ТОҶИКИСТОН. АЗ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ ТО ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНӢ
Хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва расидан ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ аз шоҳкориҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давлатдории моро дигарбора эҳё ва миллати тоҷикро ба мақоми арҷманди худ баргардонд. Ин чеҳраи дурахшони сиёсӣ ва роҳбари ормонӣ дар фурсати кӯтоҳи таърих паёмҳои миллии моро дар ақсои олам мунташир намуда, Тоҷикистонро ба унвони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ муаррифӣ карданд.
Аз файзи хирад ва сиёсати оқилонаи Президенти маҳбуби кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ба унвони як мамлакати ташаббускор ва пешқадам дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон шинохтаву эътироф мешавад. Ворид шудан ба қаламрави рушду тараққиёт ва касби нуфузи байналмилалии давлати соҳибистиқлоли мо дар ҳолест, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар оғози истиқлоли давлатӣ ба муқовиматҳои шадид ва ошкору ниҳони тоҷикситезон рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷаи даргириҳои дохилӣ хисороти калони моливу ҷониро таҷриба кард. Гурӯҳҳои муайяни манфиатхоҳ зери коргардонии кишварҳои алоҳида ва бадхоҳони миллат дар мамлакати тоза ба истиқлол расида, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро доман заданд.
Дар он давраи худсӯзӣ шаҳрвандони хориҷӣ ба далели ҷангу ноамнӣ аз сафар ба кишвари мо худдорӣ меварзиданд ва дар зеҳни тамоми мардуми сайёра Тоҷикистон мамлакати ноамну хатарзо ҷилвагар гардида буд. Вале, ҷасорати фавқулода ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат буд, ки насими сулҳу ваҳдат ба сарзамини мо вазид ва чунин пиндор ба зудӣ аз мағзҳо берун шуд. Ҳоло шаҳрвандону сайёҳони хориҷӣ ба дидани Тоҷикистони хушманзар ба унвони як кишвари амну осуда майлу рағбати зиёд нишон медиҳанд, ки сол ба сол афзудани ташрифи ҷаҳонгардон ба мамлакат далели ин амр аст. Гузашта аз ин, кишвари мо ҳамчун пешкори ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ то кунун чандин нишасту конфронсҳои байналмилалиро созмон додаву мизбонӣ намудааст. Иқдоми ахир дар ин самт, дар чаҳорчӯбаи Раванди оби Душанбе мизбонии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (рӯзҳои 10-13-уми июн) аст.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз охири асри ХХ ва оғози асри ХХI пешниҳодҳои асоснокшударо ҷиҳати ҳалли мушкилоти об ба ҷомеаи ҷаҳон манзур намуда, имрӯз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба маркази муколама ва дипломатияи об табдил ёфтааст. Бо назардошти мунтазаму самарабахш созмон додани чорабиниҳои вобаста ба об дар шаҳри Душанбе он ҳамчун “Раванди оби Душанбе” шинохта шуда, дар доираи ҳамшарикӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ба нафъи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ хидмат мекунад.
Албатта, касби ҷойгоҳи баланд ва дастовардҳои беназири таърихӣ бе иттиҳоду ягонагӣ, дастгирии сиёсати созандаи Сарвари давлат имкон надошт. Ба хубӣ медонем, ки маҳз аз файзи сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ миллат сарҷамъ гардид, давлат рушд намуд, Тоҷикистонро ҷаҳон шинохту эҳтиром кард. Волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаю ҳифз гардиданд, Конститутсия, ки мо имсол 30-юмин солгарди онро таҷлил мекунем ва санадҳои қонунгузории зиёд қабул шуданд. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсату ҳуқуқ, илму фарҳанг рушд ёфтанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардида, ҳадафҳои бузургу созанда амалӣ шуданд.
Акнун, дар ҳоле 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои осудаи Ватан ҷашн мегирем, ки ҷаҳон дар гирдоби нооромиҳои бештар печида, фазои амну субот дар бисёр кишварҳо осебпазир гардидааст. Табиист, ки дар чунин вазъ, сулҳу амнияти миллӣ арзиши бештар касб намуда, зарурати таҳкиму пойдории ин неъмат беш аз ҳар вақти дигар тақозо мешавад. Аз ин лиҳоз, бояд бар мабнои таъкид ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат амал намуда, дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва худ кафили пойдори сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ бошем.
Зебонисо ФАЙЗУЛЛО,
муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)