“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”
Бардошт аз ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни ҷаҳонӣ
Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки мушовири Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, намояндаи Сафорат оид ба таълим, хонум Зен Сиенфа, мудири бахши идоракунии лоиҳаҳо ва сарпарасти Донишкадаи Конфутсий, намояндаи шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мафтуна Ҳакимова, мудири кафедраи забонҳои шарқи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Шаҳноза Хоҷамуродова, директори МТМУ №42-и шаҳри Душанбе Мавҷуда Иноятова, директори филиали Ширкати сохтмонии Синзяни Чин дар Тоҷикистон, ҷаноби Дин Дин, омӯзгорону шунавандагони Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ, дар маҷмуъ, зиёда аз 300 нафар дар даври ниҳоии 17-ум давраи Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ мудири бахши идоракунии лоиҳаҳо ва сарпарасти Донишкадаи Конфутсий аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мафтуна Ҳакимова ба Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва маркази табодули забонҳо ва ҳамкориҳо барои дастгирӣ нисбат ба таълими забони чинӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ван Гуочун зимни суханронӣ изҳор дошт, ки солҳои охир ба шарофати шарикии стратегӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф густариш ёфта, ба истеъдодҳо, донандагони забон ниёз бештар шудааст. Забони чинӣ ҳамчун пул робитаи байни мардумро афзоиш медиҳад ва ба ҳамкориҳои амиқ дар арсаҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард. Ҷавонони тоҷикро барои омӯхтани забони чинӣ, дарки забон ва фарҳанги Чин ва ширкат дар табодули афкор ва ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф даъват мекунам.
Пас аз даври интихобии Озмун 8 довталаб аз 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даври ниҳоии Озмун роҳ ёфтанд. Пеш аз оғози даври ниҳоӣ дастаи ҳунарии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ рақси аҷиби тоҷикиро иҷро кард. Баъдан, иштирокчиёни Озмун қобилиятҳои хешро нишон доданд.
Дар даври аввал довталабон дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла дар бораи муносибат бо забони чинӣ ва расидан ба орзуҳои худ маъруза намуданд. Дар даври намоиши истеъдодҳо шоҳиди қироати шеър, навохтани асбобҳои мусиқӣ, иҷрои рақс, сурудхонӣ ва дигар ҳунарҳои довталабон гаштем. Пас аз анҷоми даври якум шаш нафар, ки баҳои баланд гирифтанд, ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Дар даври дуюм, ки “Бо ҷуръат ба пеш ҳаракат намудан” номгузорӣ шудааст, дониши фарҳангии довталабон санҷида шуд. Довталабон бояд дар вақти муайяншуда ба қадри имкон ба саволҳо посух медоданд. Пас аз рақобати шадид аз ин давр чор нафар ба даври сеюм гузашт.
Дар даври сеюми Озмун, ки “Мушкилӣ дар тангкӯча” номгузорӣ шудааст, қобилияти мутобиқшавӣ ва баёни довталабон санҷида шуд. Онҳо бояд дар муддати маҳдуд расмҳоро интихоб ва доир ба мундариҷаи тасвирҳо маълумоти шифоҳӣ диҳанд. Аз ин давр ду довталаб ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Даври чорум – “Ҳаракат ба самти ғолибият”– мубориза барои ҷои аввал мебошад. Дар ин қисмат қобилияти шунавоии довталабон санҷида шуд, ки бояд ба саволҳои гуногун посух диҳанд ва бо ин сатҳи забондонии онҳо муайян карда шавад.
Узви ҳайати ҳакамон, омӯзгор Ван Хуайҷуан дар бораи донишу маҳорати иштирокчиён дар даврҳои гуногуни Озмун изҳори назар карда, истеъдоди онҳоро ситоиш кард. Дар рафти Озмун довталабон маҳорати забон ва захираи дониши худро ба таври комил нишон дода, ба меҳмонон ва тамошогарон имкон доданд, ки дар раванди омӯзиши забон кӯшиш ва заҳматҳои толибилмонро эҳсос кунанд.
Пас аз чор давр Ёқубҷон Ғуломов ғолибиятро ба даст овард. Ҷойи дуюм насиби Мазҳаб Наҷмиддинзода ва ҷойи сеюм насиби Фарангис Зоирова гардид. Илова бар ин, ҷоизаҳои “Беҳтарин маъруфият” насиби Алиҷон Убайдуллоев, “Беҳтарин намоиш” насиби Сафина Раҳимова, “Беҳтарин суханвар” насиби Баҳром Истатов, “Беҳтарин истеъдод” насиби Эмомалӣ Саидов, “Беҳтарин кирдор” насиби Бинёмин Ҳамдамзода гардид. Фотеҳ Наҷмиддинов, Саидамин Алиев ва Муҳаммадҷаъфар Мавлонов ғолибони ҷоизаи “Маъруфият дар шабакаи интернет” гардиданд.
Озмуни “Пули забони чинӣ” ба толибилмон имкон фароҳам меорад, ки маҳорати донистани забони чиниро нишон диҳанд ва орзуҳои ҷавониро амалӣ гардонанд ва бо толибилмони саросари ҷаҳон, ки забони чинӣ меомӯзанд, робита барқарор намоянд. Ин Озмун на танҳо сатҳи забондонии довталабонро месанҷад, балки бо пешниҳоди дарки омӯхтани забон ва донишҳои фарҳангӣ, шавқу рағбати толибилмонро ба омӯзиши забони чинӣ афзоиш хоҳад дод.
Донишкадаи Конфутсийи
назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)