ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ ВАТАНДӮСТ ВА МИЛЛАТИ НИҲОЛПАРВАР Ё НИҲОЛШИНОНӢ СУННАТИ ВОЛОИ ТОҶИКОН АСТ

ПЕШВОИ ВАТАНДӮСТ ВА МИЛЛАТИ НИҲОЛПАРВАР Ё НИҲОЛШИНОНӢ СУННАТИ ВОЛОИ ТОҶИКОН АСТ

13 март 2023, Душанбе
36
0


Миллати тоҷик – миллати бисёр суннатҳои волои миллист, ки аксарашон решаҳои амиқ дар замину заминаи таърих доранд ва яке аз ин суннатҳои наҷибу писандидаи мардуми тоҷик ниҳолшинонист. 
Арҷгузорӣ ба замин ва муҳаббат ба табиат падидаи дерин ва қадимтарини  халқи бафарҳанги мо маҳсуб меёбад.
Банда дар тули сафарҳои худ ба гӯшаҳои гуногун ва дурдасттарини кишвар шоҳиди арҷгузории мардуми тоҷик ба хоку замин ва муҳаббати волояшон ба заминдориву боғкорӣ гардидаам. Хусусан, дар он  мавзеъҳои кӯҳистон, ки саросар сангсор ҳастанд. Мавзеъҳоеро дидаам, ки марди кӯҳистонӣ дар он баландиҳо хокро ба  доман кашондаву дар канори сангҳо замин сохтаву дар он ниҳоле парваридааст. Чӣ қадар муҳаббат, заҳмат ва сабру тоқат  бояд дошт, ки бо дастони тиҳӣ дар он кӯҳистони баланд, бидуни истифодаи техника, ки истифодааш дар он маврид имкон ҳам надошт, як санглохро аз сангҳо тоза намудаву ба он хок кашонда, замин ва заминае фароҳам оваранд барои шинондани дарахту гулу гиёҳ. 
Гумон мекунам, агар пажӯҳиши дақиқи илмӣ гузаронда шавад, собит хоҳад шуд, ки суннати ниҳолшинонӣ, ки баъдан дар миёни мардуми мо ба ҳашари умумихалқӣ табдил ёфт, дар баробари маросими машҳури миллии мо Наврӯзу Садаву Меҳргон таърихи хеле қадима дошта, ҳадафҳои баланди  инсониро пайгирӣ намудааст.
Хушбахтона, дар замони эҳёи навини Тоҷикистони озоди мо, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо ташаббуси Сарвари Тоҷикистони навин Эмомалӣ Раҳмон ин суннат бо ҷилои хоссаи нав падидор омад. Ёд дорем, он рӯзҳои хеле гаронеро, ки мардум дар парешониву номуайянӣ, таҳдиди ҷангҳову гуруснагӣ ба сар мебурд, маъракаи ниҳолшинонӣ,  як падидаи дурахшони ғайри чашмдоште гардид, ки то ба имрӯз идома дорад. Ва тасаввур кунед, ки дар зарфи беш аз сӣ сол чӣ миқдор ниҳолу гулу нахлҳо дар саросари кишвар шинонда шуданд. Аммо он замон ин падида ба як рамзи хеле хуҷаста табдил ёфт ва аз дили бузурги як  ватандӯст, аз дили зебоипарасти Сарвари навини Тоҷикистон, аз завқи баланди ӯ дарак медод, ки ҳатто, дар ҳамон замоне, ки он қадар мушкилот садди роҳ буду баъзеҳо нони хӯрданӣ надоштанд, ӯ мардумро ба бунёди гулгашту гулзору боғҳо раҳнамоӣ менамуд. Шахсан ман ифтихор мекунам, ки чунин Сарвари табиатдӯсту ватанпарвар дорем.
Осори бузургони сухани гузаштаи мо далолат бар он мекунанд, ки маросими ниҳолшинонӣ суннати дерини ин  мардуми хирадманд будааст ва шинондани ниҳол, парвариши дарахт дар шеъри классикии мо  таҷассуми шоиронаи  худро  ёфтааст. Аз ҷумла, Унсурӣ гуфтааст: 
Ба як моҳ боло гирифт он ниҳол,
Фузун з-он ки дигар дарахтон ба сол.  

Баъдан ниҳолшинонӣ ва парвариши дарахт дар шеъри классикони  номдори мо рамзҳои зиёди маънавӣ гирифт, ки инро метавон бо далелҳои зиёде аз ашъори бузургонамон нишон дод.
Дар нақлу ривоятҳо ва ашъори классикони мо дар хусуси ҳикмати ниҳолшинонӣ низ хеле зиёд ҳикоятҳо омадаанд. Ва ин ривояте, ки  пирамарде бо қомати хамида ниҳол мешинонд  ва ҷавони раҳгузаре бо ҳайрат пурсид, ки чаро ин ниҳолро мешинонӣ, ки то борвар шудани он ту дар олам нахоҳӣ буд, ҷавоби пандомези мӯсафед чунин буд, ки дигарон, яъне падарону бобоён, дарахтҳое парвариданд, ки мо имрӯз ҳосили онҳоро хӯрдаву раҳмат мегӯем ва ин ниҳоле, ки ман мешинонам, вақте борвар мешавад,  шояд ман низ, нахоҳам буд, аммо раҳгузаре меваи лазизи онро хӯрдаву аз паси ман раҳмат хоҳад гуфт. Ва ин мазмун низ дар шеъри гузаштагони мо чунин баён  ёфтааст:
Чу худ хӯрдаӣ барги пешинагон,
Дарахте пасояндагонро нишон.

Мардуми шарифи тоҷик медонад, ки дар баҳор шинондани ниҳолу дарахт фазилатҳои неки худро дорад ва яке ин аст, ки боғбон  метавонад ба рафти афзоиши он назорат кунад ва ҳам эҳтимоли сармохӯрии он дар ин мавсим кам аст. Чун ҳоло баҳор асту мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфтааст, мо медонем, ки чун анъана Пешвои миллатамон яке аз аввалинҳо шуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ мебароянд ва аминем, ки хурду бузург дар тамоми гӯшаҳои кишвар ба ӯ шарик гашта,  саҳми арзандаи худро дар сарсабзу гулзоркунии ватанамон мегузоранд.
Натиҷаи ҳамин сиёсати ватанпарваронаву табиатдӯстонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки дар давоми 10 – 15 сол  танҳо дар пойтахти ватанамон – Душанбеи шукуфон теъдоди зиёди боғҳо бешабеҳ ва яке аз дигаре зебо ба вуҷуд омаданд. Ва илова бар ин, имрӯз дар Душанбе ягон маҳалу  кӯчаву хиёбоне нест, ки бо гулгашту  гулзору дарахтон оро наёфта бошад. Воқеан, пойтахти моро метавон шаҳри беназири боғҳо номид. Гумон аст, ки чунин теъдоди боғҳо дар ягон шаҳри дигар бошад.
Бояд гуфт, ки ин ҳама ташаббусҳои ибратбахши Пешвои миллатамон дар роҳи ниҳолшинонӣ, парвариши боғу роғҳо, гулпарварӣ ва дар маҷмуъ, зебоипарастии  он кас, бидуни шубҳа, дар тарбияи ҳисси зебоидӯстиву  озодагӣ, покизаманишиву ватандории наслҳои  имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азизамон нақши беандоза бузург хоҳанд гузошт.
Дар суннати  ниҳолшинонии  миллати тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Пешвои ватандӯсти он як падидаи наву бешабеҳи дигар – овардану шинондани  намудҳои гуногуни ниҳолу гул аз тамоми гӯшаҳои дунё амалӣ гардид.   Пешвои миллат аксари  ин дарахтонро аз сафарҳои хориҷии худ ба Ватан овардаанд ва ин аҷиб аст, ки дар замини башарпарвари Тоҷикистони азизи мо бисёри ин дарахтон сарсабз шуданд ва боғу гулзорҳои Ватани моро, ки пайваста доманаи густурдатаре мегиранд, ба мазҳар ва рамзи фурӯғи меҳру муҳаббат, завқи баланди зебоишиносӣ ва сулҳу дӯстиву рафоқат табдил медиҳанд. Ва ин сиёсати Ҳукумати Тоҷикистону Пешвои миллати мо ба он байти машҳури Хоҷа Ҳофиз маънои бештари рамзӣ медиҳад:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, 
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив