз ин, ба қавли устод Турсунзода: “Қиссаи модаркалон буду хаёлу хоб буд”.
Зикр шуд, ки занону модарон дар амалӣ шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба хотири таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳову муқаддасоти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони мамлакат, ба танзим даровардани хароҷот ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ба тасвиб расидаанд, саҳми бештару арзандатар мегузоранд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони созмони ҷавонони бонк дар васфи модар шеърҳо қироат намуданд.
    
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив