ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАКИЛЕ АЗ ДИЁРИ ОЛИ СОМОН. РАҲОВАРДЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАРРИРИ САҲИФАИ ТОҶИКИИ “САРИОСИЁ ҲАҚИҚАТИ”

ВАКИЛЕ АЗ ДИЁРИ ОЛИ СОМОН. РАҲОВАРДЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАРРИРИ САҲИФАИ ТОҶИКИИ “САРИОСИЁ ҲАҚИҚАТИ”

13 март 2023, Душанбе
50
0


Ҳар гоҳ Рӯзи матбуот наздик бишавад, шеъри “Таманно”-и шарикдарсам аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон журналисти шинохта Ӯғулой Ҷӯрабоева, ки бо тахаллуси Сурхондухт  низ, шеър мегӯяд, ба ёдам меояд. Ин шеър соли 2012, ба ифтихори садсолагии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – "Бухорои шариф" эҷод  шудааст. 
Дар шаҳри илму ирфон, андар дили Бухоро, 
Кардӣ баланд бар Арш боре садои худро.
Гаштӣ садои мардум бо сатрҳои рангин,
Бе тарсу бе ҳаросе дар он замони сангин.
Гӯё, ки дар шабистон чун офтоби тобон,
Дар роҳи худшиносӣ машъал шудӣ фурӯзон.
Садсолагӣ муборак, ҷону ҷаҳони тоҷик,
Бар мардуми сухангӯ, сад эҳтирому табрик.
Ҳадаф аз овардани ин шеър муаррифии шоири хушзавқ Ӯғулой Ҷӯрабоева ба шеърдӯстони Тоҷикистон аст. Ҳарчанд Ӯғулой бо ашъори дилангезаш дар миёни хонандагони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф аст, дар Тоҷикистон бо чакидаҳои хомаи ӯ чандон ошно нестанд. Чаро ки ба истиснои нашри чанд ғазал ва рубоию дубайтӣ бо эҳтимоми нигорандаи ин сутур дар ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём”, дигар ашъори ӯ дар матбуоти мо чоп нашудааст.
Соли 2015 шарикдарсони мо ба ифтихори чилсолагии хатми ДМТ ҷашн оростанд. Ман бовар надоштам, ки Ӯғулой дар ин маҳфил ширкат меварзад. Чаро ки дар он айём сарҳадҳо симхорпеч буданд. Вале ғайричашмдошт Ӯғулой вориди маҷлис шуд ва ҳамаи шарикдарсон, ки зиёда аз чил нафар буданд, аз ҷой бархоста, бо кафкӯбӣ аз ӯ истиқбол карданд. Миёни ҳамсабақон шодию сурури Абдурофеъ Рабиев (Шераки Ориён)-ро ҳадду канор набуд. Чаро ки ҳардуи онҳо тули панҷ соли таҳсил дар як миз паҳлу ба паҳлу менишастанд.
Чун сухан ба Ӯғулой расид, ӯ аз ранҷу азияти роҳ шиква накард, балки шеъри тозаеро, ки “Ба шарикдарсон” унвон дошт, қироат намуд:
Ман ба дидори шумо шодону хандон омадам,
Аз Ҳисори шодмон, аз мулки Сурхон омадам.
Омадам, то сер бинам рӯи чун моҳи шумо,
Бо дили пурмеҳр якчандрӯза меҳмон омадам.
Аз Самарқанди куҳан, ҳам аз Бухорои шариф,
Як вакиле аз диёри Оли Сомон омадам.
Пас аз анҷоми маҳфил бо Ӯғулой суҳбати тулонӣ доштам. Қисса кард, ки баъд аз хатми Донишгоҳ (соли 1975) чандин сол муҳаррири саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии “Сариосиё ҳақиқати”-ро бар дӯш дошт. Сипас, то даврони бознишастагӣ дар мактабҳои № 12 ва № 14-и ноҳияи Узуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шогирдон аз сирру асрори забон ва адабиёти тоҷик сабақ меомӯзонд. Вале ҳамкориро бо рӯзномаи дӯстдоштааш, ки ҳама кормандони он шогирдони ӯянд, то ба ҳол нагусастааст. 
Воқеан ҳам, Ӯғулой ба ин рӯзнома меҳру муҳаббати хоссае дорад. Чанде аз шеърҳои ба ин рӯзнома бахшидааш, далели ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, дар шеъри “Ба саҳифаи тоҷикии рӯзномаи “Сариосиё ҳақиқати” нигоштааст:  
Эй саҳифа,
Эй навои қалби покам.
Орзу дорам шавӣ гӯёи гӯё.
Дар раҳи инсофу шафқат,
Дар адолат, дар ҳақиқат
То шавӣ ҷӯёи ҷӯё.
То забон бахшӣ ба бархе безабонон,
То равон бахшӣ ба кулли нотавонон...
Эй саҳифа!
Эй умеди ҳамзабонон,
Машъале шав, соз равшан роҳи моро...
Бале, дунё ба умед аст ва поёни шаби сияҳ сафед. Мардуми шукргузори ҳар ду ҷумҳурии дӯсту бародар хуб медонанд ва қадр ҳам мекунанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳама монеаҳои сарҳадӣ аз байн рафтанд.
Пас аз се соли вохӯрӣ бо шарикдарсон Ӯғулой тариқи телефон мужда расонд, ки дар шаҳри Тошкент маҷмуаи ашъорашро бо номи “Рози дил” нашр кардаанд.
Инак, маҷмуаи “Рози дил”-и Ӯғулой Ҷӯрабоеваро, ки гирдоваранда ва муаллифи сарсухани он ҷавонмарди саховатпешаи адабиётдӯсте мусаммо ба Шуҳрат  Бобоҷон аст, варақ мезанам. Маҷмуа шеъру ғазал, марсия ва рубоиву дубайтиҳои шоирро, ки дар солҳои гуногун эҷод  шудаанд, дар бар мегирад. Дар пешгуфтори он Шуҳрат Бобоҷон нигоштааст:
“Китобе, ки дар даст дореду бо меҳр мутолиа мекунед, маҳсули заҳмати шабҳои бехобии шоири хушсалиқа, самимисухан, содабаён ва равшандили Сурхон Ӯғулой Ҷӯрабоева мебошад. Шояд ба суханҳои баъдинаи ман ҳайрон бимонеду бовар ҳам накунед, зеро то ҳол қиёфа ва синну соли шоирро намедонам ва ӯро надидаам. Ӯ ҳам маро надидааст. Фақат як ҳақиқати ҳаёт ба ман маълум аст, ки ӯ дар ғазал давомдиҳандаи рӯзгори Саъдию Ҳофиз, дар тараннуми ишқ чун Ҳилолӣ, дар нокомии ҳаёт ба монанди Зебуннисову Нодира, дар ошкорбаёнӣ мисли Маъдани Понғозӣ, дар масъалаҳои фалсафӣ чун Хайём, дар содабаёнӣ шабеҳи Лоиқи зиндаёд шукронаи неъмат, андуҳи дили сӯхта ва шодию сурури дилро ба риштаи назм мекашад. Шеърҳои ӯро дар рӯзномаи муътабари “Ховар” хонда мухлисаш шудам. Камина камар бубастам то ба воситаи дӯстон тарҷумаи ҳол, сурат ва дастнависи шоирро ба даст оварам. Ӯ шеъру ғазалҳои бисёре дорад, ки вақти мутолиаи он офаринаш мегӯед. Ман аз эҷодиёти ӯ гулчинӣ намудам...”.
Эҷодиёти Ӯғулой Ҷӯрабоева воқеан ҳам доманадор аст. Аз ҳар як мисраи ӯ шамими шеърҳои бузургон ба димоғ мерасад... 

Карим МӮСО, нависанда

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив