ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОКИ ПОЙИ МОДАРЕМ...

ХОКИ ПОЙИ МОДАРЕМ...

16 май 2024, Панҷшанбе
14
0
Чаро мо Модарро азизу муътабар надонем, дӯст надорем, арҷ нагузорем, ки, охир, ӯ моро шир дода ба воя расондааст. Бузургтарини бузургҳо Модар аст. Мо – зодагони Модар, хоки пойи ӯем. Модар рӯшании чашм, ҷону дармон ва сару сомони мост.
 
Модарон чароғи равшани бахту иқболу тақдир, сарвату молу маноли моянд. Ин ҳарфҳои Пешвои миллат лоиқи иқтибосанд: “Ман аз оғози фаъолиятам занону бонувонро ҳамчун пуштибони худ эҳсос мекунам ва ба нерую қувваи тавоною созанда ва хастагинопазири онҳо эътимоди бузург дорам. Ҳар он ҷое, ки зан ҳаст, он ҷо ободӣ ҳаст, пешравӣ ҳаст, тартибу низом ҳаст”.
Ана ҳамин эътирофу арҷгузорӣ ба Зан-Модар буд, ки рӯзи бонувон ба Рӯзи Модар табдил ёфт. 
Албатта, таҳқиқи мавзуи модар дар адабиёт кори нақди адабӣ аст. Таваҷҷуҳи бандаро суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ кашидаанд. Бояд таъкид сохт, ки Сарвари давлат вассофи тавонои модаронанд. Ҳар дафъае, ки рӯ ба мардум сухан мегӯянд, аз Модар ҳарф заданро яке аз вазифаҳои муҳими роҳбарии худ медонанд. Далел, Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 аст.
Ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат диққат диҳед: “Дӯстони азиз, ҷавонмардон, мардҳои муҳтарам, мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки ҳамеша ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.
Бояд бигӯем, ки ғамхорию меҳрубонӣ, пеш аз  ҳама, аз худи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мегардад. Барномаҳои давлатӣ, қарору қонунҳое қабул шудаанд, ки ҳуқуқу озодиҳои Зан-Модарро кафолат медиҳанду мақоми онҳоро дар ҷомеа муайян менамоянд, қобилияти кории онҳоро эътироф менамоянд ва баҳри рушди истеъдоди онҳо шароитҳои мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамаи ин аз ғамхориҳои Сардори давлат сарчашма мегирад. Пешвои муаззами миллат даъват мекунанд: “То вақте ки ҷон дорем, то вақте ки нафас боқист, ғамхорӣ кунед, меҳрубон шавед”. Ин суханон ҳамчун хитоба аз қаъри дили ин марди бузург берун шудаанд. Зеро медонем, ки, инро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам баён карданд, фарзандоне ҳастанд, ки ба модари худ на фақат меҳрубон нестанд, на фақат ғамхорӣ намекунанд, балки озор медиҳанд. Ба андешаи Пешвои миллат ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, “касе, ки беҳурматӣ мекунад, дуои неки падару модарро намегирад, умри бобаракат намебинад”. 
Пиру ҷавон медонанд, ки дар хонадон аз ҳама ғамхору меҳрубон модар аст. Меҳрубонии модар фарзандро ба роҳи дурусти ҳаёт мебарад, донову оқил мекунад. Модар забони ширин дораду дуои нек медиҳад. 
Нақши модар, хусусан фаъолияти пурсамари занону бонувон, дар ободию шукуфоии кишвар, пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ, тарбияи ҳақиқии фарзандон, пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, хусусан даҳшатафканию фасодкорӣ, хеле бузург аст. 
Дар ҳамин радиф, Пешвои миллат изҳори бовар карданд, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо “минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, адиб, ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив