ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТДОРӢ.  МО ВА ҲУҚУҚҲОИ МО

ДАВЛАТДОРӢ.  МО ВА ҲУҚУҚҲОИ МО

06 май 2024, Душанбе
30
0
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ва меҳварӣ дар назди давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.  Ин аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва мубориза бо падидаву зуҳуроти номатлуб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия рост меояд. 
Бояд гуфт, ки қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ нақши мунир доранд. Татбиқи ин санадҳо имкон медиҳанд, ки масъулиятшиносии шаҳрвандони кишвар боло гардида, бо таҳаммулпазирӣ ва сатҳи баланди маърифатнокии худ дар рушду пешрафти кишвар ва тарбияи ҷавонони даврони истиқлол саҳм мегиранд.
Маълум аст, ки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор буда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонаводаи худ ва ҷомеа таҳаввулоти созандаро ба вуҷуд орад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки арзишҳои зиндагии худро ба хубӣ шиносад ва дар иҷрои самараноки уҳдадориҳояш муваффақ шавад. Ин дар ҳолест, ки дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ бамаротиб боло рафтааст. Мо бояд донем, дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаъолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.
Таваҷҷуҳ намудан ба ин мавзуъ аз ҷониби Сарвари давлат ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ маҳз ба ҳамин мақсад равона гардида, аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд. Ҳоло зарур аст, ки аз ҷониби тамоми табақаҳои ҷомеа ҳадафҳои пурарзиши Пешвои миллат дар самт дарк ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
 
Абдуғаффор ЮСУФЗОДА, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив