ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУШДОР. АЗ ДОМИ ҚАЛЛОБОН ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЭҲТИЁТ БОШЕМ! 

ҲУШДОР. АЗ ДОМИ ҚАЛЛОБОН ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЭҲТИЁТ БОШЕМ! 

16 март 2023, Панҷшанбе
173
0

 Таҳлилҳои чандмоҳа дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram ва Facebook вобаста ба таблиғоти дар муддати кӯтоҳ пули зиёд кор кардан нишон дод, ки қаллобон барои “ихтироъ”-и роҳҳои нави мардумфиребӣ аз усулҳои зиёде кор мегиранд. Дар сурати ошкор шудани амалашон дафъаи баъдӣ онро мукаммалтар намуда, боз аз паси кор мешаванд, то нафарони зиёдро ба домашон афтонанд. Ҳамаи ин кӯшишҳояшон як ҳадаф дорад: бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағи муфт.

АЗ “ГАЗПРОМ” ТО “ALIF PROFIT”
Дар аввал гурӯҳи муташаккили қаллобон аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия “Газпром” ҶДММ “Газпром-Инвест” пайдо гардиданд, ки гӯё раёсати ширкати “Газпром” дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микросармоявиро оғоз кардаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронда шудааст. 
Аз ин амали қаллобон Вазорати корҳои дохилӣ огаҳ шуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки барои ба доми қаллобон наафтидан, аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
Ҳоло бошад, таблиғоте аз номи ширкати “Алиф профит” чарх зада истодааст, ки бонуе дар назди хонаи боҳашамат ва автомобили гаранбаҳо истода, мегӯяд: “Қаблан ман фикр мекардам, ки муаллими одие мисли ман доир ба сармоягузорӣ чизеро сарфаҳм намеравад. Вале дар муддати ҳамагӣ ду ҳафтаи фаъолият маблағи ҳангуфте ба даст овардам, ки баробари маоши яксолаам дар мактаб аст (дар рӯйи экрани телефонаш рақами 65 200 сомонӣ намоён мешавад)”.
Дар идома графикҳои молиявӣ ва бинои “Алиф бонк” нишон дода шуда, дар зераш навишта мешавад: “Дигар ба шумо лозим намеояд, ки саҳар барвақт хеста ба кори дӯстнамедоштагиатон равед! Платформаи давлатии онлайнии “Alif Profit” ҳама шароитро барои шумо фароҳам меоварад. Таваккалҳоятонро (риск) давлат ва “Алиф бонк” ба уҳдаи худ гирифта, ба ҳамаи иштирокчиён пардохти муътадилро кафолат медиҳад”. 
Боз бону рӯйи навор пайдо шуда, иброз медорад. “Мо ҳамаи қарзҳоямонро пардохт карда, дар фикри хариди хона барои оилаамон ҳастем. Ҳоло даромади мо 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ин оғози кор аст”. 
- Фурсати ҳамроҳ шуданро ба лоиҳаи мо дарёбед, зеро шумораи ҷойҳо маҳдуданд, - гуфта мешавад дар ролик.
Барои таҳқиқ худро ба қайд гирифтам, аммо боз дурӯғҳои навбати аз “Холиқ бонк”-и Қазоқистон рӯйи экран падид омад. Яъне боз фиреби дигар, дар аввал "Алиф бонк" буд ва баъди сабти ном “Холиқ бонк” шуд. 
Ба монанди ин вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти зиёд, аз ҷумла “ба ман кор кардани 21 ҳазор сомониро дар 5 соат омӯхтанд” чарх мезанад, ки муаллифонаш роҳҳои дар муддати кӯтоҳ пули зиёд кор карданро пешниҳод мекунанд.
  
НОМАШ “ҲАЛОЛ” - У КОРАШ...
Мутаассифона, қаллобон бо истифодаи дин низ, даст ба мардумфиребӣ мезананд. Рекламаи “Даромад аз телеграмм 9000 сомонӣ дар як рӯз” аз ҷумлаи маъмултарини онҳост, ки гӯё бо пешниҳоди сармоягузорӣ ба лоиҳа фоидаи “ҳалол” ба даст меорӣ. Ҳангоми зер намудан ба паём муколамаи Telegram пайдо мешавад. Дар он ҷо қаллобон ба шумо бар ивази сармояи хурд ваъдаҳои калон медиҳанд. Бо ҳар роҳ мехоҳанд шуморо ҷалб намоянд то маблағро гузаронед. Аз ҷумла, бо номҳои занона. Барои эътимодро ба даст овардан дар ҷойи акс расми бонуеро мемонанд, ки дар назди Каъба аст. Албатта, пас аз гузарондани пул чунон ғайб мезананд, ки дигар на пулро мебинеду на духтари зебои дар назди Каъба бударо. 
Пештар аз ин, қаллобон занг зада худро корманди бонк ва ё харидор (ба монанди сомонаи somon.tj) вонамуд карда, коди SMS-и аз бонк омада ва  рақаму рамзи корт мепурсиданд. Сипас, аз кортҳо маблағҳоро медуздиданд.

АЗ ФИРЕБГАРОН ЭҲТИЁТ БОШЕД!
Чанде қабл сомонаи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар заминаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сокини шаҳри Душанбе Беҳрӯзи Субҳиддин (22-сола) барои кирдорҳои мардумфиребӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир гардид. 
Номбурда  дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ (фейк) бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, эълонҳои дурӯғ, ки гӯё ба афроди ниёзманд ёрӣ мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиребаш мекашидааст. Барои расондани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон шомил кардан аз онҳо маблағҳои гуногун талаб намуда, пас аз гирифтани пул дигар ба зангҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомӯш мекардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия беш аз 20 ҳолати бо чунин шакл фиреб додан муайян шуда, ба шаҳрвандон аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.
Нисбат ба Беҳрӯзи Субҳиддин тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ), парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 
Бо овардани чанд мисол мо равшан кардем, ки таблиғоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойдошта, ҷуз фиребе беш нест. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки эҳтиёткор бошанду ба доми қаллобон наафтанд. 

Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив