ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

27 май 2024, Душанбе
129
0
 
 
28-уми май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз бунёди Қӯшунҳои сарҳадӣ 30 сол сипарӣ мешавад.  
Сарҳад атрибути арзишманди давлати комилҳуқуқ буда, дар баробари  Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва арзишҳои миллӣ аз муқаддасоти давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад. Нахустин рукни муҳими давлат маҳз марз аст. 
 
Қӯшунҳои сарҳадӣ зодаи истиқлол буда, масъули ҳифзи рукни муҳим ва муқаддаси давлати мустақил: марз ва таъмини амниятро бар уҳда доранд. Хатти марзро дар чор мавсим, шабонарӯз нигаҳбонӣ мекунад, ки ба бештар аз чаҳор ҳазор километр тул кашидааст. Нуктаи баландтарин 4600 метрро аз сатҳи баҳр ташкил медиҳад. Сарҳадбонон то 60 дараҷа сардӣ (минтақаи ноҳияи Мурғобу Ишкошим) ва то 50-55 дараҷа гармӣ (ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус) дар адои рисолати муқаддасанд. Аз ин рӯ, марзбон будан масъулият асту ифтихор. 
Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳарчанд ҷавон аст, вале аз алангаи оташи пайкору муқовиматҳо гузашта, ифтихори давлату миллат гардид. Бунёди он ба осонӣ ба даст наёмад. Дар замони мушкилтарин, дар баробари Артиши миллӣ, ниҳоди хосае барои   муҳофизати марз таъсис дода шуд, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистод. 
Ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Сарвари ҷавону тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи марз ба миён гузошта шуд. Қарори Шурои Олӣ аз 18-уми декабри соли 1992 дар бораи таъсиси Бригадаи таъиноти махсуси марзбонон дар назди Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. 
Минбаъд бо мақсади баланд бардоштани мақом ва қобилияти ҷангии сарҳадбонон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расиданд. Зеро Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши барҷастаи неруҳои марзбонии ҷумҳурӣ ва вазифаю рисолати ин ниҳоди муташаккил дар ҳифзу амнияти кишвар бовару эътимоди қавӣ доранд. Дар ҳамин раванд ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқату ба талаботи замони нав мувофиқ ва беҳбудии инфрасохторро дар отрядҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати  кишвар  мешуморанд. 
 
Дар давоми 30 сол иншооти ба талаботи замон мувофиқ барои ҳифзи сарҳади давлатӣ бунёд карда шуд. Дар тарбияи кадрҳои ҷавон низ дастовардҳо назаррасанд. Дар ин муддат 1785 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1703 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм карда, дар Қӯшунҳои сарҳадӣ адои вазифа  менамоянд. Ҳоло дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар наздик ба 800 нафар ҷавон таҳсил дорад. 
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз сарҳадбонон дониши баланди сиёсӣ, забондонӣ ва омӯзиши технологияи навтаринро тақозо дорад. Онҳо дастуру тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди «Артиши замони нав на танҳо ба тақвияти ҷадиди василаҳои моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳазу мусоид, балки  бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва содиқу ватандӯст неруманд аст»-ро сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд.
Дар баробари малакаи ҳарбӣ ва шуҷоату худшиносӣ донишу зиракӣ аз омилҳои муҳими нигаҳдории давлати соҳибистиқлол мебошанд. Сарбозону афсарон дар ин марҳала моҳияти ватандорӣ, истиқлол, соҳибихтиёриро дарк менамоянд ва хуб мефаҳманд, ки модару Ватан ягонаанд ва озодӣ шарафи инсонист. Дар муддати начандон тулонӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ иттиҳоду якдилиро таҷриба карданд. Барои тарбияи  марзбонон дар руҳияи садоқат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Дар ин раванд, бо мақсади тарбияи афсару сарбози мувофиқи талаботи замон ва ватандӯст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих ва корнамоиҳои бемислу монанди қаҳрамонони муборизу муқовиматхоҳи тоҷик муроҷиат карда, ба таври муқоиса диловарию шуҷоати онҳоро ситоиш ва арҷгузорӣ менамоянд. Ёдоварии Куруши Кабир, Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Тоҳири ибни Ҳусайн, Яъқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ ва Темурмалик дар “Чеҳраҳои мондагор” дар масъалаи ҳифзу амнияти кишвар, бавижа марзҳои он, хеле муҳим ва ибратомӯзанд. Халқи тоҷик  аз фарзандони ғаюру ҷавонмарди худ ифтихор дорад ва барои бақои корномаи эшон амалҳои заруриро анҷом медиҳад. Дар ҳамин руҳия бо ташаббуси Президенти мамлакат ордени “Спитамен” таъсис дода шуд, ки афсарони сарсупурда ва ҷонфидои миллат бо он қадрдонӣ мегарданд. 
Дар муддати 30 сол бо ибтикору ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ тавонманду пуриқтидор гардида, амалҳои заруриро ба нафъи миллату давлат, бахусус ба муқобили хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм ва ҳадафҳои нопоки ҷангиёни неруҳои ифротгаро, анҷом медиҳанд. 
Воқеист, ки марзбонон дар сафи авваланд. Бо дарназардошти ҳамин рисолат, шароити зист ва хидматии марзбонон сол ба сол беҳ мегардад ва дар чанд соли охир маблағҳои масрафгардида барои Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат 25 баробар афзуд. Пешвои миллат хидмати шабонарӯзии марзбонони кишварро намунаи олии ҷасорату мардонагӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ шумурда, таъкид мекунанд: «Ҳукумати мамлакат шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад».
Пешвои миллат ҳамкориҳои байниҳамдигарии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадиро бо Қӯшунҳои сарҳадӣ бағоят зарур шумурда, ҳамзамон, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро бо давлатҳои ҳамсоя махсус таъкид мекунанд.  
Ҳоло дар қаламрави кишвар 35 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, аз ҷумла  гузаргоҳи ҳавоӣ, гузаргоҳи роҳи оҳан, гузаргоҳи автомобилӣ ва гузаргоҳи дарёӣ фаъолият менамоянд, ки аз  ин миқдор 25 гузаргоҳи сарҳадӣ дорои мақоми байналмилалӣ, 10 гузаргоҳ дорои мақоми дуҷониба мебошад.
Дар ҷараёни густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои ҳаммарз ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тули 30 сол чандин  бинову иншооти  инфрасохтори сарҳадӣ, ба монанди  биноҳои раёсати минтақавӣ, отрядхои сарҳадӣ ва таъиноти махсус, Эскадрилияи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии “Ворисони Куруши Кабир”, маркази таълимӣ, шифохонаи ҳарбӣ, қисми ҳарбии таъминоти моддӣ ва  комендатураи алоҳидаи сарҳадӣ таъсис ва бунёд карда шуданд.
Дар раванди мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа аз марз на танҳо ҷасорату иродат, тавонмандиву шуҷоат, балки обутоби руҳию равонӣ, донишмандию ҷаҳонбинии қавиро аз сарбозону хизматчиёни неруҳои марзбонӣ тақозо менамояд. Дар ин замина корҳои иттилоотиву таҳлилӣ дар бастагӣ ба баррасӣ ва пешбинии равандҳои вазъи оперативӣ дар марз такмил дода мешаванд ва  омилҳоеро, ки амнияту суботро дар манотиқи сарҳадӣ халалдор месозанд, сари вақт ошкор ва пешгирӣ менамоянд. 
Марзбонони тоҷик таҷриба андӯхтанд ва “афсонаи қодир набудан дар ҳимояи сарҳади пурвусъат”- ро аз миён бурданд. Аз соли 2005 ҳифзи сарҳад пурра ба дӯши марзбонони кишвар вогузор шуд. Ва онҳо бо неруи тавоно намоиш доданд, ки метавонанд халқҳои дигари бародарро низ аз хавфу хатар эмин бидоранд.
Воқеист, ки сарҳади ҷанубу шарқи Тоҷикистон сарҳади кишварҳои ИДМ низ боқӣ мемонад. Дар ин муддат ҳамкориҳо дар ҳифзи сарҳади умумӣ ривоҷи тоза ёфта, барои сайқал додани малакаю маҳорати ҷангӣ машқу тамринҳои муштарак ба ҳукми анъана даромад. Ҳамзамон, мамлакатҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфуз барои баланд бардоштани малакаю маҳорати сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ кумаки амалӣ мерасонанд.
Ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва нооромиҳои замони нав вижагиҳо ва мушкилоти дигар ба бор овард. Васила ва воситаҳои вайрон кардани сарҳади давлатӣ бамаротиб афзуд. Авзои пурпечутоб ва хатарзо на танҳо ба сарҳадшикании рӯйиросту қочоқи маводи мухаддир ба анҷом мерасад, балки муқовимати ғоявию экстремистӣ ва хурофотиро ба миён мегузорад. Ғояи динии асри миёна бо таълимот ва ҷараёнҳои ифротӣ ба марзи руҳонию равонӣ ва зеҳнияту ҳувияти миллӣ рахна ворид месозанд. Ин зуҳурот метавонад ба ҷавонони ноогоҳ ва доираи муайяни аҳолӣ, ки аз ҳадафҳои ниҳонӣ бехабаранд, асари бад бигузорад. Ҳолати бавуқуъомада аз ҷомеаи Тоҷикистон ва хосса, аз марзбонон ҳушёрию зиракӣ, дониши амиқ ва тафаккури миллатпарастонаро тақозо мекунад. 
Бо дарназардошти омода намудани кадрҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми июни соли 2001, Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис ёфт. Минбаъд ин Омӯзишгоҳ ба Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. 
Барои тарбия ва таълими мутахассисони хурд барои ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар муддати кӯтоҳ марказҳои таълимии «Пойтахт» (шаҳри Душанбе), «Лангар» (дар вилояти Суғд), “Ҳалқаёр” (дар вилояти Хатлон) ва “Хоруғ” (дар ВМКБ) таъсис дода шуданд. Марказҳои таълимӣ дар муддати аз се то шаш моҳ назоратчиёни хурди нуқтаи назорати сарҳадӣ, старшинаҳо, техникҳои калон, мудирони  анборҳои аслиҳа, хӯрока, сарулибос, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, мутахассисони гурӯҳҳои таъиноти махсус: сержантҳо – сардорони  даста, тирандозҳо, мутахассисони норинҷакандоз, дастаи мошини зиреҳпӯш (БТР), ошпазҳо, алоқачиён, ронандаҳо ва кинологҳоро омода мекунанд. Дар марказҳои таълимии «Пойтахт» ва «Хоруғ» қисмҳои кинологӣ ва омӯзиши сагҳои хизматӣ амал мекунанд. 
Дар тули 30 сол дастовардҳо дар беҳтару замонавӣ гардондани инфрасохтори ниҳод назаррасанд. Ҳанӯз дар давраи таҷлили Ҷашни 25-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ 200 иншооти нави замонавӣ бунёд шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ниҳод шароити хуб ба вуҷуд меорад. Барои  таъмини сиҳатии афсарону сарбозон, алалхусус тандурустӣ ва тақвияти руҳияи ҷангӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд беморхонаҳои замонавии ҳарбӣ (госпиталҳо) бунёд шуда, бо  мутахассисони ботаҷриба ва таҷҳизоти  замонавӣ таъминанд. 
Дар соли 2023 бо мақсади ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва таъмини шароити мусоиди хизмат, баҳри тақвият додани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, сохтмони 93  иншооти сарҳадӣ ба нақша гирифта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Дар ин давра бо истифода аз имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар 294 иншооти сарҳадӣ, инчунин, аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷии ҳамкор 90 иншоот ва дар маҷмуъ, 384 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шуда, дар баробари ин, ҷиҳати беҳбуд бахшидани шароити зисти сарҳадбонон ва оилаи онҳо садҳо манзилҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд ва ин раванд дар соли ҷорӣ ба таври назаррас идома дорад. 
Диловарӣ ва ҷоннисории сарбозону афсарони марзбон аз мадди назари Роҳбари давлат ва Ҳуқумати мамлакат дур нест. Дар зарфи 30 сол, дар маҷмуъ, 391 нафар низомиён бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гаштаанд. Марзбонони Ватан бо садоқати тамом дар хидмати модару кишваранд. Онҳо мижа таҳ намекунанд, то  ки халқи Тоҷикистон дар амонӣ зиндагонӣ кунанд ва фазои беғубори сулҳу осудагӣ ҳукмрон бошад.
Ба таъкиди Президенти кишвар, ҳар як ҳомии марзу буми Ватан бояд дар хотир дошта бошад, ки фарзандони далеру шуҷои аҷдоди шарафманди тоҷик дар ҳама давру замонҳо бо ҷасорату мардонагӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву адолатхоҳӣ шаъну эътибори миллати худро ҳифз намудаанд. Ва, зимнан, мефармоянд: «Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, анъанаи шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, руҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҳимояи Ватани азизамон ва марзи муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард”.  
Дар ин ҷашни фархунда ҳамаи сарҳадбонони шуҷоъ ва диловари Ватани азизамонро бо 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, дар иҷрои сарбаландонаи ин рисолати пуршараф саломатӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ ва барор мехоҳам. Ҷашн хуҷаста бод фарзандони сарсупурдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол!
 
Насрулло МАҲМУДЗОДА,
котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия
 
Санаи нашр: 27.05.2024 №: 98
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив