КИТОБДОРӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА
Дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии китобдорони китобхонаҳои кишвар аз проблемаҳое ба шумор меравад, ки ҳаллу фасли муваффақонаи он ба сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, савияи илму дониш, тафаккур, ахлоқ, такомули шахсияти насли ояндасози кишвар, тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии кӯдакону наврасон вобаста мебошад.
Сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ буда равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии соҳаи китобдории ҷумҳурӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳо ба қадри имкон саҳм гузошта истодаанд. Тахассусҳое, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таълим дода мешаванд, вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза бояд мутобиқ ва ҳамоҳанг гарданд. Дар навбати худ, ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, дар ташаккули инфрасохтори таълимии соҳаи китобдорӣ, ки китобхонаҳо бештар ба он эҳтиёҷ доранд, вобастагӣ дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 1361 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 3395 нафар корманд фаъолият мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 586 нафар бо маълумоти олии тахассуси умумӣ (17,3%), 1063 нафар олии умумӣ (31,3%), миёнаи касбии китобдорӣ 1119 нафар (32,9%), 223 миёнаи касбии ғайрикитобдорӣ (6,6%) ва бо маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ 403 нафар (11,8%) фаъолият мекунанд, ки нисбати ба соли 2016 теъдоди мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи касбии китобдорӣ дошта 10% зиёд шудааст.
Айни замон дар ҷумҳурӣ марказҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Китобхонаи миллӣ фаъолият мекунанд, ки дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси корманди китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ва дигар навъҳои китобхонаҳо то андозае саҳм гузошта истодаанд. Дар муддати панҷ соли охир беш аз 500 нафар корманди китобхонаҳо савияи дониши худро такмил додаанд. Дар ин курсҳо, аслан масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ, роҳҳои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба хонандагон, таҳияи феҳристи электронӣ, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобдорӣ ва татбиқи низоми худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ бо истифода аз технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Барои баланд бардоштани мақоми курсҳои такмили ихтисос чунин корҳоро анҷом додан аз аҳамият холӣ нест:
- оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи ташкилу баргузории курсҳои такмили ихтисос ва омӯзишӣ;
- низоми гузарондани чунин курсҳо барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили курсҳои бозомӯзӣ оид ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ доир ба раванди автоматикунонии китобдорӣ-иттилоотӣ;
- ҳар панҷ сол аз курсҳои бозомӯзӣ гузарондани кормандони китобхонаҳо, махсусан китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ.
Дилбар ҲАЛИМОВА,
магистри курси 2-юми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)