ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ” РӮЗНОМАИ ПУРМАҲСУЛ, ПУРМАСЪУЛ ВА БОНУФУЗТАРИН БУД, ҲАСТ ВА ХОҲАД МОНД

“ҶУМҲУРИЯТ” РӮЗНОМАИ ПУРМАҲСУЛ, ПУРМАСЪУЛ ВА БОНУФУЗТАРИН БУД, ҲАСТ ВА ХОҲАД МОНД

13 июн 2024, Панҷшанбе
7
0
 
Оре!  “Ҷумҳурият” нақши таърих дар оинаи зиндагии миллати тоҷик аст. Ҷаридаест ҳамсоли Тоҷикистони азиз ҳамчун давлат ва минбарест, ки тули як аср дар роҳи пойдор маҳфуз доштани бедории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва талқини арзишҳои муқаддасе чун ватандорию ватанпарастӣ саҳми бесобиқа бузург гузоштааст. 
 
Чанде пеш вақте саҳифаҳои рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (Ҷумҳурият”-и имрӯза) – солҳои 1967, 1972, 1973 ва 1974-ро варақгардон менамудам, диққати маро ин далел  ба худ ҷалб кард, ки рӯзнома ғайр аз рӯзи душанбе, ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ, нашр шудааст. Аз ин бармеояд, ки он замон низ  рӯзнома дар миёни ҷомеа аз мақому манзалати хоссае бархурдор будааст. Дар соли 1975-ум 156000 хонанда доштани рӯзнома  гувоҳи чун рӯз рушани ин гуфтаҳоянд. 
Дар он давра дар саҳифаҳои рӯзнома жанрҳои аз нигоҳи имрӯз нодире амсоли фелетон ва лавҳаю ҳикоя пайваста чоп мешуд. Маҳз ба воситаи ин жанрҳо муаллифон дарду доғи замона, камбудиҳои ҷойдошта, роҳҳои раҳоӣ аз мушкилот ва ё баръакс, пешравию дастовардҳои ашхоси пешқадам ва соҳаҳои муваффақро инъикос менамуданд. Хусусан, тарғиби соҳаи пахтакорӣ ба таври шабонарӯзӣ дар мадди назари масъулон қарор дошт. Мақолаҳо оид ба рафти парвариш ва нигоҳубини кишти пунбадона, дар маҷмуъ, ҷараёни корҳои саҳроӣ то давраи ҷамъоварии ҳосил аз хоҷагиҳои пахтакори ҳар як гӯшаю канори мамлакат ҳамарӯза дар саҳифаҳои газета нашр шудаанд. Ин матлабҳо таҳти рубрикаҳои  “Ба пахтакор”, “Тамоми қувва ба иҷрои уҳдадории пахтасупорӣ”,  “Ғалаба муборак, пахтакор”, “ Хабарҳо аз майдони меҳнат”, “18 ҳафтаи зарбдор”, “Ҳар рӯз – меҳнати зарбдорона”, “Дар киштзорҳои Тоҷикистон”, “Хабарҳо аз пахтазор” ва монанди инҳо чоп мешуданд. Барои он ки ҳосил беталаф, сари вақт ва босифат ҷамъоварӣ гардад, тавассути нашри мақолаҳо бо тавсияи мутахассисони соҳа ба   пахтакорон маслиҳатҳои судманд медоданд. Ин маводҳо зери рубрикаҳои “Маслиҳати мутахассис”,  “Шиори мо: Фақат маҳсулоти аълосифат”, “Диққат: Таҷрибаи пешқадам” пешниҳоди хонандагон мегардиданд. 
Агар дар ин марҳала масъулони ягон шаҳру ноҳия бемасъулиятӣ нишон диҳанд, кормандони рӯзнома онҳоро бо мақолаҳои пуртаъсир зери тозиёнаи танқид қарор медодаанд. Чунин матлабҳо бо рубрикаҳои  “Корҳои таъхирнопазир”, “Дастури методӣ”, “Мусоҳиба бо қафомондагон”, “Хулосаи корҳои хоҷагии қишлоқ”, “Мусобиқа ба сифати маҳсулот”, “Бонги изтироб”, “Сигнали ҷиддӣ” ва монанди инҳо дар саҳифаҳои газета пайваста нашр шудаанд. 
Дар баробари ин, доир ба фаъолияти  хоҷагиҳои пешқадами шаҳру ноҳияҳо, ашхоси алоҳида, аз ҷумла занони фаъолу пешсаф, бо таҳсину тавсифи арзанда дар матлабҳои рӯзнома мақолаҳо рӯи чоп омадаанд. Ин гуна мақолаҳо, ки таҳти рубрикаҳои “Муждаҳои меҳнатӣ”, “Занон – бинокорони фаъоли коммунист”,  “Кори неку номи нек”, “Пахтазор – фронти зарбдор”, “Ташаббуси панҷоҳцентнерчиён” нашр мешуданд, аз як ҷониб деҳқонони пахтапарварро ҳавасманду дилгарм менамуд, аз тарафи дигар, барои қафомондагон дарси ибрат мегардид. Заҳмату талоши пайваста буд, ки  пахтакорони мамлакат дар соли 1973 бо роҳандозии тадбирҳои судманд ва, ҳамзамон, нашри маводҳои  ҷолибу пуртаъсир  775 000 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуда, ба давлат супурданд. Дарвоқеъ, ин натиҷаи хеле назаррас буд. 
Як нуктаро махсус бояд зикр намуд, ки дар саҳифаҳои чорсолаи рӯзнома доир ба соҳаи саноат қариб мавод нест. Дар ин муддат танҳо таҳти се-чор рубрика, аз ҷумла “Саноат ба хоҷагии қишлоқ”, “Саноат дар моҳи январ”, матлаб чоп шудааст. Тавре аз мушоҳидаҳо аён гашт, доир ба соҳаи саноат, ки имрӯз ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат татбиқи он дар мадди аввал қарор дорад, дар он давра на он қадар таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. 
Хулоса, метавон гуфт, ки рӯзнома муҳимтарин ҳодисаю воқеаҳоро ҳамарӯза ба нашр расонда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи некукорию инсонгароӣ, тарбияи ҷомеаи солим, хосса насли ҷавон, ҳифзу нигоҳдории забон, фарҳанг, тамаддуни аҷдодони мо ва инъикоси фаъолияту дастовардҳои соҳаҳои мухталиф нақши босазо гузоштааст.
Хушбахтона, имрӯз низ рӯзнома бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, заҳматписандӣ аз пайи иҷрои рисолати бар дӯшдоштаи худ содиқона фаъолият дорад. Роздону розшунаву дардошнои мардум аст. Пайваста аз ҳаёти ҳаррӯзаи мамлакати соҳибистиқол, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дарду доғи ҷомеа, бурду бохт, дастоварду комёбиҳои беназир, рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз ба мардум паёмҳои нав ба навро фаврӣ мерасонад. Манфиатҳои миллату давлатро ҳифзу ҳимоя намуда, орзуву омоли неки миллати куҳанбунёдро ҳамеша тарғиб мекунад. 
Боиси сарфарозист, ки ба  наздикӣ рӯзномаи маҳбуб ва дӯстдоштании мо – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” ҷашн дорад. Садсола мешавад, сад соли хотирмон, сад соли фаромӯшнашаванда ва таърихӣ. Ин аст, ки аз ҳар як саҳифаи он аз рӯзгори гузаштагонамон барои худ маълумот ё таассуроти зиёд пайдо мекунем. 
Бигзор, ин кохи пайафкандаи рӯзнома то абад бегазанд бошад. Бигзор, самараи ҷовидонаи он ҳамчун сарҳалқаи зарини матбуоти  тоҷик садсолаҳои дигар роҳнамои зиндагии босаодати мардуми мо бошад. Барои мо – аҳли кормандон, боиси ифтихор аст, ки рӯзномаи бонуфузи мо – “Ҷумҳурият”,  маъруф бо номи “Рӯзномаи № 1”, тули сад сол анису азизи дилҳо, пайвандгари дуриҳо, роҳкушову дармонбахши қалбҳо ва, дар маҷмуъ, мактаби ҳаёт буд, ҳаст ва хоҳад монд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”  
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив