ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НЕРУИ ОФТОБӢ ВА ШАМОЛӢ. ИҚТИДОРИ НАВ БАРОИ ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

НЕРУИ ОФТОБӢ ВА ШАМОЛӢ. ИҚТИДОРИ НАВ БАРОИ ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

13 май 2024, Душанбе
73
0
 
Кишвари мо аз ҷиҳати захираҳои обӣ ғанӣ буда, релефи кӯҳӣ ва дарёҳҳои он имкон медиҳад, ки сарбандҳои баланд ва неругоҳҳои бузурги барқи обӣ бунёд намояд. 95 дарсади неруи барқи истеҳсолшаванда дар кишвар аз ҳисоби 14 неругоҳи барқи обии калонтарин дар ҷумҳурӣ мебошад.  Аммо ба ҳар сурат, тавре экологҳо меҳисобанд, дар баробари энергияи обӣ, энергияи алтернативӣ, яъне офтобу шамол низ, афзалият дорад, зеро энергияи офтобӣ ва   шамолӣ барои мамлакати мо  хеле муҳим аст.
 
АФЗАЛИЯТИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ» 
Манбаъҳои барқароршавандаи энергия ин ҳамон “энергияи сабз” мебошад, ки дар бисёр конфронсҳои сатҳи байналмилалии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва диверсификатсияи тавлиди неруи барқ бештар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. “Энергияи сабз” аз он хотир афзалият пайдо кард, ки сӯзишвории истихроҷшаванда – газ, нафт ва уран бемаҳдуд набуда, захираи онҳо дер ё зуд ба охир мерасад. Аз ин рӯ, бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, бар он талош менамоянд, ки дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ҳарчи зудтар муваффақ шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори энергияи офтобӣ ва шамолӣ хеле баланд аст. Обу ҳавои ин кишвар барои истифодаи энергияи офтобӣ муносиб буда, ба ҳисоби миёна дар он 280-330 рӯзи офтобӣ мавҷуд аст ва дар минтақаҳои кӯҳӣ фаъолияти интенсивии радиатсияи офтобӣ дар давоми сол аз 280 то 1120 МҶ/м2 мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ, захираи энергияи офтобӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 25 миллиард кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин захираҳо ҳанӯз истифода намешаванд.
Истифодаи энергияи мавҷуда метавонад 10-20 дарсади талаботи мамлакатро бо неруи барқ таъмин созад. Ин иқтидор барои қисман пӯшондани камбуди неруи барқ дар кишвар, махсусан дар деҳот, ки 60 дарсади аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ёрӣ мерасонад, 
 
ОЁ ДАР КИШВАРИ МО АЗ НЕРУИ ОФТОБӢ ИСТИФОДА МЕБАРАНД?
Соли 2019 Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ васлу насби як стансияи офтобиро бо иқтидори 200 кВт дар маркази ноҳияи Мурғоб ба роҳ монда, дар ҳамин ҷо соли 2020 неругоҳи нави барқи офтобӣ бо иқтидори 220 кВт ба истифода дода шуд ва аз соли 2022 инҷониб неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 600 кВт фаъолият менамояд. Аммо роҳандозии истифодаи неруи офтобӣ танҳо дар як ноҳия қонеъкунанда набуда, зарурати дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ намудани он ба миён омадааст. Тибқи таҳлилҳо, захираҳои асосии энергетикӣ аз ҳисоби радиатсияи баланди Офтоб, асосан, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрави вилояти Хатлон, инчунин, дар шарқи Тоҷикистон (ноҳияи Мурғоб) мавҷуд мебошад. Дар робита ба масъалаи мазкур, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо доданд. Ин масъала дар яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетика дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дарҷ шудааст, ки барои диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ вусъат дода мешаванд. Дар ин бора ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар кишвар дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд (бо иқтидори 200 МВт) ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа 17-уми феврали соли 2023 шартнома бо консорсиуми ширкатҳои JURU Energy Limited (Британияи Кабир) ва Rina Consulting (Италия) ба имзо расонда шуда, корҳо оғоз гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об вобаста ба татбиқи чунин лоиҳаҳо бо дигар шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ USAID, ҳамкориҳо идома доранд.
Бо Вазорати савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея тавассути Институти Корея оид ба рушди технология низ ҷиҳати бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд бо иқтидори 7 МВт ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бунёди чунин неругоҳ бо иқтидори 3 МВт ҳамкориҳо оғоз ёфта, аз ҷониби Институти мазкур маблағҳои грантӣ пешниҳод шудааст. То ин муддат пудратчии лоиҳа интихоб гардида, корҳои омӯзишӣ ва ҷустуҷӯӣ дар мавзеи навинтихобшуда идома доранд. Ғайр аз ин, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши масъалаи имконияти бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори 1500 МВт бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳо идома доранд. Ширкатҳо аз мавзеъҳои ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров дидан карда, ҳисоботи пешакиро пешниҳод намуданд.  
 
ДАР БОРАИ ИҚТИДОРИ ЭНЕРГЕТИКИИ ШАМОЛИ ҶУМҲУРӢ ГУФТАН МУМКИН АСТ?
Дар мавриди шамол инро бояд гуфт, ки иқтидори энергетикии шамоли ҷумҳурӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Тибқи ҳисобҳои гуногун, он дар як сол аз 30 то 100 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ,  бо назардошти ин маълумот, гуфтан мумкин аст, ки энергияи шамолӣ бо неруи барқи обии кишвар рақобат карда метавонад. Афзалияти бунёд ва истифодаи неругоҳи барқи офтобӣ ва шамолӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он ба муҳити зист амалан ҳеҷ таъсир надорад ва ин технология, воқеан, аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мегардад. Бартарияти дигар ин аст, ки ҷараёни истеҳсолии таҷҳизоти офтобӣ бесадо буда, имкон аст, дар бомҳо ва деворҳои биноҳои истиқоматӣ насб карда шаванд. Истифодаи таҷҳизоти офтобӣ одӣ буда, ба таври автоматӣ роҳандозӣ мегардад. Неругоҳҳои барқи офтобӣ ва шамолӣ ҳам автономӣ ва ҳам дар пайвастагӣ бо низоми умумии энергетикӣ фаъолият менамоянд, ки самаранокии кафолатноки неругоҳҳо на камтар аз 25 сол аст. Бо назардошти чунин бартариятҳо, дар маҳалҳо дар боми хонаҳо ҳарчи бештар насб кардани панелҳои офтобӣ ба манфаит хоҳад буд. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар ҳудуди мамлакат панелҳои офтобӣ, аккумуляторҳо (батареяҳо) ва дигар таҷҳизот истеҳсол карда шаванд.
Яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, ғайрисаноатӣ, муассисаҳои буҷетӣ, аҳолӣ барои таъмини талаботи худӣ ва ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирӣ ва харидуфурӯши дутарафаи неруи барқ байни Ҳукумати мамлакат ва истеҳсолкунандагони хусусӣ мебошад, ки феълан аз мушкили асосии соҳа ба ҳисоб меравад. 
Имрӯз такя кардан ба як манбаи неруи барқ хеле хатарнок аст, чунки, бо назардошти обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири тағйирёбии иқлим, ҳаҷми он тадриҷан дар тули солҳо коҳиш меёбад. Дар ин самт татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатию лоиҳаҳои байналмилалӣ зарур мебошад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив