ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗУ ТАЪРИХӢ”

“ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗУ ТАЪРИХӢ”

21 май 2024, Сешанбе
21
0
Дар ҳақиқат, ин иҷлосия, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдирсозу таърихӣ маҳсуб мешавад. Чаро? Чунки он ба пойдории истиқлол, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, боқӣ мондани номи кишвар – Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон асос гузошт. Аксари вакилон ба хубӣ дарк карданд, ки Ватан ва ҳастии он дар зери хатар қарор дорад. Аз ин рӯ, аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, новобаста ба вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ, бо эҳсоси масъулияти бузург дар кори ин Иҷлосия ширкат варзиданд ва ба эътимоду боварӣ шахсияти арзанда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Ғайбулло Авзалов, вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии №171, дар ин китоби тозанашраш воқеаву ҳодисаҳои рухдодаро, ки бевосита шоҳид буд, бо таҳлилу таҳқиқи дуруст инъикос намудааст. Маврид ба зикри махсус мебошад, ки дар он рӯзгор ҳамаи тадбирҳоро воломақомон андешиданд, то ба ҷонибдории ӯ мардум овоз надиҳанд, аммо ба ин мақсад муваффақ шуда натавонистанд. Яъне, замон собит сохт, ки раъйдиҳандагон дар интихоби вакилашон хато накардаанд.
Муаллиф ҳақиқатнигорона баъзе аз бозиҳои пуштипардагиро пеш ва дар рафти кори ин Иҷлосия ошкор месозад: “Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз ба ҳамин мақсади олӣ мо ба Иҷлосия омадем”, - иқтибос мекунад муаллиф аз суханронии вакили мардумӣ аз ҳавзаи №172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар иртибот ба он менависад: “Суханронии кӯтоҳ, вале муассири Э.Ш. Раҳмонов аз дигар суханрониҳои иштирокдорони маҷлис ба он фарқ мекард, ки масъалагузориҳо воқеӣ ва мушаххас буданд. Ширкаткунандагони маҷлис дарк карданд, ки Э.Ш. Раҳмонов шахсиятест, ки иродаи сиёсии ӯ ба ҳалли мушкилтарин масъалаҳои ҳаёти халқу Ватан равона карда шудааст”.
Тавре аз навиштаҳои муаллиф бармеояд, буданд нафароне, гурӯҳе, ки чун ба мақсади нопоки худ нарасиданд, фитнаҳо эҷод намуданд, то Иҷлосия баргузор нагардад, вале барои аксар вакилон барқарории сулҳ, пойдории миллат, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ муҳимтар буд.
Ғайбулло Авзалов барҳақ менависад: “Бояд гуфт, ки воқеаҳои нохуш ва пайкарасӯзи ҷанги тоҷикон фаромӯш нагардида, ба таърих ворид мегарданд, ба китоби сабақомӯзӣ мубаддал мешаванд. Вале, пеш аз ҳама, ҷаҳду талош ва заҳматҳои бебаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қомуси рӯзгори миллати тоҷик бо хатти заррин навишта шуда, чун Хуршед роҳи орзу ва умеду ормонҳои мардумро мунаввар месозанд”.
Ҳамин тавр, қисмати аввали китоб хотираҳову ёддоштҳои вакили мардумӣ аз ҳавзаи №171 Ғайбулло Авзаловро дар бар мегирад.
Дар қисмати дуюми китоб суратҳои таърихӣ аз рафти кори ин Иҷлосия ва вохӯрии Пешвои миллат дар чорабиниҳои ободсозии вилояти Хатлон, ки муаллиф дар он даврон сарварии онро бар уҳда дошт, ҷой дода шудаанд.
Қисмати сеюм баромадҳо, мақолаҳо, суҳбатҳои Ғайбулло Авзаловро оид ба он рӯзҳои пурдаҳшати кишвар ва баргузориву моҳияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.
Мавриди сипосгузорӣ низ мебошад, ки муаллиф аз он рӯзгор то ба имрӯз дар тарғиби ин Иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ саҳми назаррас мегирад, то барои насли наврас дарси ибрат шавад. Аз ин рӯ, таълифу нашри ин китоб аз туҳфаҳои гаронарзиш барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа маҳсуб мешавад.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив