ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СЕРГЕЙ ОЛДЕНБУРГ. НАҚЛИ КУЧАК ДАР БОРАИ ХИЗМАТҲОИ БУЗУРГИ ЯК ПАЖӮҲИШГАР

СЕРГЕЙ ОЛДЕНБУРГ. НАҚЛИ КУЧАК ДАР БОРАИ ХИЗМАТҲОИ БУЗУРГИ ЯК ПАЖӮҲИШГАР

06 июн 2024, Панҷшанбе
15
0
 
Дар ташаккулу рушди илми Тоҷикистони шуравӣ хидмати олимони номвари рус шоиста буда, яке аз поягузорони он Сергей Фёдорович Олденбург мебошад. Ӯ соли 1863 дар вилояти Читаи Россия, дар хонаводаи равшанфикрон ба дунё омад. Маълумоти аввалинро дар зодгоҳ гирифта, баъдан, ба бахши ховаршиносии Донишгоҳи Петербург дохил шуд. Соли 1885 онро хатм намуда, пайи пажӯҳишҳои тоза гардид.
 
АЗ КОТИБИ ИЛМӢ ТО ВАЗИРИ МАОРИФИ РОССИЯ
Сергей Олденбург аз оғози таҳсил ба забону тамаддуни бузурги Ҳинд ва минтақаҳои атрофи он меҳр баста, онҳоро ҳаматарафа омӯхта, мутахассиси варзидаи илми ховаршиносии рус гардид. Дар бораи забон, фарҳанг, оин, таърих ва дигар паҳлуҳои тамаддуни Ҳинд, дини буддоӣ, забони санскрит, силсилаи асарҳои пурарзиш иншо кард. Дар баробари устоди Донишгоҳи Петербург будан, инчунин, солҳои 1909-1914 сарварии чанд гурӯҳи пажӯҳишӣ ба Осиёи Марказӣ, Чини ғарбӣ ва Тибетро бар дӯш дошт.
Олденбург, чун донишманди тавоно, солҳои зиёд котиби илмии Академияи илмҳои Россия, муддате вазири маориф ва сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ буд. Соли 1900-ум унвони баланди академикиро гирифт.
 
САРВАРИ НУХУСТИНИ ПОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОНИИ АИ СССР
Пас аз ҳамчун кишвари ҳафтуми Иттиҳоди Шуравӣ эътироф шудани Тоҷикистон, масъалаи омӯзиши сарватҳои табиӣ ва неруҳои истеҳсолкунандаи он, инчунин, рушди илм ба миён омад. 
– Роҳбарияти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ соли 1930 комиссияи махсусеро дар ҳайати А. Ф. Иоффе (раис), Е. Н. Павловский, А. Е. Ферсман ва В. В. Бартолд созмон дод, то ин масъалаҳоро баррасӣ намоянд. Комиссия ба хулоса омад, ки барои рушди таҳқиқоти илмӣ ва ташкили созмонҳои пажӯҳишӣ, пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳо созмон дода шавад. Соли 1932 қарори ташкили пойгоҳ содир ва нахустин сарвари он Олденбург таъин шуд,– менависад Усмони Эшонзод, номзади илмҳои таърих, бостоншинос.
Олденбург давоми ду сол бахшҳои гуногуни дар он давра муҳими аввалин боргоҳи илми Тоҷикистонро ташкил намуд. Инҳо расадхона, умури обуҳавосанҷӣ, пойгоҳҳо, ташхисгоҳҳо буданд. Омӯзиши хокҳои кишвар, бемориҳо, ҳайвонот, иқлим ва зироатпарварӣ ба роҳ монда шуданд. Аммо дарёфт, тарбия ва даъвати мутахассисони варзида, ташкили шароити зисту кори онҳо мушкилии зиёде ба бор овард. Ҷанги аскарони сурх ва тоҷикон бар зидди босмачиҳо дар Тоҷикистон ва даҳшатҳои он, ба афкори мардуми Россия таъсири манфӣ расонда буд. Як зумра мутахассисон ба ин қисмати Осиёи Марказӣ омадану кор карданро намехостанд. Бо вуҷуди ин, Олденбург, ки солҳо котиби Академияи илмҳои СССР буд, мутахассисони соҳаҳои гуногуни илмро мешинохт, ин мушкилотро ҳам, асосан, ба сомон расонд.
 
БЕМОРӢ ВА БОЗГАШТИ ИҶБОРӢ БА ВАТАН
Барои ҳарчи бештар бо омӯзиш фаро гирифтани қаламрави Тоҷикистон Олденбург нақшаҳои тоза мекашид, аммо беморӣ ба ӯ имкони ҳалли онҳоро надод. Давоми ҳамагӣ ду соли фаъолият бо ташкили конфронсҳои сатҳи олӣ, даъвати пажӯҳишгарони барҷаста ба Тоҷикистон, пешниҳодҳои сарнавиштсози илмӣ барои мо хидматҳои шоиста намуд. Аз ҷумла, маҳз бо пешниҳоди ӯ соли 1934 дар Тоҷикистон Осорхонаи ҷумҳуриявӣ созмон ёфт. Моҳи майи соли 1933 намоиши таърихиву кишоварзии тоҷикон дар Россия гузашт. Онро бештар аз 15 ҳазор кас тамошо кард. Моҳи июни ҳамон сол экспонатҳои нодир ба Сталинобод – Душанбеи имрӯза интиқол дода шуданд. Аз ин фурсат истифода бурда, Олденбург ҳуҷҷатҳои зуруриро омода кард, бо Осорхонаи давлатии Эрмитаж ба як созгорӣ расиданд, то ки дар заминаи асноду асбоби таърихӣ дар Душанбе Осорхонаи миллӣ таъсис ёбад. 
Олденбург ба Тоҷикистон дилбастагӣ дошта бошад ҳам, бемории паёпай намегузошт дар ин ҷо бошад. Ин аст, ки ба Ленинград баргашт. Пеш аз рафтан аз Тоҷикистон, хеле андешид, то бо кадом роҳ робитаву унси руҳонии хешро бо ин миллат нигаҳ дорад. 
Ниҳоят пеш аз марг, ки ба 28-уми феврали соли 1934 рост гирифт, китобҳои худро ба Тоҷикистон ба армуғон дод, ки ҷамъи онҳо ҳоло бо номи «Захираи Олденбург» дар Китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ мешаванд.
 
«ГАНҶИНАИ ОЛДЕНБУРГ» ОМӮЗИШ МЕХОҲАД
Бино ба навиштаи таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов, китобхонаи мазкур, ки онро метавон «Ганҷинаи Олденбург» ном бурд, шаш ҳазор ҷилд китобро фаро гирифта, беҳтарин сарчашмаҳоро дар худ фароҳам овардааст. Китобҳо бо забон ва хатҳои ҳиндӣ, санскритӣ, лотинӣ, тоҷикӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, финӣ буда, аҳамияти илмӣ доранд. Дар байни онҳо китобҳои нодири «Космография»-и Иоҳанн Гонтери олмонӣ бо харита ва навиштаву ишоратҳои боарзиш, (Лейпсиг,1552), «Хонвея по истории Персии» ба забони олмонӣ (чопи соли 1754), «Минералогический словарь»-и В. Севергин (Петербург, 1807) ҷойгоҳи вижа доранд.
Мавсуф узви созмонҳои бонуфузтарини пажӯҳишӣ, аз ҷумла узви вобастаи Академияи Прусия, узви Ҷамъияти олимони Геттингенс, пайванди ифтихории Созмони омӯзиши Осиё дар Париж, узви Ҷамъияти олимони шоҳигарӣ дар Лондон, узви Кумитаи бостоншиносони Ҳиндустон ва профессори ифтихории чандин донишгоҳҳои Олмону Шотландия буд. Омӯхтани китобхона ва асарҳои Олденбург дар кишвари мо олимони бедор ва пӯёро мехоҳад. Бо муаррифии ӯ дар Тоҷикистон метавонем дар самти осорхонашиносиву китобдорӣ лоиҳаҳои байналмилалиро роҳандозӣ кунем.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив