ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ХУҶАНД”. ИМРӮЗИ ФУРУДГОҲ ШАБЕҲИ ОСОРХОНА АСТ

“ХУҶАНД”. ИМРӮЗИ ФУРУДГОҲ ШАБЕҲИ ОСОРХОНА АСТ

10 март 2023, Ҷумъа
39
0


Дар давоми панҷ-шаш соли охир Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” бо роҳандозии  тадбирҳои азнавсозии куллӣ  симои худро ба хубӣ тағйир дода, ба яке  аз беҳтарин Фурудгоҳ дар минтақаи Осиёи Миёна табдил мегардад. Муосиртарин техникаву таҷҳизот ворид шуда, ҳоло ин Фурудгоҳ ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавии байналмилалӣ  будан, ширкатҳои гуногуни хориҷии дуру наздикро ба худ ҷалб кардааст.

Баробари дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ боло бурдани хизматрасонии муштариён, ҳамзамон, Фурудгоҳи мазкур имрӯз ба як шаҳраки басо рушдёфтаи муосир табдил ёфта, мусофирон  аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ  бо навозиш “Фурудгоҳ-осорхона” унвон мекунанд. Рӯзҳои фароғат, хусусан рӯзҳои офтобии баҳору тобистон, ин ҷо барои тамошову сайругашт садҳо сайёҳ ва садҳо нафар волидон бо фарзандон аз манзараҳои дилнишини офаридаи Фурудгоҳ баҳраманд мешаванд. Воқеан, чун гузаратон ба ин ҷо меафтад ё бо зарурати сафаре ҳозир мешавед, таваҷҷуҳи шуморо иншооти гуногуну замонавии рангин ва гӯшаҳои зебову ҷолиб истиқбол мегиранду қалбҳоро фараҳ мебахшанду ба тасхир меоваранд.  
Дар масъалаи асосӣ - иҷрои рисолати худ: ҳамлу нақл ҳам пешравиҳо ҷиддисту дастовардҳо басо назаррасанд. Ҳама чизро метавон дар қиёс хулосабарорӣ кард. Феълан, нисбат ба панҷ-даҳ соли қаблӣ рафтуомади  мусофирон тавассути Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ афзуда, дар соли 2022 наздик ба 1 миллион нафар расид, ки ин нишондиҳанда баландтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Табиист, ки солҳои охир ин ҷо сатҳу сифати хизматрасонӣ тадриҷан боло рафта, марҳила ба марҳила ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ наздик мешавад.
- Ҳадафи асосии мо низ дар солҳои наздик дар ҳамин аст, - мегӯяд Қурбони Алимардон, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд”,- ҷиҳати расидан ба ин мақсаду маром чанд сол аст, ки дигаргуниҳои техникиву азнавсозии Фурудгоҳ идома дорад, дар баъзе самтҳо бояд иқрор шуд, ки баъди 60-70 сол нав таъмиру тармим мешавад.
Аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” дар соли 2022 аён мегардад, ки аксарияти сокинони мамлакат роҳи ҳавоии ҳамлу нақлро афзал мешуморанд ва ҳангоми сафар чи дар дохили кишвар ва ҳам ба самти берун аз  роҳи парвоз бо ҳавопайморо интихоб мекунанд.
Даҳ сол муқаддам  ҳангоми тарҳрезии Нақшаи генералии рушди Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” то соли 2040 тахминҳо ва пешгӯиҳои меъёриву ададӣ рӯйи коғаз оварда шуда буданд. Мутобиқ ба  таҳлилҳову хулосаҳо дар давоми 5-10 соли минбаъда ҳаҷми мусофиркашонӣ дар самтҳои байналмилалӣ мунтазам афзуда, ин ҳолат андешидани тадбирҳои заруриро ба хотири боз ҳам тавсеа бахшидани Фурудгоҳ чи аз лиҳози муҷаҳҳазгардонии техникии бехатарӣ, муҳофизӣ ва, албатта, шароити будубоши мусофирон тақозо мекард. 
Аз пайи мутобиқат ба тахминҳои пешакии нақшавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” тули 6-7 соли охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус ҷиҳати мутобиқ намудани Фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Бунёдгузории тарҳу симои навини он ва дастовардҳои назаррасашонро бешак метавон ба Қурбони Алимардон - директори генералии коргоҳ мансуб донист, зеро кулли комёбиву муваффақиятҳои тозаи Фурудгоҳ маҳз бо ҷидду ҷаҳди устувори созанда ва талошҳои пайвастаи роҳбари кордону соҳибтаҷриба ва корозмудаи он арзи ҳастӣ намудаанд.
Натиҷаи чунин ҷидду ҷаҳди созанда ва заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти Фурудгоҳ буд, ки дар соли 2022 ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию истеҳсолии он мусбату пурмаҳсул арзёбӣ карда шуда, дар давоми сол ба беш аз 3 ҳазору 110 хатсайр ва 910 ҳазор мусофир хизмат расонда шуд, ки ин дар идомаи тамоми фаъолияти фурудгоҳ нишондиҳандаи рекордӣ маҳсуб мешавад. Яъне, қариб 1 млн нафар аввалин бор дар фаъолияти беш аз 80-солаи Фурудгоҳ. Инчунин, дар соли 2022 Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 51 млн сомонӣ андоз супурдааст, ки дар байни тамоми андозсупорандаҳои азими кишвар аз ҳама нишондиҳандаи бузург маҳсуб мешавад.
Бояд зикр кард, ки дар соли 2022 дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини бехатарии парвозҳо ва рушди инфрасохтори авиатсонӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд:
1. Шоҳроҳи асосӣ аз гардиши роҳи оҳан то Фурудгоҳ ва аз он то гардиши шаҳраки Ғафуров пурра аз нав мумфарш карда шуд, ки барои ин иқдом 2 ҳазору 300 тонна асфалти сифатан аъло дастрас шуд.
2. Қисми перрони Фурудгоҳ, истгоҳи ҳавопаймоҳо, роҳи назди бинои ситоди Фурудгоҳ (140 т), минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус ва дигар минтақаҳои ҳудуди аэродроми он низ пурра аз нав мумфарш шуданд, ки барои он беш аз 10 ҳазор тонна асфалт масраф шуд. Барои корҳои мумфаршгардонӣ, агар дар соли 2022 беш аз 13 ҳазор тонна ва дар маҷмуъ, дар ҳафт соли охир дар ҳаҷми умумии беш аз 70 ҳазор тонна асфалт харидорӣ гардид.
3. Бо мақсади мукаммал намудани фаъолияти ҷузъу томҳои хадамоти аэродром, ин ҷо бинои нави дуошёна муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи зарурӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
4. Дар биноҳои меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав корҳои пардозгарӣ дар дохили бино идома ёфта истода, дар таҳхонаи ошхона ҳуҷраҳо барои тайёр кардани хӯрок ва нигоҳдории маҳсулот омода карда шудаанд. Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад, ки аз инҳо 19 ҳуҷраи люкс, 65 ҳуҷраи одӣ, 2 VIP-ҳуҷра ва 4 ҳуҷраи бизнес ҳастанд.
Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта мешавад ва баъди истифодаи он шароит фароҳам меояд, ки ин   нуқта  давоми шабонарӯзӣ 24 соат фаъолият дошта бошаду мусофирон босамар  баҳрабардорӣ кунанд.
5. Дар солҳои 2016-2018, дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии аэродроми Фурудгоҳ хатти парвозу фуруд аз нав мумфарш  аз 2600 метр  то 3200 метр дароз карда шуд. Дар хатти парвозу фуруд таҷҳизоти рӯшноидиҳии мутобиқ ба дараҷаи 1 ИКАО ва системаи фурудоии ILS дар самти магнитии 258° васлу насб карда шуда, имрӯз ба шарофати он имконияти қабул ва гусели дилхоҳ навъи ҳавопаймоҳо дар вақти шабонарӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақша ҳаст, ки дар соли 2023 аз нав мумфаршкунии хатти парвозу фуруд оғоз карда мешавад.
6. Барои аз нав сохтани деворҳои канории Фурудгоҳ пойдевори бетонӣ дар масофаи беш аз 1500 метр сохта шуда, то ба имрӯз зиёда аз 1250 метр девор бо баландии 4 метр бо истифодаи хишти блоки истеҳсоли худӣ сохта шудааст. Масофаи умумии деворҳои навсохти ҳудуди Фурудгоҳ айни ҳол наздик ба 5 км-ро ташкил медиҳад, ки қариб нисфи тамоми дарозии ҳудудро ташкил медиҳад.
7. Баҳри мукаммал ва муосиргардонии парки мошинҳои махсуси перронии он дар солҳои 2016-2022 беш аз 110 адад техника ва мошинҳои махсуси перронӣ харида шуд, аз ҷумла 4 техникаи муосир барои кашидани ҳавопаймо, 8 адад трапзинаҳои замонавӣ, 2 автобуси “Кобус”, ки имрӯз, асосан, дар таҷрибаи фурудгоҳҳои давлатҳои Аврупо истифода мешаванд, мошинҳои раҳнамои ҳавопаймо тамғаи”Хундай” 2 адад, “Тойота” 8 адад, мошини ёрии таъҷилии тиббӣ 1 адад, 1 амбулифт, ду автобуси нав барои интиқоли кормандон ба шаҳрҳои Хуҷанд ва деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 4 лентаи замонавии тақсими бағоҷи мусофирон, як крани сохтмонӣ ва дигарҳо дастрас карда шуданд.
Барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт сохта шуда истода, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд.
8. Аз ҷумла, бояд гуфт, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои 2022-2026 чун Солҳои рушди саноат дар Фурудгоҳ сохтмони фабрикаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ идома дорад, ки минбаъд дар ин ҷо либосҳои махсуси кории кормандони шуъбаҳову хадамоти корхона дӯхта  мешаванд.
Дар иншооти мазкур, инчунин, бинои шустани либосу матоъ, ошхона ва ҳуҷра барои захираи матоъ ва нигаҳдории масолеҳи дарздӯзӣ сохта мешаванд.
9. Дар қисми якум ва дуюми бинои аэровокзали нав ҳамаи ҳуҷраҳо ва хонаҳои корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар айни замон бино пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар соли 2022 дар бинои нави аэровокзал, ҳамчунон, ки дар боло ишора  рафт, ба  зиёда аз 910 ҳазор нафар мусофир хизмат расонд, ки ин нишондиҳанда дар таърихи фаъолияти Фурудгоҳ баландтарин маҳсуб меёбад.
10. Дар соли 2022 дар 5 гармхонаи он парвариши гулҳои мавсимию ороишӣ, сабзавот ва меваҳои ситрусӣ  ба роҳ монда шуда, маҳсули онро дар ошхонаи Фурудгоҳ ва кормандон истифода мебаранд. Боз  зиёда аз 2 миллион тухмиҳои гулҳои мавсимӣ парвариш карда шуда, дар ҳудуди он ва дар боғи фароғатии устод Рӯдакии пойтахт шинонда шуданд. Инчунин, дар ҳамин мавсими сол 10 тонна помидору 10 тонна бодиринг, 2 тонна лимӯву грейпфрут парваришу ҷамъоварӣ карда шуданд.
11. Некуаҳволии кормандон аз масоили муҳиму аввалиндараҷаи роҳбарияти Фурудгоҳ маҳсуб ёфта, имрӯз ҷиҳати таъмини фаъолияти низомноку саривақтӣ ва пурсамари ҷузъу томҳои корхона тамоми шароитҳои меҳнатӣ фароҳам сохта шудаанд. Ҳуҷраҳои кории кормандон навсозӣ ва бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, дар давоми соли 2022 музди меҳнати кормандон 2 маротиба - дар моҳҳои январ ва декабр дар ҳаҷми аз 20 то 30% баланд карда шуд. 
Дар соли 2022 барои пардохти музди меҳнати кормандон беш аз 36 миллион сомонӣ масраф карда шуда, музди миёнаи меҳнат 3 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2016 ҳамагӣ 1ҳазору 800 сомониро ташкил медод.
12. Яке аз тадбирҳои асосӣ ва муҳими таъмини бехатарӣ дар Фурудгоҳ ин васлу насб ва фаъолияти устувори камераҳои мушоҳидавӣ мебошад, ки дар ҷодаи назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ, аз ҷумла тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирии ҳолатҳои терроризму экстремизм воситаи асосӣ ба шумор меравад.
Бо ин мақсад, имрӯз дар Фурудгоҳ 300 камераи назоратӣ фаъол буда, тамоми ҳудуди он, минтақаҳои бозбинӣ ва қайду саворкунии мусофирон, биноҳои маъмуриву истеҳсолӣ, гузаргоҳҳои гумрукиву сарҳадӣ ва дигар минтақаҳо таҳти назорати қатъии видеоӣ қарор дода шудаанд.
- Имрӯз тамоми фикру зикри роҳбарият, ҳайати техникии Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” ба он равона шудааст, ки  чун “дарвозаи ҳавоӣ”-и шимоли мамлакат хизматрасониро ба мусофирон дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда муаррифгари содиқи Ватани азиз бошанд, - иброз медорад Қурбони Алимардон, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд”. 

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив