ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ КОРИ ОСОН НАБУД ВА НЕСТ 

ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ КОРИ ОСОН НАБУД ВА НЕСТ 

23 май 2024, Панҷшанбе
148
0
БА ИФТИХОРИ  17-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Расму оин ва анъанаву маросим яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошанд. 
Бо назардошти ин, ҳанӯз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири манфиати умумии мардуми кишвар тамоми имкониятҳоро истифода намуд, то пеши роҳи исрофкорӣ ва маросими серхарҷ гирифта шавад.   
Аз ҷумла, 9-уми июли соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд. Инчунин, 27-уми ноябри соли 1999 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ» қабул гардид. Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз моҳи ноябри соли 1999 то моҳи майи соли 2007 фаъолият намуда, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ конференсияҳои илмӣ-амалӣ, машваратҳои ҷумҳуриявӣ ва мулоқоту вохӯриҳо доир намуд. Бо вуҷуди ин, мушкилот дар он буд, ки оростани зиёфат ва хӯрдани таом ҳамчун ҳадафи ниҳоии ҳамаи иҷрокунандагони маросими милливу мазҳабӣ қарор гирифта, маънои аслии суннату анъанаҳои неки мардумиро то андозае коҳиш дода буд. 
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 2007 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории маъракаҳо давра ба давра танзим гардид. 
Барои муқоиса таҳлили амиқи теъдоду баргузории маъракаҳои соли 2006 ва соли 2023-ро дар асоси омори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омори собиқ Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллии шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон менамоям. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2006 ба ҳисоби миёна зиёда аз 60 ҳазор тӯйҳои домодию арӯсӣ  (бо гузарондани 10 маъракаи «хостгорӣ», «ноншиканон», «сарупобарон», «маслиҳатошӣ», «ҳамсинфон», «оши тӯйи арӯсӣ», «чойгаштак», «оши тӯйи домодӣ», «домодталабон» ва «арӯсбинон»)  баргузор гардидааст, ки танҳо барои гузарондани ин чорабиниҳо зиёда аз 300 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ карда мешуд. Теъдоди тӯйҳои домодию арӯсӣ дар соли 2023 зиёда аз 103 ҳазор маъракаро бо забҳи қариб 61 ҳазор сар чорвои калону майда ташкил дод.   Агар давоми соли 2006 беш аз 87 ҳазор маросими дафну азодорӣ (бо гузарондани 8 маърака: «оши сари тахта», «хайрот», «се», «ҳафт», «бист», «чил», «сол» ва «бегоҳии ҷумъа, 52 ҳафта») бо забҳи қариб 200 ҳазор сар чорвои калону майда гузаронда шуда бошад, ин рақам дар соли 2023-юм 12 ҳазору 630 ададро ташкил дод, ки бе додани таом баргузор шуданд. Давоми соли 2006 барои гузарондани 98 ҳазор маросими хатнасур (бо гузарондани 4 маъракаи «ордбезон», «маслиҳатошӣ», «оши хатна бо иштироки ҳофизон», «бузкашӣ ё гӯштингирӣ») қариб 200 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ карда шуд. Маросими хатнасур дар соли 2023 бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон ташкил гардид.
Дар соли 2006 маносики ҳаҷҷи фарзиро 4467 нафар сокини мамлакат бо баргузории маъракаи «гусел», «пешвозгирӣ», «ҳоҷиошӣ», «ҳоҷиталабон» ва бо забҳи қариб 9500 сар чорвои калону майда адо карданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маросими «зиёрати ҳоҷӣ» аз ду ҳафта то як моҳ бо тақдими тасбеҳ ва ҷойнамоз идома меёфт. Дар соли 2023 маносики ҳаҷҷи фарзиро 5361 нафар иҷро кард ва маъракаи гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила баргузор шуд. То соли 2007 ҷашни зодрӯз (махсусан 30, 40, 50, 60 ва 70-солагӣ) дар корхонаю муассиса бо тақдими туҳфаҳо, дар тарабхона бо иштироки зиёда аз 200 нафар дӯстону хешу табор ва ҳофизони номдор баргузор мегардид. Айни ҳол ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад.  
Тибқи таҳлилҳо ва оморҳои дақиқ дар соли 2006 сокинони мамлакат барои гузарондани маъракаҳои тӯйи домодию арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ, хатна, зодрӯз ва ҳаҷ  зиёда аз чор миллиард сомонӣ харҷ карданд. Бо татбиқи самараноки Қонуни миллӣ ва сатҳи баланди маърифатнокии сокинони мамлакат хароҷоти ин маъракаҳо дар соли 2023 қариб 521 миллион сомониро ташкил дод.
Мисолҳои мушаххас вобаста ба баргузории маъракаҳо дар қисман шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар соли 2006-ро ёдовар мешавем.
Дар шаҳри Хуҷанд то соли 2004 дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ оши наҳор бо иштироки то 1500 нафар ва домодталабон то 1000 нафар баргузор мегардид. Дар водии Ҳисор дар тӯйи домодию арӯсӣ маъракаҳои хостгорӣ, сафедгирон, парчабуррон, маслиҳатошӣ, ордбезон, нонбандон, оши тӯй, арӯсбарон, сарҷилав, пойандоз, ҳафтталабон бо хароҷоти зиёд гузаронида мешуд. 
Аз соли 1999 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии зиёноварӣ ба пешрафти кору меҳнат дар ҳудуди шаҳр дар соатҳои барвақти субҳ ташкил намудани маъракаҳои серхароҷоти оши наҳорро манъ карданд (дар рӯзҳои корӣ низ оши наҳор баргузор мегардид) ва гузарондани тӯйю маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ пас аз соати 17:30 то соати 23:00 баргузор карда мешуданд. Ҷашни зодрӯз дар вазорату идораҳо дар соати корӣ пурдабдаба гузаронда мешуд. 
Дар деҳаҳои Раванд, Техарв ва Ғумасти ноҳияи Ванҷ то соли 2007  дар як тӯй то 1100 кг гӯшт харҷ мекарданд. 
Дар шаҳри Кӯлоб соли 2006 маросими дафну азодориро бо ҳашт маросим: «оши саритахта», «се», «ҳафт», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ», «сол» ва «ҷумъагӣ дар давоми 52 ҳафта» мегузаронданд.
Ин хароҷотҳои ҳангуфт дар ҳоле буд, ки соли 2006 буҷети солонаи кишвар се миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медод. Айни ҳол бошад, буҷети солонаи мамлакат зиёда аз 42 миллиард сомонӣ аст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қабл аз ҳама, шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овард.  Қабули Қонуни миллӣ ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва рафъи мушкилоти рӯзгор мусоидат намуд ва бо назардошти ниёзу дархостҳои мардум давоми 17 сол ба Қонуни мазкур панҷ маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017 ва 25-уми июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки баъди қабули Қонуни миллӣ аз 70 номгӯи ҷашну маросими зодрӯз, хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 15 номгӯи он боқӣ монд.
Баргузор намудани маросим ба як қатор омилҳои эътиқодӣ, арҷ гузоштан ба меъёрҳои ахлоқӣ, одаму одамгарӣ, нангу номус ва хиҷолат аз бадгӯии дигарон вобаста аст.  
Бинобар ин, гузарондани унсурҳои асосии миллии маъракаҳо дар доираи оила боқӣ мондааст. Масалан, маросими хостгорӣ, домодталабон, арӯсбинон, тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо дар тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин,  дар маросими дафну азодорӣ тибқи эътиқоди динӣ маъракаҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда мешаванд. Дар маросими ҳаҷ маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъян манъ гардида, маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила баргузор мегарданд.
Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) ба тарзи зайл таъкид намудаанд, ки аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат гувоҳӣ медиҳанд: 
– шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид;
– умри миёнаи аҳолии мамлакат беш аз 6 сол афзоиш ёфт (аз 70 сол ба 76,3 сол расид);
– дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфт;
– сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд;
– агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2023 ба 18,6 миллиард сомонӣ расид; 
– солҳои 1995 ва 1997 ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар замин (аввал 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор гектар) тақсим карда шуд, ки ин табаддулоте дар муносибатҳои истеҳсолии аграрӣ буд;
– дар замони истиқлол як миллиону 400 ҳазор оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ гардид; 
– саршумори чорвои калон ва майда ба 9,2 миллион сар расида (2,6 миллион сар чорвои калон ва 6,6 миллион сар чорвои хурд), ду баробар зиёд шуд.
Зиндагӣ собит сохт, ки Қонуни миллии бо ташаббуси Пешвои миллат пешниҳод ва қабулгардида иқдоми саривақтиву зарурӣ буд ва ба ҳар як сокини мамлакат манфиати худро расонид. 
 
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана 
ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
номзади илмҳои педагогӣ
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив