ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕҲИН ГАНҶЕСТ ШИРИН...

БЕҲИН ГАНҶЕСТ ШИРИН...

20 июн 2024, Панҷшанбе
26
0
 
Зан зан асту дар мақоми худ 
баланд  аз осмон, 
Дастгири мо ба ҳар рӯзи Худо ҳар 
дам Зан аст...
Ҷумла фарзандони Одам хӯрда 
шири поки Зан, 
Аввали мо ҳам Зан асту охири мо 
ҳам Зан аст.
Ин мисраъҳои равону самимӣ ва эътирофи мардона аз эҷоди шодравон Ширин Бунёд, Шоири халқии Тоҷикистон ва хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Ӯ аз шеъраш самимитар ба назар мерасид. Дар лабонаш ҳамеша ханда буд ва чеҳраву дили кушодаву пок дошт. Матлабҳои рӯзноманигорияш низ равону самимиву дилнишин ба шумор мерафтанд. Барои мо мушкил буд ва ҳам аз рӯи одобу инсоф набуд, ки бигӯем дар ин ё он бора бинависаду кадом мушкилотҳои мавҷударо баррасӣ намояд. Ширин Бунёд дар ин кори худ ба пояи устодӣ расида буд. Баръакс, мо аз матлабҳои фиристодааш забони шевову равон ва ҳалли масъалаҳои мураккабро меомӯхтем. Дар идораи рӯзнома ҳама ин хабарнигори фаъол, шоири баркамол, инсони бомаърифату латифбаёнро дӯст медошт. Дар симои ӯ мо Бадахшон ва мардуми равшанзамирашро медидем. Мегуфт: “Биёед, ба Бадахшон биёед, ман шуморо ба муъҷизаҳои он, расму оини қадимияш, хонаҳои пур аз савту сурудаш ошно месозам. Бадахшонро аз чашми ман менигаред ва он шуморо мафтун месозад”. Афсус, ки дер ба Бадахшон, дер рафтем ва онро аз чашми Ширин Бунёд, Ширин Бунёди ошиқу содиқ ба ин сарзамин, ба Тоҷикистон, ба тамоми мардуми ҷаҳон дида натавонистем. Ҷони ширинашро бахшидаву рафта буд. Тасаввур аммо мекардем, ки агар мебуд, чи қадар бо самимияту шодмонии хос моро мепазируфт ва низ суханони пур аз лутфу муҳаббат мегуфт.
Як рӯз, ки ба идораи рӯзнома омада буд, зимни суҳбат ба ӯ гуфтам:
Ба ширинии худ ҷон ноз мекард,
Туро ширинтар аз он офариданд.
Хуш пазируфту шод гашт ва гуфт: “Ба ту супориши бародарона медиҳам. Онро ҳатман иҷро мекунӣ. Беҳтарин байтҳоро медонӣ,  бисёр медонӣ, ҷамъ биёвару дар шакли китоб дастраси мардум бикун. Медонам, ки кори мушкил аст, аммо бигӯ, ки кадом кор дар ҷаҳон осон мебошад. Муҳим ин аст, ки нафъаш ба мардум мерасад. Баъзан вақт як байти хуб ё олӣ касро таҳрик медиҳад, ки шахсияташро бисозад ва ба нафъи инсоният, Ватан зиндагиашро бибахшад”. Иҷрои ин супоришро аз имсол ба соли дигар мегузоштам. Чун хабари маргашро шунидам, бисёр афсус хӯрдам, ки чаро онро дар зиндагиаш иҷро накардам. Байтҳои интихобшударо пас аз даргузашташ ҷамъ оварда, дар китоби “Ҷаҳоне ганҷ” ҷой додам.
Ошноии ман бо ӯ дар даврони донишҷӯӣ, аз маҳфили “Адибони ҷавон” оғоз шуд. Дар бораи эҷоди шеър, мақоми он суҳбат кард, ба адибони ҷавон маслиҳатҳо дод ва худ шеър хонду суҳбатро, базмро гарм дошт. Ин аввали солҳои 80-уми асри рафта буд. Аз ҳамон рӯз дидори ӯ дар чашму гуфтораш дар гӯш монд.
Соли 1990 Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар вилояти Кӯлоб баргузор гардид. Чанд нафари шинос маро пайдо карданду гуфтанд, ки Ширин Бунёд мехоҳад туро бубинад. Тааҷҷуб кардам, ки маро ӯ аз куҷо медонад. Чун маро наздаш бурданд, гуфтанд, ки муаллифи байт ҳамин аст. Ширин Бунёд аз сар то пои ман нигаристу гуфт:  “Биё туро бародарвор дар оғӯш бикашам. Медонӣ барои чӣ? Не, намедонӣ. Барои ин як байтат, ки то ба Бадахшон рафтаву расидааст.
Илоҳо, хонаи душман насӯзад,
Ки ман ҳам дар бари ӯ хона дорам.
Ман ин як байтро ба донишҷӯёни Донишгоҳи Хоруғ 30 дақиқа, ним соат шарҳу тавзеҳ додам. Ман аз имрӯз бо ту бародарам, барои як умр”. Албатта, он замон нахуст суханони ӯро чун як лутфи ҳамешагӣ ва зебояш пазируфтам, аммо баъдҳо дарёфтам, ки дар суханаш содиқу устувор будааст.
Охири фасли тирамоҳи соли 1991 бо ӯ дар шаҳри Душанбе вохӯрдам. Чун фаҳмид, ки дар як хонаи иҷора зиндагӣ дорам, гуфт: “Ман имшаб бо ту мемонам, дар меҳмонхона хоб намеравам”. Тааҷҷубам дақиқа  ба дақиқа меафзуд: охир чӣ гуна  тарки ҳуҷраи махсус, меҳмонхонаи “Авесто”, беҳтарин меҳмонхона, меҳмонхонаи ҳизби ҳукмронро мемонаду меояд.
Бо узрхоҳӣ барояш гуфтам, ки шароити хонаи иҷораи  мо он қадар хуб нест. Гуфт:  “Ин муҳим нест, барои ман муҳим ту ҳастӣ”.
Омад ва шабро дар хонаи иҷораи мо рӯз кард.
Пас аз чанд сол,  дақиқтараш солҳои аввали асри нав хабарнигори мо таъин шуд.
Сари ҳар чанд моҳ ба идораи рӯзнома меомад ва маошҳояшро мегирифт. Дар бораи  матлабҳо, ороиши рӯзнома ва фаъолияти чашмраси хабарнигорон мегуфт. Ҳамеша сухани нек, дилнишину хушҳолкунанда мегуфт. Намехост, ки бо як эродаш дилеро  биранҷонад.
Аз тарҷумаи ҳолаш дарёфтам, ки беш аз даҳ сол дар рӯзномаи  вилоятии “Бадахшон” мудири шуъбаи адабиёт ва санъат будааст. Ҳафт сол, аз соли 1985 то соли 1992 вазифаи раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Бадахшонро иҷро кардааст. Яъне, ба кори матбуот ошноии комил дошт  ва  онро дар сатҳи баланди ҳирфаӣ иҷро менамуд.
Китобҳои зиёд таълиф кардаву ба табъ расондааст, ки “Бомдод”, “Зартеғ”, “Шоҳи тирандоз”, “Шерозаи ваҳдат”, “Нома дар барги ҳасрат” аз ин қабиланд.
Фикр мекунам, чандин садсола мебояд, то шояд модари тоҷик мисли Ширин Бунёд боз фарзанде бизояд. Ва боз ба радди ин фикрам мегӯям: “Не, ҳамчун Ширин, Ширин Бунёд дигар ҳеҷ гоҳ ба дунё намеояд. Ӯ дар зиндагияш нотакрор буд ва пас аз он ҳам нотакрор боқӣ мемонад”.
Устодони бузурги сухан ин ҳақиқатро дар замони зиндагияш дарк карда ва гуфта буданд: 
Лоиқи Шералӣ:
“Дар ҳақиқат, нияти Ширин пок ва шоирона аст”. 
Абдулҳамид Самад:  
“Бадахшон ҷаннати рӯйи замин аст,
Ки дорад ганҷу зеварҳо фаровон.
Миёни кӯҳсорони баландаш
Беҳин ганҷест Ширини сухандон”.
Додхудои Карамшоҳ:
“Маънавиёти Бадахшонро имрӯз бе шоир Ширин Бунёд ва эҷодкории Ширин Бунёдро бе Бадахшон тасаввуру дарк кардан амри маҳол аст. Тавъамию ҳамдамии тарафайн ҳамеша ва пайваста назаррас мебошад ва баёни мухтасари онро ҳоло имконнопазир мешуморам” 
Ин ду байт аз эҷоди ӯст, ки оварданаш дар ин шабу рӯз ба маврид мебошад:
Кулбаи мо пур кун аз атри сабо,
Ҷилваи боғи гулафшонӣ ҳанӯз...
Аз диёри хотироти диву дӯш
Қиссаи нав кун, ки навгонӣ ҳанӯз. 
Воқеан, ӯ агар имрӯз ҷисман зинда мебуд, бештар аз мо барои 100-солагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ҷумҳурият”, рӯзномаи миллат ифтихор мекарду шодӣ менамуд ва хотираҳои зебояш, ибратомӯзашро ба табъ мерасонд. Бо ин ҳама, мепиндорем, ки ҳамеша бо мо аст ва бо “Ҷумҳурият”.
 
Абдулқодири  РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив