АЗ СИФАТ ТО БЕСИФАТӢ Ё ВАҚТЕ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО МЕДОНАД...
Ҳамарӯза, новобаста ба мавқеъ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа, мо ягон намуди маҳсулотро мехарем ва ё ягон навъи кору хизматрасониро анҷом медиҳем. Ҳамин аст, ки ҳамаи мо истеъмолкунанда ба шумор меравем. Дар ин росто, Ҳукумати мамлакат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи ҳар яки моро ҳамчун истеъмолкунанда ҳифз менамояд. Ҳамзамон, барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатӣ бехатар кафолат медиҳад, инчунин, аз хариди ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии мо созгор нест, моро ҳимоя мекунад.
Мутаассифона, дар кишварамон бисёр одамон то ҳол ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда намедонанд. Ҳамин дониши ҳуқуқӣ надоштан сабаб мешавад, ки онҳо дар мағозаю марказҳои савдо, бозорҳо ҳангоми харид фиреб мехӯранд. Ҳадафи Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешгирии қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда ва фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад. Дар ин Қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 21 Қонуни зикршуда омадааст: «Дар ҳолати нуқсони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурӯшанда (истеҳсолкунанда) вазифадор аст, ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурӯшанда (истеҳсолкунанда), дар давоми 14 рӯзи тақвимӣ пешниҳод кардани талаботи зикргардида, иваз намояд».
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда) дар рӯзи пешниҳод намудани талаботи мазкур моли ивазшаванда надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як моҳи пешниҳод кардани талаботи мазкур иваз намояд. Истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли дорои сифати номатлуб фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда пешакӣ аз он огаҳ накардааст, бояд тарзи дурусти муроҷиатро риоя намояд. Дар навбати аввал, шикояти худро ба фурӯшанда ё истеҳсолкунанда (дар шакли хаттӣ, дар хусуси бартараф кардани нуқсон, ба таври ройгон иваз кардан ва ё пардохтани маблағе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда харҷ шудааст) пешниҳод намояд. Дар баробари шикоят, истеъмолкунанда бояд нусхаи чеки хазина ё ягон ҳуҷҷати дигареро, ки аз ҳамин нуқта харидорӣ шудани молро собит месозад, пешниҳод кунад. Дар ҳолати аз ҷониби фурӯшанда қонеъ нагардондани талаботи истеъмолкунанда ва ё ба таври хаттӣ дар давоми 14 рӯз ҷавоб нагирифтан, тибқи қонунҳои ҷорӣ, ӯ ҳуқуқ дорад ба мақомоти махсуси ҳимоякунандаи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва ё ба суд муроҷиат намояд. Дар ҳолате ки шумо аз ҳуқуқҳои хеш огоҳ набошеду дар мавридҳои зарурӣ ба ҷойи лозима дуруст муроҷиат карда натавонед, мақомоти салоҳиятдор низ наметавонанд ба шумо ёрӣ расонанд.
Ягона ҳимоятгари истеъмолкунанда санаду меъёрҳои расмӣ, қонунҳои ҷорӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад. Бояд зикр намуд, ки талаботи Қонун ҳамон вақт амалӣ мешавад, ки агар истеъмолкунанда ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонад, ҳамчунин, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорад. Дар асл, истеъмолкунанда дар бозор, мағоза ва ё нуқтаҳои савдо ҳамон боре (мол, хизматрасонӣ)-ро, ки мехарад, аллакай, интихоб кардааст.
Мурод Ашуров, корманди Агентии “Тоҷикстандарт”, дар робита ба ин масъала, изҳор дошт, ки агар истеъмолкунанда пеш аз харидани молу маҳсулот аз чанд тавсияи муфид истифода барад, ба манфиати ӯ хоҳад буд. Пеш аз харид кардан ба зебоии қуттиҳо, расмҳои рекламавии онҳо дода нашавад, зеро на ҳамеша қуттии зебо нишони хушсифатии мол аст.
– Ба эълони «Моли фурӯхташуда иваз карда намешавад» дода нашавед, зеро шумо тибқи қонун ҳуқуқ доред молеро, ки дорои сифати номатлуб аст, иваз намоед ё ҷуброни онро гиред. (Баъзе чизҳои истисноие ҳастанд, ки иваз карда намешаванд). Аз фурӯшанда ҳуҷҷат ё чеки хазинаро талаб кунед, ки дар он моли харидаатон, арзиши он ва нуқтаи фурӯш зикр гардида бошад. Барои моли истифодааш дарозмуддат аз фурӯшанда дастур барои тарзи истифода ва сертификати кафолати онро талаб намоед (сарфи назар аз моли хориҷӣ будани ашё, дастур бояд ба забони давлатӣ бошад). Кӯшиш намоед, то фурӯшанда коршоямии молро дар назди шумо тафтиш кунад. Яъне, шумо бояд онро дар ҳолати коршоямӣ ва сифатнокию кафолатнокӣ гиред, – мегӯяд М. Ашуров.
Мусаллам аст, ки муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ буда, чунин ҷомеа бидуни эҳтиром ва риояи ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя, амал ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ниҳоят муҳим аст. Аз ҷониби дигар, аз назари олимону ҳуқуқшиносон, бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад ҳамчун шахси соҳибмаърифат дар рушд ва пешрафти рӯзгори худу хонавода ва ҷомеа саҳм гузорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)