ШОМИ ШАНБЕ
ПАРДОХТИ АҶОИБ БАРОИ ХОНДАН
Дар деҳаи Амбикапури Ҳиндустон мактабест, ки усули пардохти маблағи таҳсил дар он ғайриодӣ мебошад. Бар ивази маблағ, волидайн бояд ҳамроҳи фарзанд ҳадди ақал як дарахт шинонда, то ба камол расиданаш, онро нигоҳубин намоянд. Агар бо сабабе дарахт хушк шуд, ба ҷои он бояд дарахти нав шинонанд.
Чунин ташаббус аз тарафи яке аз тоҷирони маҳаллӣ пешниҳод шуда, барои оилаҳое пешбинӣ мегардад, ки имкони пардохти маблағи таҳсилро надоранд. Ҳадаф танҳо аз пардохти ҳаққи таълим озод намудани хонандагони оилаҳои ниёзманд набуда, таблиғи ҳифзи муҳити зист низ мебошад.
Айни ҳол дар мактаб 35 хонандаи синну солашон аз 4 то 5-сола таҳсил мекунад. Ба ин васила, тайи чанд соли охир зиёда аз 700 дарахт парвариш гардид.
Таҳияи Кароматулло АТО
28 СОЛ БУНЁДИ ЯК КИТОБХОНА
Людовики XIV де Бурбон 72 сол тулонитар аз дигар шоҳони аврупоӣ ҳукмронӣ кардааст.
Ӯ соли 1663 амр медиҳад, ки барои тарбияи писараш – Людовики бузург Дофин китобхонаи адабиёти классикӣ бисозанд, то аз ҳар гуна ибораву ифодаҳои беназокат орӣ бошад. Аммо сохтмони китобхона 28 сол баъд, замоне ба анҷом расид, ки писараш, аллакай, соҳиби фарзанд шуда буд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ВОЛИДОНРО ИНТИХОБ НАМЕКУНАНД…
Зану шавҳар барои аз ҳам ҷудо шудан ба суд ариза доданд. Рӯзи мурофиа онҳо бо ягона писари ноболиғашон ба толори суд ҳозир шуданд. Судя аз писарак пурсид, ки бо кӣ мондан мехоҳад, модар ё падар? Писарак, ки бо волидонаш то он рӯз зиндагии хуби кӯдакона дошт, бисёр ғамзада шуд ва посухе надод. Судя гуфт, ки агар гуфта натавонӣ, пас, дар коғаз бинавис. Баъди ёдоварӣ аз лаҳзаҳои хуши зиндагӣ бо падару модараш ашк дар чашмони писар ҳалқа зад ва чунин навишт: «Волидонро интихоб намекунанд, ман бо оила будан мехоҳам».
Таҳияи Лола РИЗОӢ
НАХУСТИН ГИМНИ МО ДАР САҲИФАИ “ҶУМҲУРИЯТ”
Бештари мардум хабар надоранд, ки Тоҷикистони мо аз соли 1924 дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ ҳамчун кишвари алоҳидаи худмухтор шинохта шуда бошад ҳам, то соли 1946 Суруди миллӣ надошт.
Он замон Суруди миллиро “Гимни давлатӣ” мегуфтанд. Ҳамин тавр, аввалин Гимни давлатии РСС Тоҷикистонро бо матни Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳангу нотаи Сулаймон Юдаков Совети вазирони Тоҷикистон 3-юми ноябри соли 1946 дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” (имрӯза “Ҷумҳурият”) тасдиқ мекунад. Инчунин, сурудани онро расман аз 15-уми ноябри соли 1946 эълон медорад.
Ба матн, ки бо мисраи “Чу халқи рус мадад намуд” оғоз мешуд, соли 1977 тағйиру иловаҳо ворид шуда, баъзе мисраъҳо иваз мешаванд. Ин Гимнро тоҷикон то соли 1991 месуруданд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ЗӮРОЗМОИҲОИ АҶИБ
Бисёр ҳолатҳои панҷ давраи аввали Бозиҳои олимпӣ он тавре набуд, ки ҳоло ҳаст. Миёни мусобиқаҳои варзишии маъмул намудҳои хатарноки варзиш ҳам буданд, мисли ҷаҳиш ба дарозӣ, ба баландӣ аз ҷой, бе давидан. Дар аспсаворӣ бошад, ҷаҳиш ба дарозӣ ва баландӣ, ки хеле хатарнок буд. Ҳамчунин, шиноварӣ дар зери об ба масофаи 60 метр. Ба барномаи бозиҳо бандкашӣ низ шомил мешуд.
Дар аввал мусобиқаҳои олимпӣ ба таври зарурӣ ташкил намешуданд. Масалан, дар Сент-Луис (1904) дар марафони дав нафаре бо номи Лордс аз дастаи ИМА ғолиб омад. Ӯ чемпион не, балки фиребгари гузарост: нисфи зиёди масофаро надавид, балки бо автомошинаи яке аз дӯстонаш онро тай кард. Вақте фиреби ӯ фош шуд, медал ба чемпиони ҳақиқӣ Томас Хикс баргардонда шуд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ПАНДИ ҲОКИМИ ДОНО
Ҳокиме буд, ки ҳеҷ кас дар хирад аз ӯ боло ва дар сарват ба вай баробар шуда наметавонист. Рӯзе вазир ба наздаш бо чеҳраи маҳзун омада гуфт:
– Султони бузург, шумо донотарин, бузургтарин ва тавонотарини мо ҳастед. Ҳама шуморо таъриф мекунанд, вале байни онҳо нафароне ҳастанд, ки дар ҳаққатон бадгӯӣ мекунанд. Магар дар салтанати шумо чунин беитоатӣ вуҷуд дошта метавонад?
Султон табассум кард ва посух дод:
– Мисли ҳама дар салтанати ман, ту аз хидматҳоям ба тобеонам хабар дорӣ. Ҳафт вилояти тобеи ман зери ҳукмрониам соҳибсарват ва мутараққӣ гаштанд ва дар ҳамаи онҳо маро барои адолатхоҳиам дӯст медоранд. Албатта, ман метавонам фармон диҳам, то дарвозаҳои бузурги шаҳрҳоям баста шаванд, аммо як коре, ки ман карда наметавонам, бастани даҳони душманон аст. Ҳамеша нафаре хоҳад буд, ки норозӣ мешавад!
Муҳим он нест, ки баъзеҳо дар бораи ман бад мегӯянд, балки он аст, ки бисёриҳо некиҳои моро қадр менамоянд!
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
ЯК ПАНД
Мор ҷониби боғ мехазид. Ногоҳ дар сари роҳаш арра пеш омад. Аз паҳлуи он мегузашт, ки дандонаҳои тези арра пӯсташро харошида захмин кард. Мор аз ин оташин шуд ва хост бо нешаш “ақли арраро ба ҷояш биёрад”. Аммо теғҳои арра даҳони морро хуншор карда, ҷароҳати бештар расонданд. Мор намедонист, ки ба вай чи шудааст. Фикр кард, ки арра ба вай ҳамла кард. Ғазаболуд шуд ва хост “душман”-ро буғӣ карда кушад. Бо ин мақсад, арраро пурра печонда сахт фишурд. Дандонҳои арра ба танаш даромада, дард ҷонкоҳтар ва азоб сахттар мешуд. Аммо ҷонвари нодон сари ҷаҳлу ғазаб ба ҳариф бештар фишор меовард. Дар натиҷа, арра морро ба чанд қисм ҷудо кард ва мор мурд.
Ҳикмат: Дар баъзе ҳолатҳо ба чизе оташин шуда, ба худ зарар мерасонем. Аз ин рӯ, гоҳо чизе нагуфта, рӯй гардонда рафтан роҳи беҳтарин ва оқилона хоҳад буд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
АМИР ХАН ВА ЯК АМАЛИ ХАЙРИЯВИИ АҶИБИ Ӯ
Замони пайдоиши бемории COVID-19 ҳунарманди Ҳиндустон Амир Хан барои ҳамватанонаш хайри аҷоибе кард. Эълон шуд, ки аз номи ҳунарманд Амир Хан барои нафарони ниёзманд 1 килограмм орд ба сари ҳар кас тақдим мегардад. Бисёриҳо барои гирифтани он нарафтанд. Ҳамон нафароне ҳозир шуданд, ки ниёзманди он буданд ва дигар чизе барои тановул надоштанд. Дар охир, онҳое, ки орд гирифтанд, ҳар кадом аз даруни он 200-долларӣ пайдо намуданд ва пулҳо низ ба дасти нафароне расиданд, ки, дарвоқеъ, ниёзманд ба он буданд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
Бузургии Алберт Эйнштейн ин аст, ки ӯро на танҳо аҳли илм, балки аксари онҳое, ки ба кашфиёт алоқамандие надоранд, мешиносанд. Вале сарчашмаҳо дар бораи рӯзгори оилавии ин нобиға зиёд маълумот надоранд. Ҳарчанд зиндагии шахсии ӯ корномаҳои аҷиберо фарогир аст, ки ҳадди ақал муқаррарӣ нестанд. Барои мисол, вақте ӯро маҷбур мекунанд, ки бори дуюм оиладор шавад, талаб менамояд, ки арусшаванда бояд шартномаи омоданамудаи ӯро бо нишони тасдиқ имзо кунад. Бовар нокарданист, вале чанд банди аввали шартнома мазмунан чунинанд:
- Ҳар вақте хоҳиш кунам, арус набояд дигар гап занад;
- Бистари хоби маро бе иҷозат тамиз накунад;
- Ба утоқи кории ман ҳамагӣ се бор дар як рӯз ва танҳо барои оростани дастархон дарояд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
МУВАФФАҚИЯТ
ҚИССАИ АҶИБ
Дар оилаи ду донишҷӯ – яке олмонии католик ва дигаре писари миллиондори суриягӣ тифле таваллуд шуд. Хонаводаи католикҳо ба модар тарбияи фарзандро манъ карда, амр доданд, ки ӯро ба кӯдакистон диҳанд. Падар низ аз таваллуди кӯдак шод набуд. Пол Ҷобс ва ҳамсараш Клара, ки натавонистанд фарзанди худро дошта бошанд, писарро ба фарзандӣ гирифтанд. Вақте писар 23-сола шуд, аллакай, миллиондор буд. Ӯ ба Пол Ҷобс ва Клара, ки ӯро ба фарзандхондагӣ гирифта буданд, тақрибан 1,5 миллион доллар дар як сол медод. Бо гузашти солҳо, тамоми ҷаҳон дар бораи ин кӯдак огоҳ шуд. Номи ӯ Стив Ҷобс, созандаи ширкати маъруфи “Apple” аст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ДӮСТИИ БЕИНТИҲО
Мӯрчае донаи вазнинеро бардошта, дар биёбон мерафт. Аз ӯ пурсиданд:
Куҷо меравӣ?
Гуфт:
– Мехоҳам, ин донаро барои дӯстам, ки ғариб аст, бубарам.
Гуфтанд:
– Ту агар ҳазор сол ҳам умр бинӣ, наметавонӣ ин ҳама роҳро тай карда, аз ин кӯҳистонҳо бигзарӣ ва ба назди дӯстат бирасӣ.
Мӯрча гуфт:
– Муҳим ин нест. Аз лаҳзае, ки ба роҳ баромадам, ӯ ҳис мекунад, ман дар қавли дӯстияш устуворам ва хурсанд мешавад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
РЕКОРДИ НАВИ СОБИҚ ФУТБОЛБОЗИ КУБАГӢ
Собиқ футболбози кубагӣ Эрик Эрнандеси 56-сола дар бетанаффус бозӣ даровардани тӯби футбол дар рӯи по ба муддати бештар аз 12 соат рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Он дар яке аз меҳмонхонаҳои Гавана сурат гирифт. Маҳорати ӯро чанд довар бо иваз кардани ҳамдигар ҳакамӣ намуданд. Рекорди собиқ 12 соат буд.
Эрнандес ҳунарнамоиашро соати 8-и субҳ оғоз карда, соати 20:06 ба анҷом расонд. Ӯ дар ин муддат тӯбро танҳо бо пойҳояш зад. Акнун рекорди гузоштаи Эрик ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид хоҳад шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КОРРУПСИЯ
Лаҳзае аз дарс:
– Миша, ки аз танбалӣ ба дарс рафтан нахост, Светаро хоҳиш кард, то ба муаллим дурӯғ гӯяд, ки ӯ бемор аст. Барои чунин «дастгирӣ» ба ҳамсинфаш як шоколади кори калон дод. Света, ки рӯзи гузашта набуд, шоколадро бар ивази рӯбардор кардани вазифаи хонагӣ ба Максим дод. Баъд аз дарс Максим хост ҳамроҳи бачаҳо ба оббозӣ равад, вале модараш иҷозат надод. Максим аз Миша хоҳиш кард, ки бар ивази як шоколади кори калон ба модари вай занг зада, гӯяд, ки писаратон маро хабаргирӣ омадаасту ҳамроҳ чанд лаҳза мешинем. Ҳамин тариқ, шоколад баргашта ба дасти Миша омад.
Акнун лутфан бигӯед, ки амали ҳамсинфонро бо як калима чӣ гуна ифода кардан мумкин:
– Коррупсия.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲАҚҚИ ПРОФЕССОР
Сантехник дастшӯи хонаи профессорро таъмир карда, 100 доллар ҳаққи хизмат мепурсад.
Муаллими ҳайратзада норозиёна мегӯяд:
– Ман 25 сол собиқаи кори профессорӣ дорам, вале ҳеҷ вақт дар ним соат 100 доллар нагирифтаам.
– Асаби нашавед, устод, ман ҳам замони профессор буданам дар ним соат 12 доллар мегирифтам.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ПАДИДАҲОИ ҒАЙРИОДИИ ОЛАМИ ВАРЗИШ
Тадқиқ шудааст, ки 68 дарсади бозигарони ҳоккей ҳангоми бозӣ камаш аз як дандони худ маҳрум гаштаанд.
* * *
Дар қоидаҳои мусобиқаи асптозӣ омадааст, ки номи аспи даванд бояд аз 18 ҳарф беш набошад, зеро дар хотир намемонад ва навиштанаш душвор аст.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ПОЛ ВАВЕР ВА ИХТИРОИ Ӯ
Пол Вавер, муаллим аз Кения, батареяҳои куҳнашудаи ноутбукро барои табдил додани скутерҳои бензинӣ ба барқӣ истифода мебарад.
Дар Африқо батареяҳои куҳнашуда ҳамагӣ 0,50 миллинги кениягӣ (30 копеек) арзиш доранд ва бештари онҳо заряддоранд.
Пол миқдори зиёди онҳоро дарёфт карда, ба батареяҳои аккумулятори ивазкунандаи муҳаррикҳои сӯзишвории дохили скутерҳо (заврақчаҳо) ва мототсиклҳо ҷой медиҳад.
Аккумуляторҳои аз ноутбук бастубандшуда ҳангоми пурра заряд доштан ҳаракатро то масофаи 100 км таъмин менамоянд. Бо ба назар гирифтани нархи барқ, ин гуна батареяҳо 30-40 фоиз арзонтар маҳсуб мешаванд ва онҳо дар 45 дақиқа пурра заряд мегиранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ЧАНД ДАЛЕЛИ АҶИБ ДАР БОРАИ ЧӮТКАИ ДАНДОНШӮӢ
1. Аввалин чӯткаи дандоншӯӣ дар Осиё, аниқтараш дар Чин, пайдо шудааст. Гумон меравад, ки дар замони ҳукмронии сулолаи Тан (619-907 милодӣ) мардуми Чин онро ихтироъ кардаанд.
2. Чӯтка дар Аврупо дар асри 17 пайдо шуд. Сайёҳони чинӣ онро ба Ғарб оварданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН
ВЕНЕРА ДЕ МИЛО
Венера яке аз асарҳои машҳури санъати қадимӣ аст, ки дар осорхонаи Луври шаҳри Париж нигоҳ дошта мешавад. Он муҷассамаи бостонии юнонӣ буда, дар давраи элинистӣ аз соли 130 то 100 пеш аз милод сохта шудааст. Дар ин муҷассама олиҳаи Юнони Қадим Афродита (румӣ Венера) тасвир ёфтааст. Венераро соли 1820 дар ҷазираи Милос дар баҳри Эгей кашф карданд. Пас аз бозёфт онро сафири Фаронса Маркиз де Ривер дар империяи Усмонӣ харида, ба шоҳ Людвики XVIII ҳадя намуд. Шоҳ онро ба осорхонаи Лувр супурд. Ҳайкал аз мармари Париан сохта шуда, баландиаш ду метр мебошад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
БУБЕН
Бубен сози мусиқии зарбиест, ки садояш баландии муайян надорад. Ин созро дар давраҳои қадим машшоқони дарвеш аз Шарқ ба Ғарб бурданд ва дар Италияву Испания васеъ паҳн гашта, сози мардумии ин халқҳо шуд. Бубен аз аввалҳои садаи XIX ба қатори созҳои оркестрҳои ҳарбӣ ва дертар симфонӣ дохил гардид. Сози мазкур доираи хурди чӯбин дошта, аз як тарафаш пӯст кашида шудааст ва мобайни доира якчанд сӯрохӣ дорад. Дар ин сӯрохиҳо тақсимчаҳои хурдаки филизӣ шинонда шудаанд, ки мавриди ба пӯст навохтан, ҳам аз пӯст ва ҳам аз тақсимчаҳои филизӣ якҷоя садо мебарояд.
Бубен аз давраҳои қадим ҳамчун сози усулӣ дар оҳангҳои рақсӣ ҷӯр мешавад.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ЧАНД СУХАНИ КӮТОҲ
Инсонҳои куҳансолро хиҷолатзада накунед ва бо саволҳои мисли “маро мешиносед ё ман фарзанди кӣ ҳастам?» хотираашонро наозмоед. Бо онҳо салом кунед, исматонро бигӯед ё худро муаррифӣ намоед. Фаромӯшӣ дарднок аст. Агар хотира ба онҳо хиёнат намудааст, адаб ба шумо хиёнат накардааст.
* * *
– Чӣ гуна хушҳолаш кардӣ?
– Ӯ ғамгин буд ва ман ба суханонаш гӯш додам.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
ҲАФТ МУЪҶИЗАИ ОЛАМ
МАВЗОЛЕЙИ ГАЛИКАРНАС
Мавзолейи Галикарнас, ки ҳамчун ёдгории машҳури шаҳри Бодруми Туркия мебошад, яке аз ҳафт муъҷизаи ҷаҳони қадим ба шумор меравад.
Мавзолейи Галикарнас соли 353 пеш аз милод ба шарафи ҳокими Кария (Бодруми имрӯза) Мавзолус сохта шудааст.
Мақбара аз чор ошёна иборат буд, ки баландиаш тақрибан ба 45 метр мерасид. Биноро муҷассамаҳо ва ороишоти аз мармар омодашуда оро медоданд. Он бар асари заминҷунбии сахт дар асри 13-и мелодӣ фурӯ рехт.
Имрӯз Мавзолейи Галикарнас ҳамчун осорхона, намои нав гирифт, ки осори зиёд ва муҷассамаҳои ба фарҳангҳои қадимии Кария ва Юнонро намоиш медиҳад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)