ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ОСТОНИ «ҶУМҲУРИЯТ» ТО БА МАСНАДИ ВАКИЛӢ 

АЗ ОСТОНИ «ҶУМҲУРИЯТ» ТО БА МАСНАДИ ВАКИЛӢ 

14 май 2024, Сешанбе
24
0
Олимҷон Салимзода, ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1956 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд ёфта, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ)-ро хатм намудааст. Номзади илмҳои филология. Дар вазифаҳои хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), тарҷумон дар Афғонистон, раиси Шурои ҷумҳуриявии танзими тарҷумаи адабиёт дар назди Кумитаи давлатии матбуот, нашриёт ва полиграфия, сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналхалқии Вазорати матбуот ва иттилоот, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст. Раиси вақти Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонии Тоҷикистон – Ҷопон буд. Барои саҳми муассир дар тавсеа ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон бо нишони «Тулуи Хуршед»-и Императори Ҷопон 15-уми марти соли 2022 қадр шудааст. Дорандаи медали Хизмати шоиста. 
Дар бораи фаъолияти рӯзноманигорӣ, масъулияти вакилӣ, саҳмаш дар эҷод, таҳриру такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд навиштаанд. Вай дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аввал хабарнигори шуъбаи тарғиботу ташвиқот буду бо роҳбарии мудири шуъба Набиҷон Каримов оҳиста-оҳиста дар байни кормандони эҷодии нашрия нуфузу эътибори хосса пайдо мекард. Мавзуи дӯстдоштааш тасвири ҳаёти халқ: деҳқон, коргар, омӯзгор, механизатору чорвопарвар буд. Ҳамчунин, ба чоп омода кардани саҳифаи махсусро бо номи «Сипари Ватан» бо ҳамроҳии хабарнигори шуъба Зулфиқори Шодӣ ба уҳда дошт. Мақолаҳояш хотирмон буданд, қаҳрамонҳояш ва онҳое, ки дар ҳалли мушкилоташон ҳамчун рӯзноманигори «Тоҷикистони советӣ» аз ӯ дасти мадад гирифтаанд, ба нишони сипос номаҳо мефиристоданд. Масалан, Субҳон Туйғун дар рӯзномаи «Садои мардум» (соли 2005) навишта буд: «Олимҷон Салимзода инсони комилу фозил аст, мардест, ки ҳар як кори ба ҷо меовардааш худ аз ватандӯстӣ ва некбиниаш башорат медиҳад». Вақте ки ӯро аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, рақами 22 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил пешбарӣ намуданд, мардум ана ҳамин хислатҳои ватандӯстӣ, созандагӣ, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишии заҳматкашон пешкор буданашро ба назар гирифтанд. Ташаббускории О.Салимзода бошад, маҳз дар замони рӯзноманигори «Тоҷикистони советӣ» буданаш аз мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ, баёни розу ниёзҳои халқ рӯйи кор омада буданд. Вай дар вақти номзад ба вакилӣ буданаш, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди роҳу пулҳо ва, махсусан нақби Анзоб,  бештар тарғибу ташвиқ менамуд ва мусоидати ҳамаҷониба дар кори пешрафти сохтмони нақбро барномаи амали худ қарор дод. Баробари ба парлумон вакил интихоб шуданаш, бо ҳар роҳу восита кӯшид, ки аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодӣ доштани нақбро дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма ба мардум фаҳмонад. 
Олимҷон Салимзода ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муттасил бо интихобкунандагони худ аз шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрда, мушкилоташонро мешунид, бевосита дар ҳалли онҳо бо раисони шаҳру ноҳияҳо машварат меорост. Ӯ, ки худ зодаи деҳаи Худгифи Соярӯи Кӯҳистони Мастчоҳ буд ва аз хурдӣ дар миёни ҷамъият, бо мардум ҳамкору ҳамдастӣ дошт, бинобар ин, тарзи ҳаёти кӯҳистониён барояш ошно буд.
Журналист Олимҷон Салимзода аз давраи хонандаи мактаби миёна будан, ба рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” хабару мақолаҳо менавишт, маҳорати хабарнигориашро дар Донишгоҳ аз ҷиҳати назариявӣ сайқал бахшид, дар рӯзномаи рақами 1 тарзи кори амалӣ омӯхт, аз мактаби журналистони “Ҷумҳурият” таҷриба гирифт ва ҳамин сабақҳои илмиву ҳаётиашро ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо «Дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф» ва ғайра истифода бурд. Ҳамчун вакил кӯшид, ки илму маориф, фарҳангу санъат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва  тандурустӣ, ки соҳаҳои ҳаётан муҳиманд, тавассути қонунгузории ҷорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат инкишоф ёбанд ва пеш раванд. 
Маҳорати қонунгузорӣ, дониши мукаммал, андешаҳои солим ва истеъдоди суханварию дилёбиашро вакилони халқ ба асос гирифта, ӯро раиси Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонии Тоҷикистону Ҷопон интихоб намуданд. Вай дар тули солҳои раисиаш, ки қариб даҳ солро дар бар мегирифт, тавонист бо тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқҳои ин ду мамлакат риштаи дӯстиро устувортар намуда, робитаи тарафайнро дар ҳама соҳаҳо густариш бахшад, махсусан дар самти қонунгузорӣ, маориф, илму фарҳанг ва варзиш. Ҳукумати Ҷопон саҳми арзандаву самимонаи Олимҷон Салимзодаро дар мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, қонунгузорӣ  ва дӯстонаи ду кишвар эътироф карда, ҳамчун собити сипос бо нишони “Тулуи Хуршед”-и Императори Ҷопон қадр кард, ки боиси ифтихори журналистони “Ҷумҳурият” ва матбуоти тоҷик аст.
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив