ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНДЕШАҲО Ё БАРДОШТИ АҲЛИ ФАҲМ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОН

АНДЕШАҲО Ё БАРДОШТИ АҲЛИ ФАҲМ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОН

16 май 2024, Панҷшанбе
31
0
9-уми март, дар арафаи моҳи шарифи рамазон, суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки зимни он масъалаҳои доғ, аз ҷумла хурофотпарастӣ, таассуб, ҷаҳл, фолбинӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд, аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик ҳамовозии гарм пайдо намуд.
Дар иртибот ба ин вохӯрии таърихӣ, бо намояндагони касбу кори гуногун суҳбат оростем, ки  фишурдаи онро манзури хонандаи худогоҳ мегардонем.
Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ:
– Ин навбат Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ ҳудуди панҷ соат бе танаффус атрофи муҳимтарин масъала, муаммо ва мушкилоти имрӯзӣ, ки, умдатан, ба сабаби ташаннуҷи хурофоту ифротгароии динӣ-мазҳабӣ рӯйи кор омада, таҳдиду хатарҳоро заминагузорӣ намудаанд, суҳбати муҳиму муассире анҷом доданд. Ин андоза суҳбати Пешвои миллат ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки аҳли толор таҳлилу баррасӣ, ташхису нуктагириҳояшонро бодиққат гӯш карда, дар баъзе маворид бо тақозои муҳимтар будани нуктаҳои арзёбӣ аз ҷой бархоста, суханронии Сарвари давлатро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд. 
Воқеан, мулоқоти навбатии  Сарвари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин нишонрас, воқеӣ, ҳадафнок ва саривақтӣ буда, миёни қишрҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва маданию ҳунарӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. Ба ҳар фарди меҳандӯсти тоҷик гуфтаниам, агар Ватанро дӯст дорем, пас, бояд бидонем, ки дар пешорӯи ҳаводиси таърих ва равандҳои ҷаҳонишавии муосир миллатро имрӯз ваҳдат ва сарҷамъӣ мебояд ва муттаҳид гаштан дар атрофи Пешвои миллат ба хотири бақои давлат ҳам фарз асту ҳам қарз.
                                                                                               
Камол НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон: 
– Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат яке аз муассиртарин суханрониҳои Пешвои миллат маҳсуб ёфта, фарогири мубрамтарин масъалаҳои имрӯза буд, ки ягон қишри ҷомеаро бетараф намегузорад.  Масъалаҳое, ки  матраҳ шуданд,  ба ҳар сокини Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар маҷмуъ, ҳалли онҳо барои имрӯзу ояндаи мамлакат хеле аҳамиятнок мебошад. Хуллас, ин суханрониро метавон зангӯлаи ҳушдору бедорӣ ва ё ҳидоятҳои навини Пешвои миллат  барои  мардуми Тоҷикистон номид. Суханронии Президенти Тоҷикистон ҳамон барнома  ва дастурамали ватандӯстонаву ватанхоҳонае аст, ки имрӯзҳо бояд роҳнамои асосии ҳар сокини Тоҷикистони озоду биҳиштосову соҳибтамаддуни мо бошад, зеро дар он метавон кафолати ояндаи дурахшону созанда ва пойдории ин  сарзаминро эҳсос намуд.
 
Маҳрам МАҲРАМБЕКОВ, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ:
– Дар суханронӣ Сарвари давлат  масъалаҳои пешгирӣ аз хурофот, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки шаҳрвандони кишварро дар амалиёти террористӣ дар кишварҳои дигар мавридӣ муҳокима қарор доданд. Борҳост, ки Роҳбари давлат аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мегӯянду аз ҷонбозиҳо ба хотири ба даст овардани истиқлол сухан мекунанд, вале ҳанӯз ҳам бархе аз волидон ба ҷои таълиму тарбияи фарзанд, баръакс, ба хурофоту таассуб, тақлиду  бегонапарастӣ рӯ оварда, танҳо кӯшиши таълими динӣ додани фарзандонашонро доранду халос. Мо – аҳли ҷомеа, бояд донем, ки ҳар як ҳарфи Сарвари давлат дар ин мулоқот сухани одӣ набуда, дини Ислом низ ҳар яки онро собит месозад. 
Имрӯз ба хотири амалӣ намудани супоришҳои Пешвои миллат дар ҳифзи марзу бум ва омехта нашудан ба фарҳанги бегона, на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки ҳар як фарди ватандӯстро мебояд аз худ саҳме гузошта, маслиҳатҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд. 
 
Насиба АБДУЛАЗИЗЗОДА, муовини раиси ноҳияи Лахш:
– Мулоқоти навбатии Роҳбари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо фарогирии маҷмуи масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди кишвар маҳсуб меёбад. Супоришҳои Сарвари кишвар дар мулоқот оид ба таълиму тарбия дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо дар боло бурдани сатҳи зиндагӣ хеле бамаврид буда, мардумро водор бар он месозад, ки ба хотири беҳ гардондани рӯзгор аз исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ даст кашанд. Мардуми ноҳияи Лахш, ки намояндаи ду миллатанд, ба ин хотир, дар масъалаи худшиносиву худогоҳӣ, тақлид накардан ба либосҳои бегона, тарбияи дурусти ҷавонон, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» диққати ҷиддӣ медиҳанд. Дарвоқеъ, суханони Роҳбари давлат зиндагисозанд. Аз ин рӯ, пиру барнои кишвар дар амалӣ намудани онҳо камари ҳиммат бастаанд.
 
Дилором САФОЕВА, 
мудири бахши занон ва оилаи ноҳияи Нуробод:
– Таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва либоси тоҷикӣ, ки дар шаклгирии ҳувияти миллӣ нақши асосӣ доранд, қисми асосии суханронии Сарвари давлатро бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ташкил намуд. Пешвои миллат таъкид карданд: «Модарону бонувони мо – тоҷикон, тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо, дар баробари зебоиву рангорангӣ, меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ, воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем». 
Дарвоқеъ, имрӯз вақти он расидааст, ки ба хотири побарҷо мондани фарҳанги ниёкон ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар такя бо суханони Сарвари давлат тамоми чораҳо андешида шаванд. Дар ин радиф, мо – занону бонувонро, зарур аст, ки аз олудашавӣ ба тарзи либоспӯшии мардуми бегона канорагирӣ намуда, муаррифгари либоси миллии хеш бошем. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.02.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив