ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРМУҲАРРИР. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ НАБИҶОН ПОЧОҶОНОВ

САРМУҲАРРИР. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ НАБИҶОН ПОЧОҶОНОВ

16 май 2024, Панҷшанбе
21
0
Вақте ки ба муносибати 100-солагии «Ҷумҳурият» сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода фармуданд, ки рӯйхати сармуҳаррирони нашрияро дар давоми сад сол мураттаб созам, нахуст ба мутолааи ҷашнномаҳои «50-солагӣ» ва «60-солагӣ»-и «Тоҷикистони советӣ», «Ойинаи миллат» (маҷмуа бахшида ба 80-солагии «Ҷумҳурият») пардохтам ва ҳангоми дарёфти ному насаби Набиҷон Почоҷонов дар пеши назарам қомати баланд, чеҳраи сабзина, нигоҳи уқобонаи ӯ ҳувайдо гаштанд. Вай дар саҳни даромадгоҳи матбааи рақами 1, маъруф ба номи Хонаи матбуот, ҳангоми танаффусҳо аз кори тарҷумонии маводҳои «ТоҷикТа» - Агентии телеграфии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ «Ховар») ва ҳам таҳрири мақолаҳои шогирдон қадам мезад, дам мегирифт.
Яке аз хислатҳои фарқкунандаи шахсони эҷодкор ҳамин гуна аст, қадам задан ва ба фикр рафтан. Ҷавонони эҷодкор ба ӯ бо чашмони пур аз эҳтиром ва сипос менигаристанд ва ба ҳам мегуфтанд, ки ӯ яке аз нафаронест, ки матбуоти тоҷикро дар Тоҷикистон асос гузоштаанд ва дар давраи барқарорсозии ҳокимияти шуравӣ ва баъди Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои рушди матбуоти кишвар шабзиндадориҳо кардаанд. Аммо дар ҳамон солҳои 1975–1990 дар бораи ин журналисти куҳансол маълумоти пурра надоштам. Хушбахтона, 5-уми октябри соли 1990 маводе дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ин марди майдони матбуот, ки дар «Тоҷикистони советӣ» ба нашр расида буд, дарёфтам. Ҳангоми варақ задани бастаҳои ҳамон соли рӯзнома чашмам ба мақолаи «Диле ҳампои даврон дошт» бо зерунвони «Номи неки ҳамқалами мо» бо имзои хабарнигорони «Тоҷикистони советӣ» Зулфиқори Шодӣ ва Хушбахт Ҳайдаршо бархурд. Бори дигар маънои  гуфтори «рӯзнома воқеанигори таърихи миллат аст», дар зеҳнам ошкор гашт. 
 
 
Маводро мехонам, ки мушаххас муҳтавояш чунин аст: «Набиҷон Почоҷонов, дар шаҳри Қуқанд, ҳафт сол пеш аз Инқилоби Октябр (1917) дар оилаи бофанда чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар 9-солагӣ аз падар маҳрум гашта, саробонии аҳли оиларо ба даст гирифтааст. Дар курсҳои омӯзишӣ савод баровард. Дар 14-солагӣ ҳамчун бофандаи ҳунарманд шинохта шуд. Соли 1927, вақте ки дар шаҳр созмони ҷавонон ташкил ёфт, ба он шомил гардид ва яке аз ташвиқгарони фаъоли тарзи нави зиндагӣ гашт. Ҷавонони ҳунарманд дар артелҳо муттаҳид шуда маҳсулот истеҳсол менамуданд. Набиҷон котиби артел интихоб гардид. 
Аз китоби «Тарҷумаи ҳоли ман», ки ба хомаи Набиҷон Почоҷонов мутааллиқ аст, бармеояд, ки фаъолияти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва давлатиаш дар созмони ҷавонони шаҳри Истаравшан дар солҳои 1928-1929 густариш ёфт. Дар ҳамин айём ҳамчун хабарнигори ҷамоавӣ тарафи дигари маҳорати тарғиботию ташвиқотиаш вобаста ба ҳаёти нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ аён гашт. Роҳбарони ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон дар ниҳоди Набиҷон журналисти ояндадорро пай бурда, ӯро ба Донишкадаи маорифи шаҳри Тошкент фиристонданд. Вай ин даргоҳи илму маърифатро соли 1930 хатм намуд ва бо роҳхати Комиссариати халқии маориф ба ноҳияи Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) омада, то моҳи августи соли 1931 мудири курсҳои омӯзгорӣ буд. 
Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти роҳбарӣ, ташкилотчигӣ, маҳорати нависандагӣ ва хабарнигориашро ба инобат гирифта, варо ба корҳои матбуот ҷалб намуд ва соли 1931 бо қарори КМ ПК (б) Тоҷикистон ба вазифаи котиби масъули рӯзномаи «Барои коллективонӣ» таъин гардид. Рӯзномаро дӯст медошт, хабару мақолаҳо менавишт, сармақолаҳои газетаи хеле бонуфузи умумииттифоқии «Правда»-ро ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Баъди як сол, моҳи августи соли 1932 шомили Институти умумииттифоқии коммунистии журналистони назди газетаи «Правда»-и шаҳри Москва шуд. Баъди хатми он аз соли 1934 то соли 1937 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррир кор кард. Дар айни замон сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба ҳисоб мерафт. Сипас, ҳаёти рӯзноманигории ӯ бо нашрияи рақами 1-- «Тоҷикистони советӣ» пайваст. Дар ин ҷо низ котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррир буд. Соли 1947 директори Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъин гардид. Ибтидои соли 1949 мудирии шуъбаи тарғиботию ташвиқотии КМ ҲК Тоҷикистонро ба зиммааш вогузоштанд. Вай дар ин ҷо курси тарҷумонҳоро таъсис медиҳад, ки хатмкунандагони он дар чопи маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» саҳм мегузоштанд. Ҳангоми директори Институти таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон будан, нашри чоруми асарҳои 35-ҷилдаи доҳии пролетарҳои дунё В.И. Ленинро бо сифати аъло аз чоп мебарорад. Албатта, дар он давр, яъне замони ҳукмронии Ҳизби яккатози коммунистӣ, тарҷума ва нашри асарҳои Маркс, Энгелс ва Ленин ба забони тоҷикӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбари аввали ҷумҳуриҳои бародарии ҳайати СССР буд. Апрели соли 1963 муҳаррири шуъбаи тарҷумаи тоҷикии Агентии телеграфии тоҷик – ТоҷикТа таъин мешавад. То ба нафақа баромадан ва ҳам баъди нафақа барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаҳои расмии рӯзномаи «Правда»-ро, ки чопашон ҳатмӣ буданд, тарҷума мекард ва дар таҳрири санадҳои қонунгузорӣ низ ёрӣ мерасонд. Ёди чунин устодони матбуот ба хайр бод. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив