ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ТАҲИ ХОКИ ВАТАН ОСОЯМ...

БА ТАҲИ ХОКИ ВАТАН ОСОЯМ...

17 май 2024, Ҷумъа
52
0
 
ДАР МУАРРИФИИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ БУЗУРГМЕҲРИ БАҲОДУР
"Тоҷик будан дар ин саро душвор аст". Вақте шеъри Бузургмеҳри Баҳодурро бо ин ном, ки ҳам онро номи китоби тозанашраш интихоб кардааст мехонем, беихтиёр саволе пайдо мешавад, ки "чаро душвор аст?". Хонанда танҳо баъди мутолааи шеъри мазкур ба ин пурсиш посух меёбад. Дар маҷмуъ, шоир таърихи пур аз фоҷиаи миллатро бо назми равону дилнишин бори дигар бозгӯӣ мекунад. 
Муродаш ин аст, ки аз гузашта ва имрӯзи тоҷик наслҳои оянда дарси ибрат бигиранд ва зиракии сиёсиро ҳеч гоҳ аз даст надиҳанд. Инчунин, роҳи ҳалли мушкилотро ёбанду истиқлоли кишварро ба ҷон пос доранду ҳифз намоянд. Дар ҷамъбасти шеър изҳор медорад, ки агар ҳам бо он ҳама душвориҳо, фоҷиаҳои азсаргузаронида аз нав ба дунё биёяд, ҳатман тоҷик буданро ихтиёр мекунад:
Руҳан ба таҳи хоки Ватан осоям,
Тоҷик шавам, боз ба дунё оям,
 
Ҳамин тавр, ӯ бо ифтихори миллие, ки онро соҳиб аст, аз ҳеҷ гуна душворӣ тарсу ҳарос надорад. 
Аз дигар шеърҳои ӯ, аз қабили “Ин Ватанро сохтан осон набуд”, “Хуросони бузург”, “Зи мардон хоки Меҳанро нагирад”, “Фарҳанги кӯҳистониён”, “Дар Меҳани ман шамъ ба шамсест баробар”, “Меҳанам матлаби ман хоҳад буд”, “Тоҷи тоҷик” мавқеи пойдори шаҳрвандиаш равшан аст:
Худфурӯзии паёпай ба Ватан
Асли тобу таби ман хоҳад буд.
Ҳикмату ишқи шаҳидони Ватан
Пояи мактаби ман хоҳад буд.
 
Аз шеърҳои маҷмуа бармеояд, ки Бузургмеҳри Баҳодур дар шоирӣ ҳадаф дорад ва беҳуда ин роҳи душворро интихоб накардааст. Яъне, ӯ шеърро ба хотири шеър, ороиши зебои сухан ва лутфи калом намегӯяд. Мехоҳад шеъраш ба мардум дар боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, шинохти асли хеш ва гузаштаи пурифтихор хидмат бикунад. Вай ҳам мисли аллома Муҳаммад Иқбол аз шоирӣ, аз шеъраш бедориву ҳушёрии миллатро талабгор аст. Тавре ин аллома таъкид медорад:
Ғазал он гӯ, ки фитрат сози худро 
парда гардонад,
Чӣ ояд з-он ғазалхоне, ки бо
 фитрат ҳамоҳанг аст?
Ва ҳам бо шикоят аз мири умам дод мехоҳад:
Ман, эй мири умам, дод аз ту хоҳам,
Маро ёрон ғазалхоне шумурданд.
 
Албатта, ин гуна мақсадгузорӣ маънии онро надорад, ки шоир ба бозёфтҳо, эҳсосу тахайюлу андеша бетаваҷҷуҳ бошад. Не, ҳаргиз чунин нест. Масалан, шеъри “Азон”, ки ба духтараш Манижа, дар интихоби номи тоҷикии фарзандаш низ бетафовут нест, бахшидааст, диду гуфтори хоси шоирӣ дорад ва он равшан ба назар мерасад:
Ту омадию хонаҳо пур аз навои 
алла шуд,
Садои ту азони мардуми 
маҳалла шуд...
 
Ва дар ҷамъбасти ин шеър мегӯяд:
Лабони модарат зи ғунчаҳои шукри 
 шаккарона пур шуда
Ва чӯби гоҳвораат шукуфта,
 аз ҷавона пур шуда...
Ту омадию хонаҳо пур аз навои 
алла бод,
Садои хандаат азони мардуми 
маҳалла бод!..
Шоир дар зимни эҷод маҳдуди як жанри адабӣ нест. Ва ҳам ӯ аз вазнҳои гуногун барои ифодаи мақсадаш истифода мекунад.
Як силсила ашъори ӯ дар шакли рубоӣ (бо номи “Шабчароғ”) ва дубайтӣ (бо номи “Бунафашарез”) эҷод шудаанд. Маълум аст, ки дар ин ду шакл баёни мақсад душвориҳо дорад ва низ мазмунҳои бикрро хостор мебошад.
Ба ин китоби тозанашр Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, бо номи “Шоири меҳри Меҳан” сарсухан навиштааст. Ӯ дар шинохти шоир ва шеъраш барҳақ менависад: “Бузургмеҳре, ки шоирона ба латофати сухан меандешад, ҳарфу ҳиҷоро дарун ба дарун нодиракориву гавҳарнигорӣ мекунад, бо таъбири ҳазрати Ҳофиз тораҳои бирешимии мӯи суханро бо қалам шона мезанад,  шеърро дар ҳарири атласиву парниёнӣ мепечад, ба рӯи вожаҳо атри муҳаббат мефишонад”.
Ҳамин тавр, китоби "Тоҷик будан дар ин саро душвор аст" ҳадияи хубест ба дӯстдорони каломи бадеъ.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив