ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУШДОР. АГАР ЭКОСИСТЕМАИ ТАБИӢ ҲИФЗ НАГАРДАД!

ҲУШДОР. АГАР ЭКОСИСТЕМАИ ТАБИӢ ҲИФЗ НАГАРДАД!

18 июн 2024, Сешанбе
71
0
 
Бо фаро расидани тобистон хокбориш низ авҷ мегирад. Ин ҳолати маъмулӣ шудааст, ки давоми чанд тобистон хокбориш ҳудуди кишвари моро ишғол карда, ба соҳаи кишоварзӣ ва саломатии аҳолӣ зарар мерасонад. 
Шиддат ёфтани хокборишро агар ба камшавии ҷангалзорҳо рабт диҳем, хато намекунем, зеро маҳз бо кам гардидани зичии ҷангал ва хатти муҳофизатии он пеши роҳи чангу ғубор ва селфароиро гирифтан ғайриимкон мегардад. Аз ҷониби дигар, бо сабаби хушкшавии баҳри Арал дар ҷумҳурӣ ва минтақа хокбориш ба амал омада истодааст. Тӯфонҳои қум ва чанг дар минтақаҳои хушк ва нимхушк хатарҳои маъмули метеорологӣ буда, одатан дар натиҷаи суръати баланди шамол ба вуҷуд меоянд. Шамолҳои сахт микдори зиёди рег ва чангро аз майдони хушк ба атмосфера бардошта, ба масофаи садҳо ва ҳазорҳо километр паҳн мекунанд. Дар ин ҷараён маҳз ҷангалзорҳо метавонанд хокборишро то андозае пешгирӣ намоянд. Вале…
 
РӮ БА ҶАҲОН
Ҷангал қисми асосии гуногунии биологии рӯйи Замин буда, дар  он 60 ҳазор намуди рустаниҳо ва дарахтон, 80 фоизи тамоми намуди рустанӣ ва ҳайвоноти зериобӣ, 75 фоизи парандагон ва 68 фоизи ширхӯрон мавҷуд мебошанд. Бештар аз нисфи ҷангалҳои ҷаҳон дар панҷ кишвар: Федератсияи Россия, Бразилия, Канада, ИМА ва Чин ҷойгиранд.
Тибқи маълумоти охирини Хазинаи ҷаҳонии табиати вуҳуш, дар Россия 247 миллион гектар ҷангалзоре, ки  ба он одамон даст назадаанд боқӣ мондааст. Аммо ин ҷангалзор дар як сол бештар аз 1,6 миллион гектар нест шуда истодааст ва ин ҳолат босуръат меафзояд.  
Камшавии ҷангал дар Қафқоз низ ба мушоҳида мерасад. 
Ҷангалзорҳо дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, барои мубориза бо эрозия ва биёбоншавӣ дар иқлими шадиди минтақа хеле муҳиманд. Қариб 90 фоизи ҷангалҳо ва дигар минтақаҳои ҷангалзор вазифаҳои муҳофизатиро иҷро мекунанд. Масалан, киштзори саксаул барои ҳифзи аҳолии атрофии баҳри Арал мебошад, ки дар он ҷо камшавии об биёбони шӯрро ба вуҷуд овардааст ва шамол чанги заҳролудро ба он ҷо мебарад. Дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо Олга Алгаерова бар ин назар аст, ки барои ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба рушди устувор аз имконоти ҷангалҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба таври фаъолтар истифода кардан лозим аст, ки хеле мусоид мебошад.  
Ҳамкасби номбурда Владимир Рахманин, муовини директории генералии ФАО ва намояндаи минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ низ ин ақидаро ҷонибдорӣ намуд: 
«Ҷангалҳои тамоми ҷаҳон ба ғамхорӣ эҳтиёҷ доранд, бахусус ҷангалҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ки дар он ҷо навъҳои зиёди дарахтони нодир мерӯянд, онҳо бояд ҳамаҷониба ҳифз карда шаванд».
 
АГАР ЭКОСИСТЕМАИ ТАБИӢ ҲИФЗ НАГАРДАД ...
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, воқеан, ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи манбаъҳои табиии ҷаҳон ва минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Зеро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар кишвари мо, манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзорҳо сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзорҳо вобастагӣ дорад. 
Кишвари мо чун минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст ва аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансубанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал вогузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. 
Сарфи назар аз бунёду барқарорсозии ҷангал, солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдонҳои ҷангалзор торафт кам шуда истодаанд. Сабаби асосӣ, пеш аз ҳама, таъсири шаҳрнишинии аҳолӣ, рушди кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба ҳезум мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро низ ба ташвиш овардааст.
Дар кишвари мо бар замми таъсири ин омилҳо, инчунин, чанд омилҳои дигар, аз ҷумла ҳолати ғайриқонунӣ аз худ кардани заминҳои фонди ҷангал, нокифоя будани базаи моддӣ-техникии хоҷагиҳои ҷангал, дар сатҳи паст қарор доштани инфраструктураи хоҷагиҳо, норасоии мутахассисони баландихтисоси соҳа ва амсоли инҳо мебошанд. Ҳанӯз ҳам аҳолии деҳот баъзан бераҳмона дарахтонро барои ҳезум мебуранд, ҳарчанд дар маҳалҳо манбаи алтернативии энергия мавҷуд аст. Ҳоло захираҳои ҷангал, хусусан маҳсулоти табиии он, зиёд истифода мегардад, вале барқарорсозии ҷангал ба таври зарурӣ анҷом дода намешавад. Агар мо захираҳои табииро аз даст диҳем, мисли пештарааш барқарор кардани экосистема ғайриимкон хоҳад буд. Хокбориш низ аз сабаби кам шудани дарахту буттаҳои муҳофизатӣ сол ба сол зиёд мегардад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив