24-УМИ МАЙ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. СММ ПЕШНИҲОДИ НАВБАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПАЗИРУФТ
2-юми майи соли 2024 маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани 24-уми май – Рӯзи байналмилалии морхӯр пазируфт.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи ҷаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он, инчунин, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.
Ҳамчунин, дар санади мазкур аҳамияти конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори кӯҳӣ, ки 12-15-уми октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид гаштааст.
Морхӯр (Capra falconeri - бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шумор меравад ва нақши муҳимеро барои экосистема, гуногунии биологӣ, сайёҳӣ ва ғайра дошта, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳон, бо дарназардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштанаш, муҳим дониста мешавад.
Феълан 3 намуди морхӯр шинохта шудааст: шохпаҳн, гунае, ки 2 зергунаро дар бар мегирад – астурӣ ва кашмирӣ; морхӯри тоҷикӣ ё бухороӣ, ки зергунаи туркманиро дар бар мегирад ва ростшох, ки низ 2 зергуна дорад – кобулӣ ва морхӯри кӯҳҳои Сулаймон.
Дар Тоҷикистон як зергунаи морхӯр шинохта шудааст, ки ҷуссаи калон (вазнаш аз 32 то 109 кг), пойҳои дарози пурқувват, шохи пармашакли вазнин (3735 грам) дорад. Рангаш бӯри малла, ё хокистарранги сафед аст. Пашми морхӯр вобаста ба фасли сол тағйир меёбад (зимистон дарози маҳин ва тобистон нисбатан кӯтоҳи тунук мешавад). Морхӯр ҷонвари хоси кӯҳистон (баландиҳои 2000-2800 метр аз сатҳи баҳр) буда, дар ҷанубу ғарби кӯҳсори Дарвоз ва Ҳазратишоҳ зиндагӣ мекунад. Хӯрокаш алаф ва шоху барги баъзе дарахтон мебошад. Мувофиқи баъзе маълумот, саршумори морхӯр дар Тоҷикистон тақрибан 1000 сар аст.
Мамнуъгоҳи Даштиҷум махсус барои ҳифзи морхӯр таъсис дода шудааст, ки дар он беш аз 150 сар морхӯр зиндагӣ мекунад. Морхӯр ба «Китоби сурхи байналмилалӣ», «Китоби сурхи Иттиҳоди Шуравӣ» ва «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил шудааст. Шикори морхӯр аз соли 1956 манъ мебошад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)