ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД

29 апрел 2024, Душанбе
11
0


Мансабдори порахӯр ба даст афтод

Муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Комилҷон Мирзобадалзода ҳангоми гирифтани 5000 сомонӣ ба сифати пора дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда ҳамчун раиси комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати иҷро намудани амали муайян, яъне барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод кардани даъватшаванда, ки он лаҳза дар Федератсияи Россия қарор дошт 5000 сомонӣ талаб кардааст. Вале ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ аз шаҳрванд А. С. дар ҳудуди ҳамин ноҳия аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир гардид.

Ҷавобгарӣ барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боз як парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба тасарруфи маблағҳои буҷетиро баъд аз  анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристод.
Тавре дар ин бора гуфта мешавад, зимни гузарондани санҷиши молиявӣ – хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ки А. И. Саидов ҳамчун муассис - директори ҶДММ “Лоиқ” моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Марказ 142693 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудошударо бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохт-монӣ тасарруф намудааст. Номбурда, бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳо ҳамон вақт санади иҷрои корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодаи минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати А. И. Саидов ва шариконаш парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 340 қисми 1 (сохтакорӣ...) Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
  
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 29.04.2024 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив