ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ. НАВБАТПОӢ КАЙ БАРТАРАФ МЕШАВАД?
Воқеан, ҳар як инсон бояд саломатии худро ҳамаҷониба эҳтиёт кунад, то кору ниёзаш ба беморхона наафтад. Инро комилан дарк кардам, махсусан баъд аз боздид ва ташхиси дӯстам дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии "Шифобахш"», ки ҳанӯз ҳам ин Муассисаи бонуфузи кишвар хизматрасонии тиббии худро босифат ба роҳ намондааст.
Сухан атрофи тартибу низоми хизматрасонӣ меравад, ки аз лаҳзаи ворид шудан ба даромадгоҳи Муассиса изҳори нигаронии сокинон аз бисёр паҳлуҳои хидмати тиббӣ, аз ҷумла гаронии маводи доруворӣ, доруҳои зиёд дар дорухат, навбатпоии тулонӣ, ба гӯш мерасад. Муассиса дорои 15 бинои гуногун буда, дар ҳар кадоми он ҳуҷраи муоинаи ултрасадоӣ (УЗИ) мавҷуд аст. Аммо, бо вуҷуди ин, навбатпоӣ дар назди ин ҳуҷраҳо он қадар зиёд мебошад, ки сокинон соатҳо интизор мешаванд. Махсусан, дар назди бинои 10-уми Муассиса сокинон дар гирду атрофи ҳуҷраи УЗИ аз субҳ навбат меистанд. Аз ин рӯ, моро низ зарур омад, соати 6-и субҳ барои навбатгирӣ ба назди ҳуҷраи УЗИ ҳозир шавем.
Қатъи назар аз барвақтии субҳ, дар рӯйхат дар навбати 13-ум нафар мондем… Чун ақрабаки соат ба 8:00 расид, духтурон як-як ба ҳуҷраи корӣ ҳозир шуданд. Дари ҳуҷраи УЗИ аз ҷониби ҳамшираи шафқат соати 8:30 боз гардида, баъдтар, бо омадани духтур, мизоҷон ҳама аз ҷо бархостанд ва омодаи қабули духтур шуданд. Дар ин вақт шумораи одамоне, ки дар навбат буданд, аллакай, ба 50 расид, ки баъзеҳо дар рӯйхат худро номнавис карда мерафтанд.
Вақти қабули духтур оғоз шуд. Тибқи рӯйхат, нафари аввал хост ба ҳуҷраи ташхис дарояд, ногаҳон дари ҳуҷра боз шуд:
– Аввал 10 бемори дар беморхона бистарибуда аз ташхис мегузарад, баъд навбати шумо! Рӯйхати онҳоро биёред! – садо баланд кард духтур ба ҳамшираи шафқат ишора намуда.
Аз ин сухани духтур онҳое, ки дар навбат истода буданд, хеле нороҳат шуданд, махсусан касоне, ки субҳ ин ҷо омаданд. Пайдо кардани рӯйхати ин 10 бемор, шояд, вақт талаб намуд, ки аз байн қариб ним соат гузашт, вале касе ба ҳуҷраи ташхис намедаромад. Ин ҳолат интизоршудагонро якбора ба ғазаб оварда, онҳо ҷанҷол бардоштанд. Нишастагон борҳо ба духтур муроҷиат карданд, нахуст, онҳоеро, ки аз соати 5-и субҳ дар навбатанд, қабул намояд. Вале духтур дар гапаш истод.
Ниҳоят, ҳама ба як хулоса омаданд: ба навбат якнафарӣ аз ду рӯйхат ба ташхис медароем гуфта, гӯё ҳуҷраи УЗИ-ро «тақсимоти одилона» карданд. То нисфирӯзӣ рӯйхат то ба 80 нафар расид. Ҳама кӯшиш менамуданд, ки ҳарчи зудтар аз муоинаи УЗИ гузашта, давоми рӯз барои муоина ва маслиҳати дигар табибони ба онҳо лозима фурсат ёбанд.
Аммо бисёр омилҳо ба раванди сари вақт ва босифат анҷом додани хизматрасонии тиббӣ монеа мешаванд, ки эътимоду бовари аҳолиро торафт кам мегардонанд. Гузарондани ташхис ҳарчанд бо тариқи рӯйхат сурат гирифта бошад ҳам, баъзан бе навбат даровардани мизоҷон боиси ҷанҷолу нофаҳмӣ мегардад. Агар навбатпоӣ бо тартибу низоми дуруст ба роҳ монда шавад, байни интизоршудагон ҳеҷ гуна норизоӣ ба миён намеояд. Нофаҳмӣ байни якдигар, баҳсу мунозира бо садои пасту баланди гӯшхарош баъзан фазои носолимро мемонад, ки хоси беморхона нест. Ин ҷо ҳарчанд ҷойи нишаст ва ё курсӣ барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст, вале аз сабаби шумораи зиёди беморон ҷойи нишаст нарасида, бисёриҳо рост меистанд. Нафарони солхӯрда низ дар навбат соатҳо интизор мешаванд. Шояд хуб мебуд, агар барои муоина дар УЗИ низ ҳар як мизоҷ худро қаблан ба қайд гирифта, дар рӯзу соати муайяншуда ба беморхона ҳозир шавад!? Вале ба ҳар нафаре, ки фавран зарурати ташхиси УЗИ лозим меояд, он вақт ё дар навбати тулонӣ меистад, ё аз пайи ҷустуҷӯи дигар воситаҳо мешавад.
Навбатпоии дилгиркунанда қариб дар ҳамаи беморхонаҳо ба назар мерасад. Шояд, ин ҳолати муқаррарӣ бошад!? Вале дар беморхона, ки маризон ба оромӣ ниёз доранд, шумораи зиёди одамон ва баҳсу ҷанҷоли онҳо, баръакс, зарбае ба оромӣ мезанад.
Ҳоло ки муассисаҳои тиббии кишвар сол ба сол навсозию замонавӣ шуда истодаанд, пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ бо риояи тартибу низом ва одобу ахлоқи иҷтимоӣ дар мадди аввал аст. Аз ин рӯ, масъулони соҳа бояд ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)