ДОҒИ ҶАНГ ДАР ДИЛ
Бо Саид Ӯзбеков аз даврони донишҷӯӣ, охири солҳои 70-уми асри гузашта ба воситаи фарзандонаш ошноӣ пайдо кардам. Дар деҳаи Белайдузи шаҳри Ҳисор мезист. Дуторро бисёр хуб менавохт ва суруд мехонд. Овозаш фораму ширадор буд. Ҳамеша дар лаб ханда дошт ва бо лутфҳои зебо, муҳаббату самимияташ зуд ба дилҳо роҳ меёфт. Ҳар нафаре, ки як бор агар дар суҳбаташ менишаст, орзуи ҳамеша бо ӯ ҳамнишаст шуданро мекард.
Табъи баланди шеъргӯиву сурудгӯӣ дошт. Дар китоби “Эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб”, ки онро академики шодравон Раҷаб Амонов ҷамъовариву ба нашр расонда буд, як шеърашро пештар аз ошноӣ пайдо кардан бо ӯ хонда будам. Байте аз ин шеър, дурусттараш мақтааш дар хотирам мондааст:
Роҳи нав бар кас фароғат медиҳад,
Бар шутур ҳам истироҳат медиҳад.
Зираку ҳозирҷавоб буд.
Зодаи Сарихосор буд. Дар рӯзномаи ноҳиявии Ховалинг фаъолият дошт. Дар соҳаи савдо низ кор мекард. Аз фаъолияташ ва низ муҳоҷиркунонияшон дӯст медошт, ки қисса бикунад.
Ҳар кӣ ӯро агар аз наздик намешинохт, ҳатман аз ҳолаташ ба ин хулоса меомад, ки хушвақту хушбахттарин, бедардтарин нафар ба шумор меравад. Ман ҳам дар оғоз чунин мепиндоштаму тасаввур мекардам. Пас аз чандин сол, ки ба дунёи асрори зиндагияш роҳ ёфтам, фаҳмидам ҳақиқати рӯзгораш дигар аст. Шабонгоҳ, ки маҳсиашро аз по бадар меовард, дарунӣ як оҳи пурдард мекашид. Аз он Саид Ӯзбекови хандонрӯву хушвақт нишоне намемонд. Дутораш ҳам бо хомӯшии хоси худ гӯё бо ӯ ҳамдарду ҳамроз мешуд. Бо пахтаву латта осори захми пояшро тоза мекард.
Бо тараҳҳуму ғамхорӣ як шаб дар ин ҳол аз ӯ пурсидам: - Дард мекунад?
Ба чашмонам нигарист ва чун дарёфт, ки пурсишам аз рӯи муҳаббату ғамхорӣ самимӣ аст, посух дод: - Оре, дард мекунад, бисёр дард мекунад, месӯзад.
- Рӯзона агар касе шуморо бубинад, ҳеҷ бовар намекунад, бо дард, дарди тоқатфарсо мезиед, - гуфтам.
- Ҳамин тавр аст, ана аз ҳамон кӯчахандонҳои хонагирён якеаш манам.
Эҳсосу дарк намудам, ки ин як зарбулмасалро тобиши маъноии дигар дод.
Ӯ чун фаҳмид, ки ба фаҳму умқи суханаш расидам, гуфт: - Ин дард мероси замони осоишта ва ё фаъолиятам нест. Аз ҷанг (муродаш Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд) ба мерос гирифтаам. Аз Сарихосор барои ғалаба бар фашизм, ки аҳдшиканона ба Ватанамон ҳуҷум карда буд, ихтиёран ба майдони набард рафтам. То ба Смоленск ҷангидем. Захмдор шудам. Тирро аз поям гирифта натавонистанд. Хавф дошт. Наздикӣ 40 сол аст, ки ин доғ, ин тирро бо худ мегардонам. Ҳар бегоҳ осори ин захмро тоза мекунам ва саҳар боз малҳамаш мемолам. Бо пайтоба пойро мепечонам.
- Дардҳоро пинҳон мекунед?
- Ин дардҳои ман аст, андуҳамро ба дигарон интиқол намедиҳам. Намехоҳам касе аз он замон, ҷанги хонумонсӯз ёд биёраду ранҷ бикашад.
Соли 1985, ки дар Телевизиони "Тоҷикистон" кор мекардам, дар борааш як намоиш омода сохта будам. Бо диданаш шод шуд. Изҳори сипос кард, ки дӯстонаш пас аз он омадаву аҳволашро пурсидаанд. То он замон мепиндоштанд, ки ӯ дар қайди ҳаёт нест, барвақт дунёро падруд гуфтааст. Дар ин миён чанд нафаре аз онҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ будаанд.
Аҷаб ин аст, ки ду фарзандаш оғози солҳои 80-ум ихтиёран барои хидмат кардан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ариза навиштанд ва дар Смоленск ду сол қарзи фарзандиву шаҳрвандиро адо карданд.
Охири солҳои 80-ум, дақиқтараш 2-юми марти соли 1988 буд, ки Саид Ӯзбеков аз дунё даргузашт. Оре, бо ҳамон тир, доғу дарди ба мерос гирифта. Ин ҳамаро гӯё ҳамроҳи худ зери хок ниҳон кард.
Руҳаш шод боду манзили охираташ обод. Дар ҳақиқат, ӯ ва чун ӯ ҳазорон ҳазор барои Ватан, озодӣ, сулҳу осоиштагии мо ва наслҳои оянда бар зидди фашизм ҷангиданду пирӯз гаштанд.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)