Ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи паноҳандагон дар Ғазза
Мир24. Артиши Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои Нусейрат, воқеъ дар маркази Ғазза, ҳамла кард. Ба гузориши шабакаи “Алҷазира”, дастикам 14 фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон, кушта шуданд. Ба иттилои шабакаи телевизионии "Ал-Майадин"-и Лубнон, шумораи ҳалок-шудагон 20 нафарро ташкил медиҳад.
Намояндаи ЮНИСЕФ хостори хатми "куштори беэҳтиётонаи ғайринизомиён, бахусус кӯдакон" дар минтақаи Ғазза шудааст. Қаблан, Антонио Гутерриш, роҳбари Созмони Милали Муттаҳид, кушта шудани як узви созмонашро баъд аз тирандозии неруҳои исроилӣ ба як мошини СММ дар Рафаҳ маҳкум кард.
Муноқиша дар Ховари Миёна миёни исроилиён ва фаластиниҳо моҳи октябри соли 2023 авҷ гирифт. Аз 7-уми октябр инҷониб дар минтақаи Ғазза беш аз 35 ҳазор нафар кушта ва зиёда аз 78 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд. Исроил бошад, беш аз 1,1 ҳазор нафарро талаф дода, даҳҳо нафар дар асорат ҳастанд.
Музокираи вазирони корҳои хориҷии Арманистону Озарбойҷон дар Алма-Ато
CentralAsia (CA) Вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон Арарат Мирзоян ва Ҷейҳун Байрамов дар Алма-Ато музокироти дуҷониба барои муайян кардани роҳҳои расидан ба созиши сулҳро анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба ҷониби Қазоқистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди гуфтушунид изҳори сипос карданд.
«Хеле рамзӣ аст, ки мо имрӯз дар ин шаҳри зебо, илова бар ин, дар биное ҷамъ омадаем, ки соли 1991 Эъломияи Алма-Ато ба имзо расида буд, санадеро, ки 11 ҷумҳурии собиқи шуравӣ имзо карданд ва ҳамаи онҳо эътироф намуданд, ки сарҳадҳои пештараи маъмурии байни онҳо ҳамчун сарҳадҳои байнидавлатии давлатҳои мустақил эътироф карда мешаванд», – гуфт вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян.
Ифтитоҳи хатсайри нави қатораи боркаши Чин – Аврупо
Синхуа. Рӯзи душанбе қатораи боркаш аз бандари Хуанхуаи музофоти Хэбэй, шимоли Чин, ба сӯи Москва ҳаракат кард, ки аз ифтитоҳи хатсайри нав ҳамчун як қисми иртиботи роҳи оҳани боркаши Чин ва Аврупо дарак медиҳад.
Ба гуфтаи Ма Фэнсян, директори генералии Cangzhou Ganghai Logistics Co., Ltd, қатора тақрибан 8 ҳазор километрро тай мекунад ва, тақрибан, баъд аз 15 рӯз ба Русия мерасад. Қатора борҳои гуногун: қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва таҷҳизоти механикиро ба маблағи 2,82 миллион доллари ИМА мебарад.
Айни замон бандари Хуанхуа бо зиёда аз 200 бандари беш аз 40 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон робитаи тиҷоратии баҳрӣ дорад.
Тошкент. Конфронси байналмилалӣ тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавиро баррасӣ кард
Дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент, бо дастгирии молиявии Хазинаи «Иқлими сабз» (GCF) ва мусоидати як қатор идораву вазоратҳои марбута конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи илмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Туркманистон, оҷонсиҳои байналмилалии рушд ва ниҳодҳои молиявие иштирок намуданд, ки дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим фаъолият мекунанд.
Дар ин бора аз шаҳри Тошкент мухбири махсуси рӯзнома Мирасрор Аҳроров иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳадафи конфронс баланд бардоштани сатҳи огоҳии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи сабақҳои омодасозии нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ мебошад.
Ба таъкиди иштирокдорони конфронс, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тағйирёбии иқлим бештар осебпазир мебошанд. Ҳарорати ҳаво дар ин ҷо назар ба ҳисоби миёнаи сайёра 1,7 маротиба тезтар боло меравад, ки ин боиси кам шудани майдони пиряхҳо шудааст. Дар 50 соли охир ҳаҷми онҳо қариб 32 фоиз коҳиш ёфт. Ин боиси кам шудани маҷрои дарёҳо гардида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикии минтақа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва аз ин раванд Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар канор намондаанд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)