РОҲСОЗИ ЗАБОНШИНОС Ё ПАЙРОҲАЕ БАРОИ ИБРАТ
Иброҳимҷон Дӯстализода ҳанӯз хонандаи мактаб буд, ки шеър мегуфт. На танҳо хешу пайвандон, балки худаш низ тасаввур надошт, ки рӯзе пайвандгари дилҳову роҳҳо мешавад. Забони чиниро бо назокатҳо меомӯзад ва роҳсози машҳур мешавад. Ӯ соли 2009 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд, аммо аз соли дуюм таҳсилро ғоибона идома дода, аз мутахассиси одӣ то ба вазифаи сардори озмоишгоҳи лабораторияи Ширкати байналмилалии роҳу пулсозии «Синдзиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин расид. Ҳатто, шеъри шоирони муосири Чинро бори нахуст аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума ва дар маҷаллаи “Садои Шарқ” интишор дод.
Бо ин шоири роҳсоз ва забондон суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.
– Шумо, аслан, дипломи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикро доред, шеър менависед, чӣ гуна якбора ба самти тамоман нав – роҳсозӣ пайвастед?
– Таҳсилро аз рӯи ихтисоси филологи тоҷик ба ғоибона гузарондам ва бо маслиҳати модарам роҳсозиро пеш гирифтам, зеро модарам дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент кор мекунанд. Бо машварати он кас соли 2013 аввал ҳамчун мутахассиси одӣ ба роҳсозони Ширкати «Синдзиян Бейсин» пайвастам. Он замон сохтмони шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон идома дошт. Баъдан, оҳиста-оҳиста забони чиниро омӯхта, озмоишгар ва тарҷумон шудам. Кори ман, асосан, санҷидани таркиби рег, қир, санг ва шағал буд.
– Омӯзиши забони чинӣ чӣ мушкилиҳо дошт ва лутфан, мегуфтед, ки чанд забони хориҷиро медонед?
– Дар марҳалаи аввал сахт азият кашидам. Бо имову ишора фаҳмондани матлаб, дар баъзе масъалаҳои одӣ оҷиз мондан, асабонияти соҳибзабононро таҳаммул кардан, албатта, мушкил буд. Ниҳоят, ба худ аҳд кардам, ки набояд чунин идома ёбад. Дафтарчаи луғат гирифта, ҳамарӯза вожаҳои серистеъмоли чиниҳоро аз забони худашон навишта мегирифтам. Нахуст, онҳоро фаҳмидам ва баъд ба гуфтугӯ пардохтам. Дар ин ҷода устоди нахустинам, роҳбари вақти озмоишгоҳ Ван Хе Ган аст, ки дар рӯзҳои аввали омӯзиш сахтгирӣ мекард ва гоҳе ба дилам дуруштиҳои ӯ гарон ҳам буд. Аммо ҳоло дарк мекунам, ки агар ӯ дар он замон чунин сахтгирӣ намекард, донандаи забони чинӣ шудани ман амри маҳол будааст.
Дар лоиҳае, ки мо корашро пеш мебурдем, аз чандин ширкатҳои дигар ҳамчун нозир ва мушовир иштирок доштанд. Аз ҷумла, дар ширкати машваратии “Кокс”-и Олмон мутахассисони Ҳиндустон, Англия, Филиппин, Бангладеш, Покистон фаъолият мебурданд. Дар рафти кор забони онҳоро низ кам-кам омӯхтем ва ҳоло забонҳои чинӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекиро ба сатҳи хуб, банғолӣ, урду ва фаронсавиро дар сатҳи давраи омӯзишӣ медонам.
– Таҷрибаи тарҷумониро чӣ гуна оғоз карда будед?
– Баъд аз чор моҳи фаъолият, тарҷумони Ширкати «Синдзиян Бейсин»-ро ба дигар шуъба даъват карданд. Дар ин ширкат ба тарҷумон ниёз пайдо шуд ва ба мани камтаҷриба бовар карданду тарҷумониро ба дӯшам гузоштанд. Ҳамин тавр, дар кори тарҷумаи шифоҳӣ низ малака андӯхтам. Рафта-рафта, кор ба ҷое расид, ки бо мутахассисон ва меҳмонони олимақоми хориҷӣ низ бемонеа гуфтугузор карда, ҳадафи ширкатро дуруст мефаҳмондам, ҳуҷҷатҳои заруриро низ тарҷума мекардам. Бештари таҷрибаҳои талху ширини роҳсозиро дар китобчаи «Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург» инъикос кардаем. Он дар бораи аз буҳрони коммуникатсионӣ раҳидани Тоҷикистон, аҳамияти роҳҳо, шоҳроҳҳо, пулҳо ва ҷоннисориву ранҷҳои шабонарӯзии роҳсозони тоҷику чинӣ нақл мекунад.
– Аз соли 2013 то ҳол дар чанд лоиҳаи роҳсозӣ ширкат доштед?
– Дар давоми ёздаҳ соли фаъолияти хеш дар бунёди шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон (113 км), ҳалқароҳи сесатҳаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Синои пойтахт, таҷдиду навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар ширкат варзидаам. Ҳамин ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навсозии роҳҳоро идома медиҳем ва он ҷо маҳали кору фаъолиятамон аст. Дар таҷдиду навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар муддате сардори озмоишгоҳ ҳам будам. Сохтмони ин ҷодаҳои муҳим ҳамеша дар зери назорати Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва дар раванди сохтмон ва вақти баистифодадиҳии ин лоиҳаҳо, хушбахтона, борҳо ба дидор ва суҳбати Ҷаноби Олӣ мушарраф шудаем. Тавре ки Роҳбари давлат паём расондаанд, бо ба ҳам пайвастани ҳамаи минтақаҳо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ расидем ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳидем.
– Хонда будем, ки як силсила шеърҳои шоирони чиниро дар Тоҷикистон тарҷума ва чоп кардед. Ин соли 2020 буд. То ҳол дар ин самт боз чӣ корҳоро сомон додаед?
– Ёдовар мешавам, ки, қабл аз ин, баъзе аз шоирону нависандагони чинӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда буданд, аммо осори онҳо тавассути забони русӣ ё тарҷумаи таҳтуллафз ба забони тоҷикӣ гардонда мешуд. Мо бошем, аз забони асл тарҷумаро анҷом додем. Як муддат бо баъзе сабабҳо аз кори эҷодӣ дур шудем. Бо вуҷуди ин, бо ёфтани камтарин вақт тарҷумониро идома додем ва ба наздикӣ чопи баёзи ашъори шоирони Чину Тоҷикистонро дар нақша дорем. Бори нахуст чакомаҳои 33 шоири чинӣ ба забони тоҷикӣ ва 33 шоири тоҷик ба забони чинӣ пешниҳоди ҳаводорони адабиёт мешавад. Ин дафтари тарҷума ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон армуғони хоксоронаи мо хоҳад буд.
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР
Санаи нашр: 05.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479
Шарҳҳо (0)