КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН БА МАКОНИ КӮҲНАВАРДОН ТАБДИЛ ХОҲАНД ЁФТ
Охири моҳи феврал тибқи назарсанҷии нашрияи маъруфи малайзиягӣ «RHASDNBHD», Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ дониста шуд.
Бояд гуфт, ки сайёҳии кӯҳнавардӣ яке аз навъҳои сайёҳии барои кишвари мо афзалиятнок маҳсуб меёбад. Бо назардошти рушд додани ин намуди сайёҳӣ дар кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) роҳандозии васеи сайёҳии кӯҳнавардиро махсус таъкид доштанд.
Тоҷикистон бо кӯҳҳо ва кӯҳнавардӣ машҳур аст. Кӯҳҳои Тоҷикистон гуногун буда, аз рӯйи навъҳои геологӣ, сохтори сатҳаш, яхбандӣ аз якдигар тафовут доранд. Кӯҳҳои Фон – кӯҳҳои зеботарини на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ буда, дар пайванди қаторкӯҳҳои азим Помиру Олой ва Ҳисор ҷойгиранд. Ин ҷо қуллаҳои баланд, дараву ағбаҳо, арчазорони ҳамешасабз, марғзор, кӯлҳои зумуррадин мавҷуданд, ки ҳар сайёҳро мутаассир мегардонанд. Маҳз аз ҳамин ҷо хатсайрҳои зиёди сафарҳои кӯҳӣ мегузаранд ва гуногунии масирҳо имкон медиҳанд, ки сафари мувофиқ барои ҳама табъу завқ ташкил карда шавад.
Кӯҳҳои Помиру Олой баландтарин системаи кӯҳии Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро дар бар гирифта, қисми бештари он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Ин қаторкӯҳҳо зебо ва ҷаззоб буда, бо обу ҳавои нисбатан сардтар ва қаторкӯҳҳои баландтар фарқкунандаанд. Нуқтаи баландтарини он қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр мебошад. Барои фатҳи маҳз ҳамин қулла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир мешавад, ки дар он кӯҳнавардон аз Россия, Қазоқистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Олмон, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Фаронса, Дания ва дигар кишварҳои дуру наздик фаъолона ширкат меварзанд.
Имрӯз вобаста ба боигарӣ ва гуногунии захираҳои сайёҳӣ, минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷуҳ қарор гирифтани кӯҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки ин ҷо кӯҳҳову қуллаҳои сарбафалаккашида, кӯлҳои мусаффо, олами набототу ҳайвоноти нодир ва дар маҷмуъ, табиат дар шакли аввалааш ҳифз шудааст. Хусусиятҳои ба худ хоси табиати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон, мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавоз, ҷашну анъанаҳои миллӣ, хӯрокҳои лазиз, меваҳои шаҳдбор ҳамасола ҷаҳонгардони зиёдро ҷалб менамояд. Ин аст, ки шумораи сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, сол ба сол меафзояд. Чунончи, имсол нишондиҳандаи воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба кишвар қариб ба нишондиҳандаҳои давраи қабл аз пандемия расида, наздики 1 миллион нафарро ташкил дод.
Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон гавҳари кашфношуда аст ва он гавҳараш маҳз дар кӯҳҳову табиаташ нуҳуфтааст. Ҷойҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд сайёҳонро ба ҳайрат оваранд ва шод гардонанд. Инҳо метавонанд ҷойҳои инфрасохтордору муҷаҳҳазшуда чун чашмаҳои маъданӣ, осоишогоҳҳо, инчунин, мавзеъҳои хомӯшӣ ва истироҳат ба монанди водии дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои нилгун ва кӯҳҳои баланд бошанд. Аз ҳамаи ин имкониятҳо дар соли ҷорӣ, ки мавсими нави сайёҳӣ оғоз ёфт, метавон самаранок ва ҳадафмандона истифода бурд.
Албатта, барои амалисозии ҳамаи нақшаву ҳадафҳо мушкилиҳо ҷой доранд. Инҳо норасоии роҳбаладони ботаҷрибаву забондони касбӣ, камбудиҳо дар хизматрасонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, тарғибу ташвиқи Тоҷикистон чун кишвари сайёҳӣ, гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо, кам будани хатсайрҳои ҳавоӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон мебошанд, ки садди роҳи рушди бемайлони соҳа мегарданд.
Имрӯзҳо барои бартарафсозии мушкилиҳо ва рушди соҳа аз ҷониби сохтори ваколатдори соҳа дар кишвар корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, дар заминаи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинон ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ташаккули бренди миллии сайёҳӣ чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Итминон дорем, ки сайёҳии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талоши масъулону алоқамандони соҳа солҳои наздик ривоҷу равнақи тоза пайдо карда, кӯҳҳои Тоҷикистон ба макони воқеии кӯҳнавардон табдил хоҳанд ёфт.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54