ШОМИ ШАНБЕ
РЕКОРД ДАР 91-СОЛАГӢ
Бонуи итолиёвӣ Эмма Мария Мазенгаи 91-сола масофаи 200 метрро дар 51,47 сония тай карда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Баъд аз ин дастовард, мавсуф бо ҳайҷон иброз дошт: “Хеле хушҳолам ва дар ҳайратам, зеро фикр намекардам, ки ин қадар тез давида метавонам”.
Мазенгаи қавиирода дар 37 соли охир панҷ рекорди ҷаҳонӣ, нуҳ рекорди аврупоӣ ва 28 рекорди итолиёвӣ дар гурӯҳҳои синну соли гуногун гузоштааст. Аҷиб ин аст, ки ӯ ба хотири тарбияи фарзандон дар синни 53-солагӣ пас аз 20 соли танаффус дубора ба варзиш баргашт ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт.
Давандаи 91-сола нақша дорад, ки моҳи июл дар Чемпионати Италия ва соли оянда дар Чемпионати ҷаҳон (Шветсия) ширкат кунад. Вале ӯ шӯхиомез мегӯяд, ки нақшаҳои дарозмуддат тартиб надиҳад...
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
КИМ УНГ – ЙОНГ. НОБИҒАЕ, КИ IQ-И Ӯ АЗ АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН ВА СТИВЕН ҲОКИНГ БАЛАНД АСТ
Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки одамони оқилтарин дар ҷаҳон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд? Ким Унг-Йонг дар рӯйи олам аз ҳама одами оқилтарин-вундеркинд шинохта мешавад. Вай соли 1962 ба дунё омада, то кунун рекордгузории Китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун барандаи баландтарин IQ-210 мебошад. Дар асл, IQ-и ӯ аз Алберт Эйнштейн ва Стивен Ҳокинг баландтар аст.
Ӯ ҳанӯз дар 4-солагӣ ба забонҳои олмонӣ, кореягӣ, ҷопонӣ ва англисӣ китоб мехонд. Дар 5-солагӣ Ким тартиби мураккаби эҳтимолияти муодилаи дифференсиалиро ҳал кард.
Аз 3 то 6-солагӣ Ким донишҷӯи Донишгоҳи Honyanq буд. Дар 7-солагӣ ӯро барои кор ба НАСА даъват намуданд. Дар 15-солагӣ ба гирифтани унвони доктори илмҳои физика (донишгоҳи Colorado State University) мушарраф гашта, дар ИМА то соли 1978 фаъолият дошт. Баъдан, ба Корея баргашт ва корҳои илмиро дар ватанаш идома дод.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҚАҲВА ЗАРАР НАДОРАД... Ё ШОҲЕ, КИ МАРГРО ДАР МАҲБУС ТАҶРИБА КАРДА ХУДАШ ФАВТИД
Шоҳи швед Густави III ақида дошт, ки истеъмоли қаҳва ба саломатии инсон зарари зиёд дорад. Ӯ ин фикрашро исбот карданӣ шуда, соли 1780 амр дод, ки озмоиши илмӣ гузаронанд. Бо ин мақсад, ду ҷинояткоре, ки ҳабси якумрӣ гирифта буданд, интихоб карданд. Давоми рӯз ба ҳар кадом се маротиба, ба яке чой ва дигаре қаҳва медоданд. Мутаассифона, на худи шоҳ ва на пизишкон то анҷоми озмоиш назистанд. Маҳбусон бошанд, умри дароз диданд. Воқеан, дар синни 83-солагӣ ҳамоне даргузашт, ки пайваста чой менӯшид.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЖАН ТОРЕЛИ 103 СОЛ ДАР ХИЗМАТИ ҲАРБӢ БУД
Жан Торели фаронсавӣ дар артиш се аср хизмат кардааст. Ӯ соли 1699 дар синни 16-солагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, соли 1802 аз он озод мешавад.
Жан Торел 103 сол дар сафи артиш буда, исмаш дар рӯйхати сарбозони асрҳои XVII, XVIII ва XIX сабт гардидааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
АСРОРИ ҲАЛҚАҲОИ МОРГАНИ МАШҲУР
Актёр ва коргардони маъруфи амрикоӣ Морган Фрименро хеле зиёд мешиносанд ва шояд аксарият медонанд, ки ӯ лауреати ҷоизаҳои бонуфузе амсоли «Оскар», «Хирси нуқрагин» ва «Глобуси тиллоӣ» мебошад. Аммо ин ҷо сухан дар бораи тарзи либоспӯшӣ ё ба қавле «стил»-и Морган меравад, ки ғайримуқаррарӣ аз даврони ҷавонӣ то ба имрӯз бетағйир мондааст. Аниқтараш гӯшвора ё ҳалқаандозии ӯ. Вақте журналистон аз номи ҳаводоронаш сабаби чунин як амали ғайриодиро мепурсанд, ҳунарманд ноилоҷ сиррашро мекушояд:
- Ман айнан бо ҳамон сабабе ҳалқа меандозам, ки тибқи ривоятҳо маллоҳон дар гузашта меовехтанд. Мақсади маллоҳон ин буд, ки мабодо ғарқ шаванд, нафаре, ки ҷасади онҳоро меёбад, бар ивази ҳамин ҳалқаҳо харҷи тобутро ба зимма мегирад. Воқеан, ин гуфтаҳо беасос нестанд, зеро дар гузашта ҳам сангҳои қиматбаҳо дар ҳама ҷо харидор доштанд.
Бовар нокарданист, вале аз забони худи Морган аст, ки дар идома мегӯяд:
- Ҳар як ҷуфти ҳалқаҳои ман ҳамон арзишеро доранд, ки мабодо дар мулки бегона мурда монам, нафаре хароҷоти тобути маро ҳам ба зимма мегирад.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
231 МИЛЛИОН ДАРСАД
Баландтарин сатҳи таваррум дар таърихи инсоният
Соли 2008 сатҳи таварруми солонаи доллари Зимбабве (кишвари африқоӣ) ба 231 миллион дарсад расид. Дар натиҷа, нархҳо ҳар соат боло мерафтанд. Масалан, 4-уми июли 2008 банкаи пива соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ 100 миллиард доллар қимат дошт, вале, аллакай, баъди як соат арзиши он 150 миллиардро ташкил медод. Бино ба гуфтаи иқтисодшинос Стив Ханке, моҳи октябри соли 2008 арзиши маҳсулот ҳар 24,7 соат ду баробар меафзуд.
Ин ҳукуматдоронро водор намуд, ки аз асъори миллии худ даст кашида, дар муомилот истифодаи доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва фунт стерлинги Британияи Кабирро иҷозат диҳанд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ОДАМИ АҶИБТАРИНИ САЙЁРА
Сергей Семиволос одами аҷибтарини сайёра ба шумор меравад ва қобилияти табиатан нодири ин ҷавон дар дигар инсонҳо дида намешавад. Сергей бо чашмони пӯшида метавонад бо бинӣ (тавассути бӯй), даст (ламс кардан) китоб хонад ва бо ҳамин усул аз миёни купюраҳо асъори қалбакиро шиносад. Бӯйи нашъа аз 40 метр дуртар ба машоми Сергей мерасад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ТАНЗИМИ ЯК МУШКИЛИ РОҲУ НАҚЛИЁТ БО УСУЛИ НОДИР ДАР ИСЛАНДИЯ
Аксари ронандагони мо дар роҳҳои автомобилгард хатҳои барои пиёдагардон пешбинишударо нодида мегиранд. Ин мушкилот дар кишварҳои Аврупо низ ҷой дорад.
Барои танзими ин ҳолат шаҳрдории Исафйордюри Исландия тасмим гирифт, ки ба шакли он тағйирот ворид намояд. Дар натиҷа, рӯйи асфалт тасвирҳои ғайриодие пайдо шуданд, ки ҳар ронандаро «ба даҳшат» меоранд. Тасвири пешниҳодшуда аз нигоҳи аввал блокҳои бетониеро мемонад, ки ронанда онро имкони убур кардан надорад ва маҷбур аст, дар назди он таваққуф намояд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
НАҶОТИ 669 КӮДАК АЗ МАРГ
Корномае, ки таърих фаромӯш нахоҳад кард
Соли 1938 Николас Уинтони англис, аз ҷониби истилогарони фашист дар Чехословакия асир афтод, ки 669 кӯдакро аз марги ногузир наҷот дода буд. Вале, вобаста ба корномааш дар мавриди наҷоти кӯдакон ба касе чизе нагуфта буд. Танҳо баъд аз 50 сол ин корномаи мондагор окшор шуд. Он ҳам замоне, ки дафтари қайдҳои соли 1939-и ӯ бо нишонии оилаҳои англис, ки кӯдакони наҷотдодашударо қабул карда буданд, бо амри тасодуф ба дасти ҳамсараш меафтад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН
МАЪБАДИ ДЕНДУР
Ин маъбад яке аз ёдгориҳои қадимии Миср мебошад. Маъбади Дендур дар соли понздаҳи пеш аз мелод замони як қисми империяи Рум будани Миср сохта шудаст. Он аз соли 1978 дар осорхонаи Метрополитен дар шаҳри Ню-Йорк нигоҳ дошта мешавад. Маъбад дар теппаи панорамии соҳили дарёи Нил пайдо гардида, бо сабаби сохтани обанбор соли 1965 тавассути киштӣ ба Ню-Йорк оварда шуд. Дар поёни деворҳои он муҷассамаи рустаниҳои лотос ва папирус кандакорӣ шуда, ба худоёне, ки маъбад ба онҳо бахшида шудааст, алоқаманд аст. Маҷмааи маъбад аз даромадгоҳ, ки бо рамзи Офтоб оро дода шудааст ва ду сутун иборат аст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АДВОКАТИ НАВ
Адвокати ҷавон баробари ба курсии мансаб нишастан котибаро таъкид мекунад:
- Сояи ҳар нафареро пушти дар дидӣ, қиёфаатро ҷиддӣ гирифта, худатро ниҳоят серкор вонамуд кун. Сиррашро баъд мефаҳмонам. Вақте нафари аввал аз дар даромад, духтарак гӯшии телефонро бардошта, чунин вонамуд сохт, ки корафтодагони зиёдеро барои қабули адвокати нав рӯйхат мекунад. Танҳо бо гузаштани вақти тулонӣ гӯё меҳмонро акнун дида бошад, мепурсад:
- Шуморо ҳам дар навбат монам амак?
- Не духтарҷон, ман корманди техникиам, супориш гирифтам, ки сими телефони адвокати навро ба шабака пайваст кунам!
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ХИЗМАТ
Дар маҷлиси падару модарон аз падари Сидиров, ки прокурор буд, мепурсанд:
- Шумо барои ободонии мактаб аз ҳисоби худатон чӣ хизмат карда метавонед?
- Аз ҳисоби худам метавонам делои ҷиноятӣ кушоям.
Агар хато накунам, то охири мактаб падари Сидировро ба маҷлиси падару модарон, ки баъзеҳо онро «ҷамъомади пулчинак» мегӯянд, дигар даъват накарданд.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ИСЛАНДИЯ
Бовар мекунед ё не?
Дар миёни ҳамаи давлатҳои дунё Исландия ягона давлатест, ки дар он кӯрпаша, мор, қурбоққа ва калтакалос вуҷуд надоранд. Чизи мароқовари дигар дар ин мамлакат хонаҳои бо чим сохташуда мебошанд. Бино бар иқлими сахти ҷазира ва камбуди масолеҳи сохтмоние, ки мардумро бояд аз хунукӣ ҳифз кунад, ба сохтани хонаҳои аз чим пӯшидашуда шуруъ карданд. Охирин хонаҳои бо чим пӯшидашуда дар ин кишвар солҳои бистуми асри 20 бунёд гардида буданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
КИТОБХОНӢ МАЙНАИ САРРО ОБУТОБ ВА СТРЕССРО БАРҲАМ МЕЗАНАД
Олимон исбот карданд, ки китобхонӣ давои хубе бар зидди стресс мебошад. Нейробиологҳо чунин мешуморанд, ки хондани китоб амали одӣ нест. Шинохту хондани ҳарфу ҳиҷову калимаҳо ва дарки матни азбаршуда ҳашт қисмати майнаи сарро ба кор дароварда, муносибати нейронҳоро фаъол мекунад.
Хониши китоб стрессро то 68 дарсад фурӯ менишонад. Ҳамчунин, китобхонӣ мушакҳоро суст ва набзи инсонро муътадил мегардонад. Онҳое, ки ба сифати дармон шунидани мусиқиро интихоб намуда буданд, стрессашонро то 61 дарсад ва касоне, ки чойнӯширо авлотар дониста буданд, то 54 дарсад фурӯ нишонда тавонистанду халос. Ҳамин тавр, сайругашт натиҷаи 42 ва бозиҳои видеоӣ 21 дарсад коҳиш додани стресс шуд.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
СӮРОХИИ КАБУД (BLUE HOLE), МИСР
Сӯрохии кабуд як ғори амудии зериобӣ аст, ки 120 метр умқ дошта, онро харсангҳои зеботарини баҳри Сурх иҳота кардааст. Он 15 километр дуртар аз истироҳатгоҳи Дахаби Миср воқеъ аст. Роҳбаладҳои сайёҳӣ онро яке аз беҳтарин маконҳои ғаввосӣ дар ҷаҳон ном мебаранд, аммо он ҳамчун "гӯристони ғаввосҳо" низ маъруф аст. Омори расмӣ вуҷуд надорад, аммо дар ду даҳсолаи ахир дар ин ҷо ҳудуди 150 нафар ҳалок шудааст. Аксари фалокатҳо дар ин ҷо ҳангоми омадани ғаввосони бетаҷриба ба Арк, туннели дарози уфуқие, ки ҷуқуриро бо баҳр мепайвандад, ба амал меояд. Он ҷо пур аз гуногунии ҳаёти баҳрӣ аст. Яке аз деворҳои ғорро марҷони нодире, ки онро "пӯсти фил" низ меноманд, фаро гирифтааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ҲИКМАТИ ЯК АМАЛИ ЧАРЛИ ЧАПЛИН
Чарли Чаплин дар ҷамъи тамошобинон латифае гуфт, ки ҳама хандиданд. Чун бори дувум ҳамон латифаро гуфт, қисме аз ҳозирин хандида, дафъаи сеюм касе нахандид. Дар ҳамин ҳол, Чарли Чаплин гуфт: “Агар як латифа наметавонад шуморо чанд бор бихандонад, чаро як ғам бояд борҳо шуморо бигирёнад?
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ҚУЛЛАИ ОСМОНИЕ, КИ 350 ПИРЯХРО ДАР ОҒӮШ ДОРАД
Мамнуъгоҳи миллии Сагарматха дар Непал баландтарин минтақаи муҳофизатии ҷаҳон ҳисобида мешавад. Зеро дар ҳудуди мамнуъгоҳ баландтарин қуллаи дунё - Эверест ҷойгир аст. Маҳз дар ин ҷо пиряхҳои азим ташаккул ёфтаанд. Аз 350 пиряхи дар ин мамнуъгоҳ мавҷудбуда, пиряхи Хумбу калонтарин мебошад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ВИОЛА
Созҳои торӣ – камончадори қадимӣ, ки дар асрҳои XV –XVIII васеъ паҳн гардида буданд, Виола (итолиявӣ viola) номида мешуданд. Дар он давра ду навъи он: Виола да-гамба ва Виола да-мур бартарӣ доштанд.
Виолаҳоро бо баъзе тарзу услуби иҷрокунандагӣ ва намуди зоҳирияшон ба оилаи скрипкаҳо дохил намудан мумкин аст. Хусусан, Виола да-мур бо шаклу сифати (тембри) хушсадоияш ва садои мулоими форам доштанаш овози скрипкаро пеши назар меорад. Торҳои бо ҳам наздики он (миқдорашон то 7 мерасид) имконият медоданд, ки дар Виола аккордҳои ҳархела навохта шаванд. Виола да-мур дар Фаронса ва Итолиё хеле машҳур гашта, дар партитураҳои як зумра композиторони садаи XIX –XX (Шарпанте, Пуччини, Массне, Яначек) дохил мешуданд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
5 медали Иттиҳоди Шуравиро Тоҷикистон ба даст оварда буд
Варзишгарони Тоҷикистон дар ҳайати тими олимпии Иттиҳоди Шуравӣ 5 медал – 3 тилло, 2 биринҷӣ гирифтаанд. Аз ҷумла, соли 1972 дар Бозиҳои олимпии Мюнхен намояндаи Тоҷикистон Юрий Лобанов дар сабқати қайиқронӣ дар каноэи дунафарӣ сазовори медали тилло шуд. Дар Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 бошад, тоҷикдухтар Зебинисо Рустамова дар камонварӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Соли 1980 Маскав - пойтахти ИҶШС мизбони Бозиҳои олимпӣ буд ва намояндагони Тоҷикистон дар ин Олимпиада сазовори 3 медал шуданд. Анатолий Старостин дар панҷҳарбаи муосир дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ 2 медали тилло, Юрий Лобанов дар қайиқронӣ - каноэи дунафарӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)