ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУАЛЛИМ УСМОН РАҲМОНОВ АЗ МЕҲР ТО МУҲАББАТ

МУАЛЛИМ УСМОН РАҲМОНОВ АЗ МЕҲР ТО МУҲАББАТ

13 май 2024, Душанбе
42
0
(Дар ҳошияи мақолаи «Муаллими ман»-и С. Ятимов. «Ҷумҳурият», № 80-81 аз 30.04.2024)
Нашри мақолаи «Муаллими ман»-и профессор С. Ятимов дар нашрияи муътабари «Ҷумҳурият» эҳсос ва муҳаббати ҳар як хонандаро нисбат ба муаллим бедор мекунад, чеҳраи муаллимони азизу муътабарро барои ҳар як нафар шогирде, ки барояш саводу маърифат омӯхтааст,  пеши назараш ҷилвагар месозад.
Дар се соли охир ҳам тавассути нашрияи «Омӯзгор» ва ҳам дар саҳифаи иҷтимоии интернетиам дар бораи муаллим, симои фаромӯшношудании муаллимони гиромиам зиёд ёдпораҳое навиштаам. Аммо таҷассуми чеҳраи устод Усмон Раҳмонов аз тарафи профессор С. Ятимов, бори дигар дар эҳсосу вуҷуди ман ҷумбишу ғалаёни наверо ба вуҷуд овард ва таҳрики тозае барои илҳоми эҷодиам бахшид. 
Зеро навиштаи муаллифи «Муаллими ман» меҳрномаест саршор аз арҷгузорию сипос нисбат ба омӯзгоре, ки тухми илму адабро дар мафкураи шогирдаш кишт кардааст. Ин воқеиятест, ки як шахсияти маъруф бо муҳаббат, меҳр  ва самимият аз устоди хеш ёд мекунад. 
Ин иқдоми наҷибро метавон идомаи ҳарфҳои фаромӯшнашаванда ва хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобид, ки зимни як мулоқот бо сокинони ВМКБ дар бораи муаллимаи аввалинашон  ёдовар шуда буданд. 
Муаллифи мақола бо тасвири зоҳир ва ботини устод Усмон Раҳмонов, ба таври возеҳ чанд масъалаи мубрами ҷомеа, бахусус, ҷойгоҳи муаллимро дар ташаккули шахсият ва ҷомеа, барои садҳо ҳазор шогирдони имрӯза бозгӯӣ намудааст.
Тавассути овардани чеҳраи Усмон Раҳмонов дар бораи хосияти муайянкунандагии илму дониш, дар бораи ифтихор на ба миқдор, балки ба сифати шогирдони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, нафъи онҳо ба ҷомеа, муқаддасоти мактаб, ҷойгоҳи муассисаҳои таълимӣ дар сохтори давлату ҷомеа, муҳимияти таълиму тарбия ба таври хеле мушаххас  масъалагузорӣ намудааст.
Тариқи тафсири шахсият ва касбияти Усмон Раҳмонов, муаллиф чеҳраи  ҳақиқӣ ва рисолати муаллими дирӯзро барои омӯзгори даврони истиқлол, чун намунаи ибрату пайравӣ тасвир кардааст. 
Ҳадафи нависанда баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеаи кунунӣ ба воситаи рисолати худи омӯзгор аст, ки барояш ҳам аз ҷониби ҷомеа ва ҳам давлат мушаххас гардонда шудааст. С. Ятимов таъкид месозад: «Дар ҷараёни таълиму тарбия муаллим шахсияти марказӣ, офарандаи фазо ва амаликунандаи мақсадноки тарбия аст. Бинои ҳозиразамони мактаб, васоити техникӣ, синфҳои компютерӣ, майдончаҳои барҳавои варзишӣ гарчанде муҳиманд, аммо нақши марказонидашудаи муаллим меҳвари муайянкунандаи ҷараёни маърифаткунонии бунёдии ҷомеа буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд».
Муаллиф барҳақ орзуманди он аст: «дар ҳар мактаб, ҳадди ақал, мебояд чанд муаллиме фаъолият кунанд, ки талабагон имкон дошта бошанд, то дар сатҳи кадом як синфе «аз дасти онҳо гузаранд». 
С. Ятимов он рӯзгори некро бо хушнудӣ ёдоварӣ карда менависад: «Барои ман, ҳамчунин муаллим, ки баъдан тамоми умр «ангуштгазидание ба шогирдон монд», Усмон Раҳмонов буд».
Инро ҳам бе муболиға иқрор бояд гашт, ҳар он ки мақолаи мазкурро хондааст ва мехонад, ҳатман ин «ангуштгазидании шогирдон» дар назараш ҷилвагар мешавад.
Баъди қироати «Муаллими ман», дар тимсоли Усмон Раҳмонов, фарҳанги либоспӯшӣ, муносибату муомила, хоксорию фурӯтанӣ, муҳаббату эҳсоси баланд ба шогирдон, симои муаллимони азизам дар мактаби деҳа ва донишгоҳ, чун навори кино аз лавҳаи хотиротам гузаштанд. 
Тарзи овардани малакаҳои инфиродии Усмон Раҳмонов дар «Муаллими ман», худ як дарси маҳорати педагогӣ барои омӯзгорони ҷавони имрӯза мебошад. Муаллими ҳақиқӣ дар мисоли ӯ  бо тамоми ҷузъёти хоси тарбиятгари насли оянда тасвир ёфтааст, шурӯъ аз талаботҳои педагогию психологӣ, то методикаи дарсгузарию пешкаши мавзуъ ба шогирдон.
Масъалаи дигари ниёз ба омӯзишдошта ин аст, ки оё хонандаи имрӯза тавони фаҳм ва қудрати дарки дарси омӯзгори асилро дорад? Мо дар мақола возеҳу равшан мебинем, ки дар он замон, ҳатто хонандагони синфи панҷум, қобилияти фаҳмиши андешаҳои муаллими ҳақиқиро доштаанд. Муаллим барояшон як симмати пайравӣ буд, пайравӣ дар донишандӯзӣ, фарҳанги рафтору гуфтор, муомилаву муошират, соҳибмуҳокимаву масъулиятшинос будан.
Муаллифи мақола худ иқрор ҳам гардидааст: «Он вақт бори дигар фаҳмидам, ки на танҳо ман, балки дар ҳамон синну соли наврасии мактаби ҳаштсолаи деҳоти дурдаст, хонандагон ба камтарин ҷузъиёти рафтор, гуфтор, тарзи либоспӯшии муаллимон таваҷҷуҳ мекарда будаанд. Ва он якумр дар хотири шогирдон боқӣ мемондааст».
Дар баробари ёдоварӣ аз лаҳзаҳои сабақомӯзии устод Усмон Раҳмонов, муаллифи мақола аз мушкилоти ҳамонрӯзаи муаллимон ҳам дар дастрасии мавод ишора мекунад: «Боиси таассуф буд, ки дар замони то истиқлоли давлатӣ, ба барномаи дарсии «Таърихи Тоҷикистон» таваҷҷуҳи камтар зоҳир мешуд. Соатҳо басанда набуданд. Ба ғайр аз ҳафриёти археологӣ дар мавзеъҳои Аҷинатеппа, Кайқубод, Тешиктош ва баъзе дигар рӯйдодҳои начандон муассири таърихӣ, маълумоти ҷолиби таваҷҷуҳе мавриди омӯзиш қарор намегирифт. Донишҳо доир ба таърихи халқи тоҷикро мо бештар аз китобҳои дарсии адабиёти тоҷик мегирифтем. 
Китобҳои асосии дарси таърих ва география – «Таърихи СССР» ва «Географияи табиии СССР» буданд. 
Ин китобҳо ҳам берун аз Тоҷикистон таълиф мешуданд. Барои тамоми хонандагони шашяки рӯйи замин ягона маҳсуб мегаштанд. Ба забонҳои миллӣ тарҷума мешуданд».
Профессор С. Ятимов тавассути ёддоштҳои худ нисбат ба устодаш Усмон Раҳмонов, мушкилоти имрӯзаро дар самти таълиму тарбия ислоҳ карданӣ мешавад. Ӯ бар он аст, ки омӯзгори ҳақиқӣ бояд ба мисли У. Раҳмонов,   бо  шарҳ додани муҳтавои воқеа, зуҳурот ва ҳодисаҳо, қадам ба қадам ба моҳият ва мақсади дарс наздик шавад. Ба воситаи тафсири мундариҷаи мавзуъ бо далелҳо, ноаён, зина ба зина эҳсоси хонандаро ба муҳтавои масъала,  бедор намояд. Кӯшиш бояд кунад, то заҳматҳои асиле, ки мекашад, беҳуда набошанд ва моҳияти мавзуъ барои хонандагон равшану фаҳмо бошад.
Маҳз бо ҳамин мақсад маҳорати педагогии омӯзгор Усмон Раҳмонов дар мақолаи «Муаллими ман»  ҳамаҷониба тасвир карда шудааст.
Дуруст аст, ки ояндаи ҳар як инсон аз муносибати муаллим ба тарбия ва таълим, аз муносибати муаллим ба шогирд ва шогирд ба муаллим вобаста аст. Барои ҳамин муаллифи мақола аз нигоҳи фалсафӣ ба аслият ва мақсади фаъолияти мактабӣ наздик мешавад: «Муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии инсон дар таносуб ба илм мисли муҷассамаест, ки бояд хосияти бунёдӣ дошта бошад. Ояндаи инсон вобаста ба он аст, ки ин таҳкурсӣ аз кадом мавод, барои кадом иморат ва барои чи таъиноте сохта шудааст? Маълум аст, ки  «Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон аст, Ҳамеша то бувад оин-ш, гирдгардон буд» (Рӯдакӣ). Оё ин зербино ба чунин шароит тобовар ҳаст ё не? Тавоне дорад, ки дар болои он бинои зиндагии мақсаднок, барои манфиати худи инсон бунёд шавад?». 
Муаллим Усмон Раҳмонов «мехост шогирдонро соҳибмаърифат, мустақил, ҷӯянда, навовар, нотарс ва мубориз тарбия  кунад ва ин сифатҳо коромади манфиатҳои Ватан бошанд. Доштани чунин хислатҳоро шарти ба ҳам мувофиқ омадани неруҳои руҳӣ ва ҷисмонӣ медонист».
Муаллифи мақола имрӯз низ омӯзгоронеро мехоҳад даст ба кор бинад, ки муносибаташон ба таълиму тарбия ҳамсони устод Усмон Раҳмонов бошад. Хусусан дар шароити кунунӣ, ки маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст, бояд ҳарчӣ, бештару бештар шогирдони ватандӯст,  соҳибмаърифат, мустақил, ҷӯянда, навовар, нотарс ва ҳомии Ватану миллат тарбия ва ба воя расонида шаванд. 
Инҷониб муддате фаъолияти омӯзгорӣ дошт. Бо тақозои вазифа имрӯз ҳам ба фаъолияти омӯзгорон сару кор дорам. Аммо, иқрор мешавам, ки мазмуни як дарс, маҳорати омӯзгорро ҳамакнун дар симои муаллим Усмон Раҳмонов ва баёнашро дар тасвири муаллифи мақола дарёфтам. Чунончи: «Кушодани қитъаи навро аз ҷониби Колумб натиҷаи панҷ хислати бузурги ӯ маънидод мекард: муҳаббат доштан ба китоб, сару кор гирифтан ва омӯхтани адабиёти илмӣ (1), касбияти олӣ (2), иродаи қавӣ (3), ватанпарварӣ (4) ва ҷасуриву далерӣ (5). 
Мо, бачаҳои давр, ба зоҳир ва рафтору кирдори муаллимамон нигариста, суханонашро гӯш карда, ба ӯ эътиқод доштем. Аз  ӯ ифтихор мекардем. Муътақид будем, ки ҳамин панҷ хислат дар ботини худи муаллими мо Усмон Раҳмонов ғолибият дорад. Ва мо бояд  пайрави ӯ бошем». 
Ҳамин тавр, муаллифи мақолаи «Муаллими ман» дар тасвири симои муаллими азизаш Усмон Раҳмонов  бо як маҳорат, далелнокӣ, таъиноти табиӣ ва шахсияти муаллими ҳақиқиро дар ҷомеаи имрӯза кушодаст. Ин мақоларо на танҳо ёде аз ҳаёти ибратбахши як омӯзгори ҳақиқӣ донист, балки онро метавон ҳамчун намунаи дарс ва сабақи маҳорати педагогӣ барои омӯзгорони даврони истиқлоли миллӣ пазируфт.
Чунончи, муаллифи мақола менигорад: «Таҷрибаи кори Усмон Раҳмонов, ба назари  ман, намунаи олии фаъолияти тахассусмандонаи мақсадноки як муаллими одии деҳаи дурдасти  замони бе чароғи барқӣ буд. Ӯ тамоми ҳастии худро барои бунёди ҷаҳонбинии илмии шогирдон, эҳтимоли шахсиятсозии онон равона мекард. Тавассути таълиму тарбия, ки шахсияти худи муаллим, зоҳир, ботин ва рафтори ӯ қисмати муҳими ин ҷараён буд, заҳмат мекашид, то фарзандони мардумро барои фоидаи худи мардум, барои шинохти илмии замона ба хотири рушду пешрафти ҷомеа омода намояд».  
Сипосгузорӣ мекунам ба муаллифи мақолаи «Муаллими ман», ки тавассути ин мақола кӯшидааст то ҷойгоҳи асосӣ ва рисолати муаллими ҳақиқиро дар ҷомеа нишон диҳад ва итминон дорам, ки ин иқдом заминае барои таълифи силсиламақолаҳо дар атрофи тамоми муаллимони арзандаю шоиста мегардад.  
 
Қурбоналӣ РАҲИМОВ,
узви Иттифоқи журналистони ҶТ, корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив